Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ: "Ҷонибдорони иқдом алайҳи Сурия меафзояд"


Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе дар шаҳри Вилнюс бо вазирони умури хориҷӣ ва Кетрин Эштон масъули умури сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо масъалаи Сурияро баррасӣ кард.

Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе дар шаҳри Вилнюс бо вазирони умури хориҷӣ ва Кетрин Эштон масъули умури сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо масъалаи Сурияро баррасӣ кард.

Амрико ва Фаронса мегӯянд, ки ҳимояти байналмилалӣ аз иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Сурия бештар мешавад.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе дар шаҳри Порис гуфт, теъдоди кишварҳои омода барои амалиёти низомӣ дар Сурия “дурақамӣ” аст. То кунун фақат Фаронса ошкоро изҳор кардааст, ки омода аст ба амалиёти низомии Амрико ба зидди Сурия бипайвандад. Пештар аз ин дар рӯзи шанбе вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳукумати Сурияро масъули ҳамлаи рӯзи 21 август ба чанд маҳалла дар ҳошияи шаҳри Димишқ номида ва хостори “посухи возеҳу қатъӣ” ба Сурия шуданд. Аммо онҳо дар баёнияи худ аз мушаххасан аз амалиёти низомӣ тарафдорӣ накардаанд. Ба гуфтаи вазирон, то замоне ки нозирони Созмони Милал таҳқиқи худ дар заминаи истифода аз аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро такмил накунанд, набояд алайҳи он кишвар иқдоме сурат бигирад.

Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, гуфт, интизор дорад, ки ин гузориши нозирон ҳафтаҳои наздик нашр хоҳад шуд. Ҳукумати Амрико мегӯяд, истифода аз гази зарин дар наздикии Димишқ, ки бештар аз 1400 нафарро кушт, кори дасти нерӯҳои ҳукуматии Сурия будааст. Аммо режими Сурия ин иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки шӯришиён аз ин навъи аслиҳа ба кор бурдаанд, то кишварҳои ғарбиро ба мудохила дар муноқишаи Сурия водор намоянд. Муноқиша дар Сурия се сол боз аст, ки идома дорад.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико дар суханрониаш, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро ба Адолф Гитлер, диктатори Олмони фашистӣ ва Саддом Ҳусайн, диктатори Ироқ монанд кард, ки ҳарду ҳам аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода кардаанд:

"Тақрибан 100 сол аст, истифодаи аслиҳаи кимиёвиро дар ҷаҳон мамнӯъ кардаанд. Пеш аз Башор Асад, танҳо касоне, ки ин аслиҳаро дар замони ҷанг ба кор бурдаанд, Адолф Гитлер ва Саддом Ҳусайн буданд."


Ҷон Керрӣ ҳушдор дод, ки агар алайҳи ҳукумати Сурия иқдом накунанд, аслиҳаи кимиёвӣ метавонад ба дасти террористон биафтад ва онро алайҳи кишварҳои ғарбӣ истифода кунанд. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса, ки ҳамроҳ бо Ҷон Керрӣ сӯҳбат мекард, гуфт, тарафдорӣ аз иқдоми низомӣ алайҳи Сурия “васеътар ва бештар” мешавад. Ба қавли ӯ ҳафт кишвари гурӯҳи Ҷи-8 ба истиснои Русия, ҳамроҳ бо 12 кишвари дигари узви гурӯҳи Ҷи-20, иқтисодҳои бузурги ҷаҳонӣ хоҳони посухи қотеъ ба давлати Сурия ҳастанд.

Қарор аст, масъалаи иқдоми низомии Амрико алайҳи Сурия аз рӯзи душанбе дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида баррасӣ шавад. Раиси ҷумҳури ин кишвар Барак Обама аз вакилони амрикоӣ хостааст, ба амалиёти маҳдуди низомӣ алайҳи Сурия иҷоза бидиҳанд ва дархости мазкур ҳафтаи оянда баррасӣ мешавад. Аммо маълум нест, ки вакилони мардумии Амрико ба истифодаи нерӯ алайҳи Сурия иҷоза хоҳанд дод, ё на. Теъдоде аз вакилон шубҳа доранд, ки амалиёт натиҷаи дилхоҳ диҳад, зеро ба назари онҳо мумкин аст, Амрико ба як ҷанги тӯлонӣ кашида шавад ва ё амалиёт тундгароёни исломиро тавонотар кунад, ки ҳоло дар канори шӯришиён алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд.

Бино ба гузоришҳо, мақомоти амрикоӣ ба вакилони Конгресс баъзе аз наворҳои видеои ваҳшатангези қурбониёни аслиҳаи кимиёвӣ дар Сурияро намоиш додаанд, ки аксари он қурбониён кӯдак будаанд. Телевизиони Си Эн Эн баъзе аз ин видеоҳоро намоиш дод, вале гуфт, ки аслияти онҳоро таъйид карда наметавонад. Баъзе аз ин видеоҳоро тарафдорони шӯришиён дар Сурия дар Ю тюб гузошта буданд. Қарор аст, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико барои ҷалби ҳимоят ба амалиёти низомӣ алайҳи Сурия рӯзи сешанбе чанд мусоҳиба диҳад ва суханронии телевизионие ҳам дошта бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG