Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия маҳалли "ҳамлаи кимиёӣ"-ро бомбаборон мекунад


Зане дар назди ҷасадҳое, ки мухолифони Сурия мегӯянд, аз ҳамали кимиёӣ ба ҳалокат расидаанд. (Акси паҳнкардаи мухолифон, ки исботи бетарафонаи ҳақиқати он номумкин аст.)
Зане дар назди ҷасадҳое, ки мухолифони Сурия мегӯянд, аз ҳамали кимиёӣ ба ҳалокат расидаанд. (Акси паҳнкардаи мухолифон, ки исботи бетарафонаи ҳақиқати он номумкин аст.)

Нерӯҳои Сурия минтақаеро дар канораи Димишқ бомбаборон мекунад, ки мухолифон мегӯянд, рӯзи чаҳоршанбе ҳадафи ҳамлаи кимиёӣ қарор ёфтааст.

Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, ки дар Лондон марказ дорад, хабар дод, ки зарбаҳои мушакӣ ба ин минтақа дар шарқи пойтахти Сурия рӯзи панҷшанбе дубора шурӯъ шудааст.

Мухолифиони сурёнӣ мегӯянд, аз ҳамлаи кимиёии нерӯҳои давлат дар ин ҷо зиёда аз 1300 нафар ба ҳалокат расидаанд. Хабари корбурди силоҳи кимиёӣ вокунишҳои шадиди дипломатиро ба миён овард.

Дар ҷаласаи паси дарҳои бастаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо вуҷуди тақсим шудани раъйҳо талаб шуд, ки воқеа “бетарафона ва дақиқ” пажӯҳиш шавад.

Сафири Аргентин дар Созмони Милал ва раҳбари феълии Шӯрои Амният, Мария Кристина Персевал, пас аз ин ҷаласа ба журналистон чунин гуфт: “Метавонам бигӯям, аъзои шӯро аз ин хабарҳо нигарониии сахт доранд ва ҳавои умумӣ ин аст, ки воқеа рӯшан ва вазъ бо диққати тамом дунбол шавад. Ҳамаи аъзои шӯро бар инанд, ки истифодаи силоҳи кимиёӣ аз ҳар ҷониб ва дар ҳар шароит зидди қонуни байнулмилалист.”

Муовини Дабири кулли Созмони Милал, Ян Элиассон гуфт, вай умедвор аст, дар ин ҳолат коршиносони СММ дар Сурия хоҳанд тавонист барои таҳқиқи хабар ба минтақаи мавриди назар ворид шаванд. Аммо, афзуд ӯ, то ҳол аз тарафи ҳукумати Сурия дар ин бобат ба дастаи коршиносон ёрие пешниҳод нашудааст.

Бино бар хабарҳо, Русия ва Чин ба таҳқиқи фаврии таҳти сарварии Созмони Милал мухолифат кардаанд. Элиассон вокуниши Дабири кулли СММ-ро ба хабарҳо чунин бозгӯ кард: “Тавре аз изҳороти дабири кул, ки субҳи имрӯз пахш шуд, мебинед, вай амиқан нигарон, балки воқеан дар ҳайрат аст ва албатта, мо зарурати таҳқиқи зудрасро дарк мекунем. Қатъи назар аз хулоса, ин ташдидест бо пайомадҳои бади башарӣ.”

Вазири иттилооти Сурия, Умрон Зуайбӣ ҳама гуна робитаи ҳукуматро ба чунин ҳамла рад кард ва баръакс нерӯҳои мухолифро ба “саҳнасозӣ”-ии зидди амалиёти муваффақонаи давлат абйдор намуд: “Тамоми чизе, ки гуфта мешавад, пуч, содалавҳона, ғайримантиқӣ ва сохтакорист. Ончи мо мегӯем, ин аст, ки ҳеҷ гуна истифодаи силоҳи кимиёӣ нашудааст ё ба камияш артиши Сурия ё давлати Сурия чунин коре накардааст ва исботи он осон аст.”

Наворҳои видео ва аксҳое, ки тарафдорони мухолифон паҳн карда ва ҳақиқати онҳо ба таври бетарафона тасдиқ нашудааст, теъдоде аз кушташудагон, аз ҷумла тифлонро нишон медиҳанд. Қурбониён захмҳое дар бадан надоранд, ки дида шаванд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, шояд гази заҳрноки зарин истифода шудааст. Аммо дақиқ нашудааст, ки чӣ маводе мумкин аст, корбаст гаштааст. Русия ва дигар шарикони ҳукумати Сурия шароити воқеаро зери суол мебаранд ва мегӯянд, мумкин аст, ин “иғво”-и ошӯбгарон бошад. Дастаи коршиносони СММ дар Сурия ба тафтиши чунин иттиҳомот ваколат дорад. Ҳарду тарафи низоъ борҳо ҳамдигарро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ айбдор кардаанд.
XS
SM
MD
LG