Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири нерӯҳои мухолифини Сурия дар Порис таъйин шуд


Раисиҷумҳури Фаронса ва раҳбари Эътилофи миллии Сурия гуфтанд, ки ин Эътилоф дар Порис сафири худро хоҳад дошт.

Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса, пас аз дидори якунимсоата бо раиси Эътилофи миллии Сурия Моаз Ал-Хатиб ба хабарнигорон гуфт, "Эътилоф сафире дар Порис таъйин хоҳад кард."

Ба дунболи ин, раҳбари Эътилофи миллии нерӯҳои мухолифин ва инқилоби Сурия эълом кард, ки Манзар Мохус ин Эътилофро дар Фаронса намояндагӣ мекунад. Мохус яке аз аъзои ҳайати Сурия буд, ки раисиҷумҳури Фаронса бо онҳо дидору мулоқот анҷом дод. Ба гуфтаи раҳбари Эътилофи миллии Сурия, "Мохус яке аз тавонмандтарин шахсиятҳои Сурия маҳсуб мешавад."

Эътилофи миллии нерӯҳои мухолифин ва инқилоби Сурия ҳафтаи гузашта бо ҳузури аксари гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад дар Доҳаи Қатар аз ташкили худ дарк дод. Франсуа Олланд ба нақл аз Ал-Хатиб, раҳбари Эътилофи миллии Сурия, гуфт, давлати ояндаи Сурия ҳама бахшҳои ҷомеаи ин кишвар, махсусан масеҳиёну алавиҳоро дар бар хоҳад гирифт.

Ӯ ҳамчунин хотирнишон кард, ки дафтари кории Мохус дар маҳалли дигар, яъне ғайр аз сафоратхонаи кунунии Сурия, ҷойгир хоҳад шуд. Сафоратхонаи Сурия дар Порис ҳамчунон ба кори худ идома медиҳад, аммо сафири он дигар мавриди пазириши давлати Фаронса нест.

Дар ҳамин ҳол, хушунатҳо дар Сурия идома дорад. Мухолифони ин кишвар муваффақ шуданд, як фурудгоҳи низомӣ дар шарқи ин кишварро таҳти контрол ё назорати худ дароваранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG