Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Сурия артишро дар истифодаи силоҳи кимиёӣ айбдор карданд


Фаъолон ҷасадҳои қурбониҳои эҳтимолии ҳамлаи кимиёиро таҳқиқ мекунанд. 21 августи соли 2013, канори Димишқ
Фаъолон ҷасадҳои қурбониҳои эҳтимолии ҳамлаи кимиёиро таҳқиқ мекунанд. 21 августи соли 2013, канори Димишқ

Ҳукумати Сурия иддаои мухолифонро рад мекунад, ки нирӯҳои ин режим дар ҳамла болои шӯришиён аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд.

Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, ки дар гузоришҳо оид ба ин ки гӯё субҳи рӯзи чоршанбе нирӯҳои артиш аз мушакҳои кимиёӣ истифода кардаанд, ҳақиқате вуҷуд надорад.

Созмони Нозирони ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки дар Лондон воқеъ аст, мегӯяд, дар пайи мушакборони ахир даҳҳо сокини мулкӣ кушта шуданд. Ин созмон аз нозирони СММ, ки барои тафтиши ин иттиҳомот вориди Димишқ шудаанд, хостааст, ки хабарҳои охирро бисанҷанд. Ба иттилои Шӯрои маҳаллии ҳамоҳангсоз, дар натиҷаи мушакборони кимиёӣ садҳо нафар кушта шуданд.

Айни замон, раҳбари Шӯрои миллии мухолифони Сурия Аҳмад Ал-Ҷабра дар сӯҳбат бо телевизиони Ал-Арабия гуфт, ки дар ҳамлаи эҳтимолии газӣ дар маҳаллаи Ғутаи канори Димишқ дасти кам 100 нафар кушта шуданд ва аз Шӯрои амнияти СММ хостааст, ки билофосила нишасти ин ниҳодро доир кунад.

Шӯрои миллии Сурия ҳамчунин дар шабакаи иҷтимоии Твиттер навишт, ки шумори умумии қурбониҳои ин ҳамла беш аз 650 нафарро ташкил медиҳад.
Раҳбари Лигаи кишварҳои араб Набил Ал-арабӣ аз нозирони силоҳи кимиёии СММ дар Сурия хост, ки «билофосила ба шарқи Ғута сафар карда вазъи воқеиро бо чашми худ бубинанд ва паёмадҳои ин ҷиноятро таҳқиқ кунанд».

Вазири умури хориҷаи Бритониё Уилям Ҳаг бо пахши изҳороте гуфт, ки аз хабарҳо оид ба «кушта шудани садҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва аз силоҳи ҳастаӣ дар муқовиматҳои зидди шӯришиён дар канори Димишқ нигарон шудааст». Оқои Ҳаг гуфт, иддаои инро, ки ҳукумати Сурия аз силоҳи кимиёӣ истифода кардааст, дар нишасти Шӯрои амнияти СММ матраҳ хоҳад кард.

Телевизиони давлатии Сурия гуфт, ки иттиҳомоти мухолифон ба маънои тамдиди мӯҳлати ҳузури нозирони СММ дар ин кишвар аст, ки мебоист ду ҳафта дар ин кишвар мемонданд. Хабаргузории давлатии Сурия - SANA - матбуоти хориҷиро барои пӯшиши хабари эҳтимолии ҳамлаи кимиёӣ интиқод карда гуфтааст, ки ин матбуот аз хушунату терроризм дар Сурия пуштибонӣ мекунад.

Мақомоти Сурия ва шӯришиён дар давоми 30 моҳи хушунатҳо ҳамдигарро пайваста барои истифодаи силоҳи кимиёӣ муттаҳам мекунанд.

Ҳамлаи кимиёвии нерӯҳои Асад ба манотиқи атрофи Димишқ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00
XS
SM
MD
LG