Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштарӣ Муборакшоева ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят бурд


Келини Қозидавлат Қоимдодов, ки барои кӯшиши интиқоли 2,5 кило маводи мухаддир ба 12,5 соли зиндон маҳкум шуд, аз болои додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба додгоҳи Душанбе шикоят кард.

Хонаводаи Муштарӣ Муборакшоева, келини Қозидавлат Қоимдодов, ки дар кӯшиши интиқоли маводи мухаддир гунаҳгор дониста (тибқи моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноӣ, яъне «қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон») ба 12,6 соли зиндон маҳкум шудааст, аз болои додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба додгоҳи кассатсионии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21 январ содир шуд ва ҳанӯз ба ҳукми қонун надаромадааст. Зафар Маҳмудов, вакили дифоъи Муштарӣ Муборакшоева мегӯяд, ин хонум худро бегуноҳ медонад ва исрор меварзад, ки дар бораи роҳ ёфтани бори машкук ба дохили бағоҷаш хабар надорад.

- Муборакшоева Муштарӣ ваҷҳ меорад, ки «дар ҳақиқат аз шаҳри Минск бо ҳамин сумка омада будам, либосҳоям дар дохили ҳамин сумка буд. Баъд шавҳарам ба ман билет гирифт, аввал то Маскав ва аз он ҷо ба Минск. Ман намедонам, - мегӯяд, - ин сумка дар хонаи ҷои хобам буд». Вай аз ин мавод тамоман хабар надорад ва гуфта ҳам наметавонад, ки кӣ онро дар дохили бағоҷаш ҷо кардааст, - гуфт вакили дифоъ.

Ҳодисаи боздошти Муштарӣ Муборакшоева рӯзи 16 сентябри соли 2013 рух дод. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми аз тафтиши гумрук гузаштани хонум Муборакшоева ва ҳамсараш Қоимдод Қоимдодов, ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, 2,5 кг ҳероин ошкор шудааст. Ба гуфтаи манобеъ дар фурудгоҳи Душанбе, ҳамсарон вақте мавриди шакк қарор гирифтанд, ки мошини санҷиши дохили бағоҷ махфигоҳеро бо бори машкук дар дохили бағоҷ ошкор кард. Баъди боздошти ҳамсарон, шавҳар рӯзи 17 сентябр озод шуд ва тафтиши пешакӣ дар нисбати келини сафир Қоимдодов оғоз гардид. Тибқи иттилои дастрас, он рӯз ҳамсарон ният доштанд ба макони зисти имрӯзаашон – шаҳри Минск бираванд, чун Қоимдод Қоимдодов дар пойтахти Белорус дар додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди давлатҳои Муштарак-ул-Манофеъ кор мекунад. Писари сафир мақоми дипломатӣ надорад.

Муштарӣ Муборакшоева камтар аз 30 сол дошта, соҳиби як писари чорсола аст. Тибқи иттилои ҳамсояву наздикони хонавода, зиндагии оилавии ҳамсарон чандон ҳамвору мустаҳкам набуд ва тахминан моҳи майи соли 2013 Муштарӣ Муборакшоева аз Минск ба хонаи волидонаш дар Душанбе баргашт. Аммо баъди дубора барқарор шудани равобити оилавиаш, бо дили пур аз умед мехост дубора ҳаёти оилавиашро аз сар гирад. Як ҳамсояи наздики хонум Муштарӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз пеш аз боздошташ зани ҷавон ба ороишгоҳ рафт, “мӯяшро оро дода, абрӯвонашро чинд ва вақте дар кӯча дидамаш, гуфт, ният кардам назди шавҳарам баргардаму зиндагии осудаву хушбахте барпо кунам”. Ин ҳамсоязан мегӯяд, ки хонаводаи Муборакшоевҳо хеле “хоксору хушахлоқанд ва ҳеҷ нафаре, ки онҳоро мешиносад, бовар намекунад, ки Муштарӣ метавонад даст ба чунин кори нангине бизанад”. Ба иттилои ҳамсояҳо, модари Муштарӣ хонум Муслима омӯзгор ва сарвари мактаби миёна буда, падараш Алиакбар Муборакшоев собиқ корманди Оҷонсии зидди маводи мухаддир аст ва ҳамеша зиндагии хоксору шоистае доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ва ҳам худи сафир Қозидавлат Қоимдодов аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд. Танҳо дар як маврид моҳи октябр вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки тафтиши қазияи Муборакшоева ҷараён дорад ва танҳо баъди анҷоми он чизе гуфтан мумкин мешавад.

Ҳодисаи мазкур дар матбуоти маҳаллӣ бозтоби густардае дошт ва суолҳоеро дар заминаи масъулияти ходимони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон дар баробари қонун ҳам ба миён овард.
XS
SM
MD
LG