Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нопадид шудани Осияи 5-сола (ВИДЕО)


Осия рӯзи гум шуданаш ҳамин пироҳанро дар бар карда буд.
Осия рӯзи гум шуданаш ҳамин пироҳанро дар бар карда буд.

Осияи 5-сола ҳангоми нопадид шуданаш дар яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе ҳамин пироҳанро доштааст.

​Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷустуҷӯи Осия Диловароваи 5-сола, ки рӯзи 8-уми август аз наздии хонаашон дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт ғайб зад, натиҷае надодааст. Айни замон дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе эълонҳо дар бораи ғайб задани Осияи 5-сола насб шудааст, вале то кунун касе ҳам ба модару хешовандони ин тифл хабаре аз ӯ надодааст.

Назира Диловарова, модари Осия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи нопадид шудани духтараш кор мекард ва Осияро холааш нигоҳубин мекард. Ба қавли холааш, ӯ мехост, Осияро ба ҷойи кораш барад ва ба ӯ гуфт, ки то ҳаммом кардани ӯ мунтазир бошад. Вақте аз хона берун шуд, дигар аз Осия дараке набуд ва ба ҷустуҷӯи ӯ пардохт. Холаи Осия, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, ки фурӯшандаи об дар наздикии хона ба ӯ гуфт, ки Осия як сомонӣ дар даст дошта ва аз ӯ об хостааст, аммо чун пулаш нарасидааст, ба ӯ надодаанд. Ва Осия ба тарафи фурӯшгоҳи Садбарг, яке аз маҳаллаҳои серодами шаҳри Душанбе меравад. Баъди ҷустуҷӯи бенатиҷа холааш ба модари Осия тамос мегирад ва ӯ соати 16 ба маъмурони милиса муроҷиат мекунанд. Назира Диловароваи 29-сола дар ороишгоҳе ба номи "Осия кор мекунад.

Ҳангоме, ки хабарнигори Радиои Озодӣ ба хонаи Назира Диловарова рафт, ӯро дар назди даромадгоҳи бино пайдо кард, ки маҷоли ҳарф задан надошт. Осия ягона фарзанди Назира будааст ва падари Осия ҳанӯз қабл аз таваллудаш бо Назира ҷудо шудаанд ва дигар то имрӯз боре ҳам ба суроғи духтараш наомадааст. Осия Диловарова рӯзи 8-уми август, аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ 32/1 нопадид шудааст ва аз ҳамон биное, ки бештар аз як соли пеш Малика Аралова ва Сабина Араловаи 5-сола ҳам ғайб заданд ва то кунун мақомоти интизомии Тоҷикистон нишонае аз онҳо пайдо накардаанд. Аҳли хонаводаи Осия дар ҳамон биное зиндагӣ мекунанд, ки Малика ва Сабина дар он зиндагӣ мекарданд. Хонаи Малика ва Сабина дар ошёнаи 1-ум буд ва хонаи Назира Диловарова дар табақаи 8-ум аст. Малика ва Сабина Аралова, ки ҳарду ҳам 5-сола буданд, 25-уми марти соли 2013 гум шуданд ва то ҳол аз онҳо дараке нест.

Сокинони ин маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо гузашти бештар аз як сол каме ба худ омада буданд, вале гум шудани Осия онҳоро дигарбора ваҳшатзада карда ва ба таҳлука андохтааст. Онҳо гуфтанд, Сабина духтари ҷаққону зирак буд ва ҳаргиз бо одамони бегона сӯҳбат ҳам намекард. Ҳамсояҳо мегӯянд, мумкин аст, Осия раҳгум зада бошад ва ба хотири пулу мол рабудани ин тифл ҳам аз эҳтимол дур аст, зеро хонаводаи Назира Диловарова, хонаводаи сарватманд нестанд. Худи пайвандони Осия мегӯянд, баъд аз гум шудани Маликаву Сабина ба ӯ ёд доданд, ки рақами хонаашон чанд аст ва дар куҷо зиндагӣ мекунад ва ӯ духтари зираке буд ва ҳамаи нишонаҳоро медонист.

Вазорати умури дохилӣ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунад ва хабаргузории расмии «Ховар» бо нашри хабари кӯтоҳе аз қавли вазорат навиштааст, ки ҷустуҷӯи ҳаматарафаи Осияи 5-сола идома дорад, вале то ҳол нишонае аз ӯ пайдо накардаанд. Аммо як муфаттиш, ки дар назди хонаи тифли гумшуда машғули кор буд, гуфтааст, ки "ҳоло нисфи ҷумҳурӣ дар андешаи пайдо кардани Осияи 5-сола аст." Бедарак шудани се тифл аз як маҳалла дар тӯли бештар аз як сол, бешак вазорати умури дохилиро таҳти фишор қарор хоҳад, ки ба суолҳо дар бораи бедарак шудани кӯдакон дар ин кӯчаи марказии шаҳри Душанбе посух бигӯяд.

Нигина Аралова, модари Сабина, ки баъд аз гум шудани фарзандашон, аз ин маҳал ба дигар ҷой кӯчидаанд, рӯзи 10-уми август дар бораи таҳқиқи парвандаи нопадид шудани Малика ва Сабина гуфт, ки мақомоти интизомӣ чанде пеш ба онҳо гуфтаанд, ки фарзандонашон бояд дар Тоҷикистон бошанд, вале иттиллои аз ин бештар надоранд.
Аз онҳое, ки Осияро дидаанд, хоҳиш кардаанд, ки ба ин 919 292 473, 904 400 077 тамос бигиранд.

XS
SM
MD
LG