Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бозгашти дубораи "Boeing-737-300" амалкарди зарурӣ буд"


Раёсати ширкати «ТоҷикЭйр» қазияи ҳавопаймои "Boeing-737-300"-ро, ки аз нимароҳ баргашта, дар фурудгоҳи Душанбе поин омад, амалкарди «зарурӣ», аммо барои ҳаёти мусофирон «бехатар» унвон кард.

Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати «Тоҷикайр» гуфт, ки сабаби аслии бозгашти ҳавопаймо ба фурудгоҳи Душанбе фаъол нашудани системаи махсуси нигаҳдошти баландии парвоз буд. Вай афзуд: «Ин система, баъд аз он, ки тайёра баландиро мегирад, тақрибан дар эшелони парвози 120-140 аз кор мебарояд, аз ин хотир тайёра имконияти аз ин баландтар парвоз карданро надошт. Ин ҳавопаймо пеш аз парвоз аз санҷиш гузашта буд ва агар ин корношоямӣ дар замин ошкор мешуд, ҳеҷ гоҳ ба он иҷозати парвоз дода намешуд.»

Ҷаноби Ҳамроев хабари расонаҳоро, ки гӯё ин ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бепоя хонд ва қазияро як ҳолате номид, ки барои бисёре аз ҳавопаймоҳои миёнапарвоз хос буда метавонад. Вай илова кард, ки ҳодиса ҳеҷ гуна воҳимаеро ба миён наовардааст.

Аммо Бузург Амонов, як мусофири ин ҳавопаймо дар бораи ҳолати равонии сарнишинон чунин гуфт: «Қариб як соат аз парвоз гузашта буд, ки халабон омада гуфт, вазъият вайрон шудааст. Ҳама сахт тарсиданд, Худо мегуфтем ва тақдирамонро ба Худо ҳавола кардем. Бо сухан тасвир кардани ҳолати мусофирон мушкил аст, барои инро дарк кардан дар ҳамон таёра будан лозим аст.»

Баъд аз бозгашт бар фарози Душанбе, ҳавопаймо наздик ба 4 соат дар ҳаво чархид, ки сӯзишвории худро ба поён расонад. Ба гуфтаи Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати “Тоҷик Эйр”, фуруд омадани ҳавопаймо бо вазни зиёд, то як андоза хатарнок буд.

Чархиши тӯлонии ҳавопаймо дар фазои Душанбе сабаби нигаронии сокинони шаҳр гашт. Нигора, як сокини пойтахт, ки ин парвози ғайриодиро дидааст, мегӯяд, «албатта бо дидани чунин манзара дар дил як тарсу ҳарос пайдо шуд, ки чи гап шуда бошад. Дар як лаҳза ҳазор фикр аз сар мегузашт. Ҳама чашм ба ҳаво буд, ки кай ин ҳавопаймо ба замин мешинад ва ҳатто кӯдакон баланд -баланд давр задани онро ҳисоб мекарданд. Бе ин ҳам мусофирони «ТоҷикЭйр» чандон зиёд нестанд, аммо баъд аз чунин ҳолат фикр мекунам теъдоди онҳо боз ҳам камтар хоҳад шуд.»

Раиси ширкати «ТоҷикЭйр» Фирӯз Ҳамроев, гуфт, пас аз фуруд омадани ин ҳавопаймо, ҳамаи мусофирон ба истиснои як нафар, ки аз идомаи сафар худдорӣ кард, тариқи ҳамин навъи Boeing-и ширкати «Сомон эйр», ба Маскав парвоз карданд.

Ба гуфтаи раҳбарияти ширкати «ТоҷикЭйр», "Boeing-737-300 як сол пеш тариқи лизинг харидорӣ шудааст. Он 15 сол истифода шуда, аз ин пеш бо чунин мушкил рӯбарӯ нагаштааст. Ҳоло аз ҳисоби мутахассисони ширкати «ТоҷикЭйр» ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, комисияи вижае таъсис шудаааст, ки сабабҳои ҳодисаро меомӯзад. Гуфта мешавад баъд аз анҷоми ташхиси фаннӣ, "Boeing-737-300" аз нав ба парвоз хоҳад омад.

Ҳавопаймои "Boeing-737-300" шоми шанбе пас аз чархиши сесоата бар фарози Душанбе бо муваффақият фуруд омад. Пас аз чархиши сесоата бар фарози Душанбе бо мақсади ба поён расондани маводи сӯхт ҳавопаймои "Boeing-737-300"-и ширкати "Тоҷик Эйр" дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе нишаст.

Ҳеҷ яке аз 141 сарнишини он (135 мусофир ва 6 узви ҳайати ронандагӣ) осеб надидаанд. Ҳавопаймо дар соати 19:37 ба вақти маҳаллӣ дар масири 627 Душанбе-Москва (Домодедово) аз замин бархоста, баъд аз ошкор шудани мушкили фаннӣ ба Душанбе баргашт

Хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз маъмурияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе навишта буд, камбуди техникии ҳавопаймо, яъне пурра баста нашудани шассиҳои он, пас аз як соати парвоз ошкор шудааст. Аммо муовини мудири Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, Алишер Рустамов ба "РИА Новости" гуфтааст, мушкили ҳавопаймо ба низоми нигаҳдошти баландии парвоз рабт доштааст.
XS
SM
MD
LG