Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия "сирр"-и силоҳи кимиёвиашро мекушояд


Башор Асад
Башор Асад

Сурия бархе ҷузъиёти барномаи силоҳҳои кимиёвиашро ба Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ(OPCW) дар Ҳейги Ҳолланд таслим кардааст.

Аммо ин созмони дидбони байналмилалӣ бидуни шарҳи зиёд гуфтааст, интизор дошт, ки аз Димишқ маълумоти бештаре ба даст биорад.

Қарор аст, OPCW дар аввалҳои ҳафтаи оянда бори дигар захираи силоҳҳои Сурияро бозрасӣ кунад. Ҳамчунин интизор меравад, ки Созмони манъи силоҳҳои кимиёвӣ мувофиқаташ ба муомилаи ахири Амрикову Русия дар мавриди дар зарфи 9 моҳи оянда аз байн бурдани силоҳҳои кимиёвии давлати раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро баён кунад.

Ин ҷадвали замониро вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров як ҳафта пеш дар Женева ба хотири аз силоҳҳои кимиёвӣ маҳрум кардани Башор Асад таҳия карданд. Тибқи ин нақша, Сурия мебоист то рӯзи шанбеи 21 сентябр рӯйхати комили силоҳҳои доштаашро ироа кунад. Коршиносони амниятӣ амбори силоҳҳои кимиёвии Сурияро дар ҳудуди 1000 тонна гази хардал(горчица), VX ё гази аъсоб ва гази зарин рақам мезананд.
Нозирони СММ дар пайи ҳалокати беш аз 1400 нафар бар асари ҳамлаҳои мушакии рӯзи 21 август болои манотиқи таҳти назорати чирикиҳо дар канори Димишқ маҳз нишонаи ҳамин омили аъсоб, яъне заринро пайдо карданд.


Лавров ва Керрӣ дар Женева
Лавров ва Керрӣ дар Женева
Ҷон Керрӣ гуфт, рӯзи ҷумъа бо ҳамтои русаш Сергей Лавров тамоси телефонии , ба гуфтаи ӯ, “хеле тӯлонӣ” дошт ва ҳарду ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар мавзӯъи Сурия тааҳҳуд кардаанд: “Мо пиромуни ҳамкорӣ ҳарф задем ва мувофқат кардем, ки ин корро идома диҳем ва нафақат дар самти тасвиби қоидаву муқаррарори созмони манъи силоҳҳои ҳастаӣ, балки ҳамчунин дар самти тасвиби қатъномам возеҳу шадид дар Созмони Милал.”

Керрӣ рӯзи 19 сентябр гуфта буд, ки гузориши нозирони СММ ҷоиеро барои шакк боқӣ намегузорад, ки масъули ҳамлаи рӯзи 21 август нирӯҳои Асаданд. Керрӣ ҳамчунин аз Шӯрои Амнияти СММ даъват кард, қатъномаеро, ки таҳдиди истифодаи нирӯ дар сурати нақшаи Амрикову Русия ҷиҳати маҳви силоҳҳои кимиёвииашро иҷро накардани давлати Асадро низ дар бар мегирад, тасвиб кунад. Вале баҳси ин қатънома дар Шӯрои Амният ба далели мухолифати аз ҷумла Русия идома дорад. Маскав мухолифи зикри таҳдиди истифодаи нирӯ дар матни қатънома буда, ба даст доштани давлати Асад дар истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ дар ҳамлаи 21 август низ шакк дорад ва онро як иғво ба хотири ҳамвор кардани роҳ барои дахолати низомӣ аз хориҷ мешуморад.

Давлати Сурия роҳкори Амрикову Русияро пазируфта ва алакай ваъда додааст, ки ба OPCW мепайвандад. .


Қадрӣ Ҷамил
Қадрӣ Ҷамил
Дар ҳамин ҳол, ҳизби муовини сарвазири Сурия Қадрӣ Ҷамил гузоришҳо нашршуда дар ин бораро, ки ӯ гӯё дар сурати даъват шудани анҷумани сулҳ ба чирикиҳо пешниҳоди оташбас додааст, радд кард. Бино ба хабарҳо, ин пешниҳод дар мусоҳибаи рӯзи 19 сентябр нашршудаи Қадрӣ Ҷамил дар нашрияи бритониёии "The Guardian" садо додааст. Вале ҳизби иродаи мардум, ки ба он Ҷамил раҳбарӣ мекунад, хабарнигори нашрияро ба “ғалаткорӣ ва бархӯрди ғайриҳирфаӣ” айбдор кард ва гуфт, суханони Қадрӣ Ҷамил “қайчӣ ё таҳриф” шудаанд.
XS
SM
MD
LG