Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри акси як писарбачаи суриягӣ, ки аз бамборонҳо дар шаҳри Ҳалаб наҷот ёфтааст, мавҷе аз хашму эътирозҳоро ба вуҷуд оварда ва ба намоди зиддиҷангӣ табдил шудааст.

Ҳудуди як сол пас аз интишори густурдаи акси Айлон, кӯдаки суриягӣ, ки мавҷи баҳр ҷасади ӯро ба соҳилҳои Туркия оварда буд, ин бор тасвири кӯдаки дигаре аз Сурия ба намод ва рамзи зиддиҷангӣ мубаддал шудааст.

Имрон, писарбачаи 4 ё 5-сола бо сару рӯи хунолулд ва ғарқ дар ғубор. Ҷои ҳодиса шаҳри Ҳалаб аст. Шаҳре, ки панҷ соли ҷанги дохилӣ дар Сурия онро ба вайрона табдил кардааст ва гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф бо ҳам даргир ҳастанд ва рӯзона чандин нафар ҳам кушта мешавад.

Тибқи гузоришҳо, ин акси Имронро мухолифони Башор Асад пас аз ҳуҷуми ҳавоии нерӯҳои тарафдори ҳукумати Сурия ба минтақаҳои таҳти назорати мухолифон, таҳия кардаанд. Нерӯҳои кӯмакрасон ва наҷотдиҳанда писарбачаро аз биноҳои нимавайрона берун мекашанд ва ӯро ба амбуланс ё мошини "Ёрии таъҷилӣ" интиқол медиҳанд. Саропои писарбача пур аз гарду ғубор аст ва ниме аз рӯяш ғарқи хун.

Писарбача, ки панҷсола аст ва Имрон ном дорад, хомӯш ва ҳайратзада менишинад ва ин лаҳзаи идеали аст барои тасвирбардор ва филмбардорон то акси ӯро таърихӣ кунанд. Хабаргузориҳо менависанд, ки он бинои нимавайрона бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ, чанд соат пас аз наҷоти Имрон, ба таври комил вайрон мешавад.

ВИДЕОИ ҲОДИСАРО МЕТАВОНЕД ИНҶО ТАМОШО КУНЕД

"Ассоишиэйтед пресс" дар гузориши худ аз қавли як табиб бо номи Усома Абу Ал-Изз дар шаҳри Ҳалаб менависад, ки ин кӯдак Имрон Дақниш ном дорад, панҷсола аст ва шоми чаҳоршанбе дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ ба маҳаллаи Ал-Қотирҷии Ҳалаб аз сараш маҷрӯҳ шуд. Ин табиб мегӯяд, ки Имрон ба бемористони "M-10" интиқол дода ёфт ва пас аз чанд соат ҷавоб дода шуд.

"Ассошиэйтед пресс" менависад, ки хабарнигорон ва нерӯҳои кӯмакрасон ва наҷотдиҳанда билофосила пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба маҳаллаи Қотирҷӣ рафтанд ва қурбониёнро аз зери вайронаҳо берун кашиданд. Муаллифи ин акс Маҳмуд Арслон мегӯяд, ки ҳамроҳ бо гурӯҳи худ қурбониёнро аз айвони он бино ба ҷои дигаре мебурданд. Се ҷасадро даст ба даст мекунад то ин, ки як нафар кӯдаки захмиро ба ӯ месупоранд.

Як пизишки бемористони "M-10" гуфтааст, ки ҳашт нафар дар ин ҳамлаи ҳавоӣ кушта шуданд, ки панҷ нафари онҳо кӯдакон ҳастанд. Аммо Имрон дар ниҳоят ҳамроҳи падар, модар ва се то хоҳарҳо ва бародарҳояш, ки яксола, шашсола ва ёздаҳсола ҳастанд, наҷот пайдо кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG