Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе-Тошканд. Парвозе, ки дар нимароҳ монд. ВИДЕО


Парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Тошканд рӯзи 23 феврал низ анҷом нашуд. Субҳи он рӯз масъулини ширкат ва фурудгоҳи Душанбе дар бораи омодагиҳо ба парвоз дар соати 13:00 рӯз хабар доданд, вале дар ниҳоят ин парвоз анҷом нашуд. Парвози рамзии ҳавопаймои Душанбе-Тошканд, ки баъди 25 соли қатъи иртиботи ҳавоии байни ду пойтахти ҳамсоя бояд аз сар гирифта мешуд, то рафт суолҳои бештаре эҷод мекунад.

Рӯзи 23 феврал нахуст дар бораи омодагиҳо ба анҷоми парвозе, ки бояд 20 феврал сурат мегирифт, нахуст маркази иттилоотии ширкати "Сомон Эйр" ва баъдан дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод. Дар изҳороти субҳи панҷшанбеи онҳо гуфта шуд, ки бар асоси дархости ширкати “Сомон Эйр”, парвози анҷомнашудаи аввал ба таври “чартерӣ” ва ё якдафъаина имрӯз барпо мешавад.

Дар ниҳоят ногаҳон нақшаи парвоз бекор карда шуд ва ҳеҷ як аз масъулин омода нашуданд сабаби қатъи дубораи парвозро шарҳ диҳанд.

Дар таблоҳои электронии фурудгоҳ ҳам ин парвоз навишта ва ба нақша дароварда шуд. Вале дар ниҳоят ногаҳон нақшаи парвоз бекор карда шуд ва ҳеҷ як аз масъулин омода нашуд сабаби қатъи дубораи парвозро шарҳ диҳанд. Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ширкатҳои "Сомон эйр"-и Тоҷикистон ва "Ҳаво йӯллари"-и Узбакистон аз шарҳи сабаби анҷом нашудани ин парвоз, худдорӣ мекунанд.

Коршиноси тоҷик Рашид Абдулло мегӯяд, баъди чоряк аср интизорӣ Тоҷикистон “ба эйфория роҳ дода ва онро як кори саҳл донист”. Вай мегӯяд, ҳарчанд мусаллам аст, ки шурӯи парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар роҳи беҳбуди равобит як қадами муҳим ва рамзӣ аст, ки гӯё роҳро барои тавсеаи ҳамкориҳои наздик боз мекунад.

Рашид Ғанӣ Абдулло.
Рашид Ғанӣ Абдулло.

Ба гуфтаи Рашид Абдулло,чунин ба назар мерасад, ки назар ба Узбакистон ба оғози парвозҳо бештар Тоҷикистон манфиатдор аст ва ба ин далел, масъулони ниҳодҳои дахлдори кишвар бояд тарзи муносибату рафтор бо ҳамкорони узбакро омӯзанду риоят кунанд. “Сиёсати Ислом Каримовро нисбати ҳамсояҳо дар дар муддати ду-се моҳ тағйир додан мушкил аст”, гуфт ӯ.

Вай афзуд: “Ин гуна раванд бояд ба таври табиӣ ҷараён гирад. Зеро дар муддати 25 сол равобит тақрибан дар ҳамаи бахшҳо тира шуда буд ва барои ба ҳолати пештара баргаштани онҳо фурсат лозим аст. Барои он, ки президенти нави Узбакистон сиёсати худро пиёда кунад, қабл аз ҳама команда ё ҳамфикрони худро дар атрофаш ҷамъ кунад. Он вақт ҳар суханаш билофосила амалӣ мешаванд.”

Ба гуфтаи Рашид Абдулло, ҷонибҳои Тоҷикистону Узбакистон бояд назару дидгоҳҳои худро нисбати ин мушкили азсаргирии парвозҳо расман матраҳ карда ва муштаракан роҳҳои ҳалли онро баррасӣ кунанд.

Бархе коршиносони рус мегӯянд, ки дар асл чизе ба равобити ин ду кишвар таҳдид ё монеъ намешавад, танҳо “набояд саросема шуд” ва чаҳорчӯби муқаррароти қонуниву расмиро дар ин ҳамкориҳо убур кард. Бархе коршиносони дигар ва ҳам корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар асл барои сокинони Тоҷикистон на шурӯи парвозҳо, балки сабук ва ё бекор кардани муқаррароти виза аз ҷониби Узбакистон муҳимтар аст.

Душанбе-Тошканд. Парвозе, ки дар нимароҳ монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Агар масъалаи парвоз фурсати шаҳрвандонро барои расидан ба Тошканд кам кунад, виза мушкилоти ҳафтаҳо интизорӣ барои иҷозати ворид шудан ба қаламрави Узбакистонро аз байн мебарад. Барои мардуме, ки дар қаламрави ҳамдигар хешутабор доранду Тошканд ба маҳалли кори бархе муассисаҳои расмиву дипломатии минтақавӣ табдил шудааст ва тоҷикистониён барои ҳалли масоили худ ногузир бояд нахуст ба ин ҷо сафар кунанд, аҳамияти сабук шудани низоми раводид бештар мешавад.

Феълан Узбакистон аз миёни ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ бо шаҳрҳои Бишкек, Алмаато ва Остона иртиботи ҳавоӣ дошта, бо Душанбею Ашқобод алоқаи ҳавоӣ надорад.

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст.

Парвози озмоиши фаннӣ аз Душанбе ба Тошканд. 10 феврал.
Парвози озмоиши фаннӣ аз Душанбе ба Тошканд. 10 феврал.

Ин парвоз қарор буд рӯзи 20 феврал анҷом мешуд, вале баъди манъи қабули ҳавопаймои Душанбе мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки парвоз ба далели саривақт таҳия нашудани асноди зарурӣ аз тарафи ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Дар дафтари матбуоти ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" рӯзи 21 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор буд асноди расмӣ дар бораи парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд чанд рӯз пеш аз парвоз ирсол гардад.

Коре, ки ба иддаи онҳо дар вақташ анҷом нашуд. Дар ниҳояти амр ҷониби Тоҷикистон масъулияти ин ҳолатро ба дӯши худ гирифт, мудири тиҷоратии ширкат Алишер Рустамов ва масъулини дигарро сабукдӯш ва аз пеш омадани чунин вазъ аз мусофирону ҳамкоронашон дар Узбакистон узрхоҳӣ кард.

XS
SM
MD
LG