Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Имомуддин Сатторов бо Муҳиддин Кабирӣ дар Маскав


Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба вазъи минтақа ва равандҳое, ки дар он мегузаранд, ҳамчунин вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, сӯҳбат кардаанд.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҳоли ҳозир ҷиҳати ширкат дар форуми "Хамгароии АвруОсиё: дастовардхо ва мушкилот" дар пойтахти Русия қарор дорад, гуфтугӯ кардааст.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳолати муҳоҷирони тоҷик дар Русия, вазъияти минтақа ва равандҳое, ки дар он мегузаранд, аз масоиле буданд, ки оқоён Сатторов ва Кабирӣ бо ҳам баҳс карданд.

Ба гуфтаи манбаъ,“ҳарду дар он масъала хамфикру ҳамақида буданд, ки дар чунин вазъи нигаронкунандаи ҷаҳони имрӯз ва партави таҳдидҳои нави муосир, тамоми қишрҳои ҷомиаи кишвар, бахусус ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, масъулини давлатию ҷамъиятӣ ва фаъолони ҷомиаҳои шаҳрвандиро лозим аст, ки фаъолияти худро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ба роҳ монанд.”

Ба гуфтаи сафорати Русия дар Маскав, дар ин мулоқот Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба иштирокаш дар форуми "ҳамгароии АвруОсиё:дастовардҳо ва мушкилот" дар шаҳри Маскав ва мулоқоту гуфтушунидҳояш дар ҳошияи ин нишаст ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов нақл намуда, аз ҷумла оиди дидору сӯҳбаташ бо ҷамъе аз ҳамватанон маълумот додааст.

Имомуддин Сатторов дар ин мулоқот дар мавриди фаъолияти намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар амри дифоъ аз ҳуқуқ ва ҳамчунин ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар он кишвар, ҳикоят намудааст. Манбаъ мегӯяд, ки ҷонибаҳо ба ин натиҷа омаданд, ки дар амри ҳалли мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ва фароҳам овардани фазои солими ҳамкорӣ якҷоя талош намоянд.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия бо раиси ҲНИТ дар ҳолест, ки оқои Кабирӣ дар мулоқоти рӯзи якшанбеи худ бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав бархе аз кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва донишмандонро айбдор кард, ки дар таҳияи матолибу наворҳо алайҳи ҳизбаш даст доранд. Оқои Кабирӣ аз ҷумла гуфта буд, ки ин кормандон аз ҳисоби будҷаи мардум дастмузд ва маош мегиранду алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ ва рӯҳониёни кишвар матлабҳо менависанд.

Дар посух ба ин суханони Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи 1 декабр як гурӯҳ аз кормандони Маркази гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон нашри матлабҳои зидди ҲНИТ аз сӯи ин марказро тасдиқ карданд. Онҳо тайи як изҳорот, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, гуфтанд, ки ин иқдом ба хотири таҳкими арзишҳои дунявӣ ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст: "Мо набудани ҳизбҳои диниро дар ҷомеа имрӯз ва оянда низ пайгирӣ мекунем ва ҷомеаро аз ин хатар огоҳӣ медиҳем.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG