Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Консулгариҳо бо низоми маъмулӣ фаъолият доранд"


Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати умури хориҷӣ хабарҳо дар бораи манъи додани визаи Тоҷикистон дар бархе намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷро, рад кард.

Ин дар ҳолест, ки бархе хонандагони сомонаи радиои «Озодӣ» бо навиштани нома, хостори рӯшанӣ андохтан ба мушкили дарёфти виза дар консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷ, аз ҷумла дар Вашингтон, Исломобод, Қоҳира ва Кобул шудаанд.

Дар ин номаҳо зикр шудааст, ки бархе шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти виза барои рӯзҳои 15 то 20-уми апрел ба консулгариҳои Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, аммо дар посух гуфта шудааст, ки барои дарёфти виза дар аввали моҳи май муроҷиат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадшариф Ҳафизов, корманди Косулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ин хабарҳо воқеият надорад ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ҳар кишвари хориҷӣ додани визаро манъ накардаанд.

Муҳаммадшариф Ҳафизов афзуд, агар дар амри додани раводид дар кадоме аз консулгариҳо ва ё сафоратхонаҳои Тоҷикистон мушкиле пеш ояд, ҳатман Консулгарии Вазорати корҳои хориҷии кишварро дар ҷараён хоҳанд гузошт, аммо то кунун ба ин мазмун, ҳеҷ аризае аз ягон консулгарӣ ворид нашудааст.

Консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷиистон мегӯяд, ки намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба низоми маъмулии худ фаъолият доранд.
XS
SM
MD
LG