Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон дар Русия силсилаи мулоқотҳояш бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русияро шурӯъ кардааст. Дар Русия то 5000 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҳадафи ошноӣ бо вазъи таҳсилу зиндагии донишҷӯёни тоҷик, ки теъдодашон дар мактабҳои олии Русия ба ҳазорон нафар мерасад, силсилаи вохӯрӣ бо онҳоро шурӯъ кардааст. Имомуддин Сатторов, ки тобистони имсол ба ҷойи Абдулмаҷид Достиев, сафири кишвар дар Маскав шуд, аз ҳафтае пеш ин мулоқотҳоро аз шаҳри Санкт-Петербург оғоз кард, ки дар онҷо донишҷӯёни тоҷик зиёданд. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст, дар оянда мулоқотҳои шабеҳ бо намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия ҳам сурат бигирад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоӣ аз ин дидору мулоқотҳо, аз наздик шинос шудан бо зиндагии муҳоҷирону донишҷӯён, шунидани дарди дили онҳо ва дар ниҳоят мусоидат кардан ба беҳбуди шароити зиндагиву иқомати тоҷикон дар Русия аст: “Мо машварат кардем, ки сафири Тоҷикистон силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯён ва муҳассилини мактабҳои олиро дар Русияро ба роҳ мемонад, зеро маҳз дар фазои сӯҳбати озод бо раҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон имконияти бештар пайдо мешавад, ки сафорат аз мушкилоти ҳамватанон ва аз кору зиндагии онҳо бештар огаҳ бошад.”

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, сафири Тоҷикистон дар Русия то кунун бо донишҷӯёну, муҳассилини макотибу академияҳои низомии Русия се мулоқот анҷом додааст. Баъди мулоқот дар Санкт-Петербург, мулоқоти дигаре бо шунавандагони мактабҳои олии низомии Русия аз Тоҷикистон сурат гирифтааст ва ба ин мулоқот афсарони тоҷик аз артиш ва нерӯҳои марзбонӣ даъват шудаанд.

Имомуддин Сатторов баъди ин рӯзи 7-уми ноябр ба Донишгоҳи давлатии фарҳанги Русия рафтааст, ки дар бахшҳои гуногуни он даҳҳо ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, донишҷуёни тоҷик дар мулоқотҳо дар Маскав умдатан аз мушкилоти иқтисодӣ ва ҳам шароити иқомат шикоят мекунанд: “Хоҳу нохоҳ иқомат, зиндагӣ, таҳсил дар як кишвари бегона душвориҳои зиёд дорад. Донишҷӯён аз мушкилоти рафтуомад, аз мушкилоти зиндагӣ, гаронии нарх дар Маскав, ки аз қимматтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст, шикоят мекарданд. “

Яке дигар аз мушкилиҳои ҷиддӣ, ки сари он сӯҳбат шудааст, манъи вуруди теъдоде аз донишҷӯёни тоҷик ба қаламрави Русия аст, ки дар вақти таътил ба Тоҷикистон меоянд ва вақте мехоҳанд, баргарданд, ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русияро намедиҳанд. Борҳо шудааст, ки даҳҳо донишҷӯи тоҷик, ки се ва ё чаҳор сол дар Маскав ва ё ягон шаҳри дигари Русия таҳсил кардаанд, номи худро дар феҳрасти онҳое ёфтаанд, ки ба сабаби риоят накардани меъёрҳои иқомат дар Русия ва ё ягон қонуншикании ночизи маъмурӣ аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар барои чанд сол маҳрум шудаанд. Дар гузашта даҳҳо донишҷӯро, ки ба ин дарди сар гирифтор шудаанд, бо дархости сафорати Тоҷикистон ба таври истисноӣ иҷоза додаанд ба Русия баргашта таҳсилашонро идома диҳанд.

Муҳаммади Эгамзод ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафири Тоҷикистон ин мушкилро дар мулоқот бо мақомоти сатҳи олии Русия матраҳ кардааст: “Ин масъала дар мулоқотҳо бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатӣ, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия, бо Константин Ромадановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва дар тамосҳои пайваста бо мақомоти вазорати умури хориҷии Русия ин масъаларо матраҳ мекунад.”

Дар мулоқотҳои сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва ҳам намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ масъалаи додани шиносномаҳои хориҷӣ низ матраҳ шудааст, ки дигар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза надоранд, бе он ба Русия сафар кунанд. Муҳаммади Эгамзод гуфт, дар нақша ҳаст, ки барои додани шиносномаҳои биометрӣ, ки дар шарҳрои Маскав, Санкт Петербург ва Краснодар нуқтаҳои иловагӣ боз кунанд. Ҳоло дар шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Екатеринбург, ки консулгариҳои Тоҷикистон кор мекунанд, марказҳои қабули санадҳо барои додани шиносномаҳои биометрӣ боз шудааст.

Дар Русия бештар аз 5 ҳазор донишҷӯи тоҷик, ё бар асоси саҳмия ва ё бар тибқи шартномаҳои хусусӣ таҳсил мекунанд ва таври маълум теъдоди муҳоҷирон аз як миллион нафар ҳам мегузарад. Соли 2012 Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо дар Созмони Милал баъди арзёбии кори Тоҷикистон барои ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон гуфта буд, ки талошҳои ҳукумат барои расидагӣ ба мушкили зиёди муҳоҷирон дар Русия кофӣ нест ва аз ҷумла ба ҳукумат тавсия дод, ки теъдоди кормандони сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар Русияро зиёд карда, барои сафорат пули бештар ҷудо кунад, то дипломатҳо тавонанд, сари вақт ба муроҷиатҳои муҳоҷирон расидагӣ ва аз ҳуқуқи онҳо ҳимоят кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG