Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: "Шумори кушташудагони Сурия аз 60 000 гузашт"


Бар асари низоъ дар Сурия тақрибан 60 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Ин нукта дар гузориши нави Идораи ҳуқуқи башари Созмони Милал таъкид шудааст.

Невӣ Пиллай, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, рӯзи чаҳоршанбе эълом карда, ки теъдоди кушташудагони даргириҳои Сурия аз марзи 60 ҳазор нафар гузаштааст. Ба гузориши хабаргузории Олмон, хонум Пиллай, гуфтааст, "бар асоси таҳқиқе, ки анҷоми он панҷ моҳ тӯл кашид, аз 25-уми марти соли 2011 то 30-юми ноябри соли 2012, 59 ҳазору 648 нафар дар Сурия кушта шудаанд." Ӯ илова кардааст, шумори талафот хеле бештар аз он чи буд, ки фикр мекардем ва "ин воқеан такондиҳанда аст."

Мухолифони ҳукумати Сурия пеш аз интишори ин гузориш, шумори кушташудагони даргириҳо дар Сурияро беш аз 40 ҳазор нафар унвон мекарданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи чаҳоршанбе (2-юми январ) бар асари зарбаи ҳавопаймои ҷангии ҳукуматӣ ба як бунгоҳи фурӯши бензин дар шаҳри Малиҳа, воқеъ дар ҷанубу шарқи Димишқ, аз 30 то 50 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG