Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Қурбон ва оташбаси ҷонибҳои даргир дар Сурия


Ҷонибҳои даргир дар Сурия ваъда додаанд, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Қурбон оташбасро риоят хоҳанд кард.

Имрӯз, 26-уми октябр, тамоми мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Иди Қурбонро баргузор мекунанд. Ҳоҷиён баъд аз бозгашт аз Кӯҳи Арафот ба Муздалифа ба таври рамзӣ ба шайтон санг мезананд ва қурбонӣ кардани ҳайвоноти аҳлӣ ё хонагӣ ҳам шурӯъ мешавад.

Аммо соли ҷорӣ дар ҷаҳони ислом Иди Қурбонро яксон ҷашн намегиранд. Масалан, дар Сурия 19 моҳ даргириҳо миёни нерӯҳои режими Башор Асад ва шӯришиён идома дорад. Дар остонаи ин ид ҳар ду ҷониби даргир қавл додаанд, ки дар рӯзҳои ид оташбсро риоят мекунанд.

Артиши Озоди шӯришиёни Сурия мегӯяд, дар рӯзҳои Иди Қурбон, ки аз имрӯз оғоз мешавад, оташбасро риоят мекунанд. Вале генерал Мустафо Шайх, фармондеҳи ин артиш аз Туркия гуфт, агар нерӯҳои ҳукуматӣ оташбасро шикананд, онҳо низ чунин хоҳанд кард.

Рӯзи панҷшанбе, 25-уми октябр, як низомии ҳукумати Сурия эълон кард, ки онҳо аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбе, яъне дар рӯзҳои Иди Қурбон оташбасро риоят хоҳанд кард. Наттоқи телевизиони давлатии Сурия эъломияи ҳукуматро дар бораи оташбас ин гуна қироат кард: "Ба муносибати иди муқаддаси Қурбон раҳбарияти умумии артиш ва нерӯҳои мусаллаҳ эълон мекунанд, ки дар ҷумҳурии Сурия аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбеи 29-уми октябр амалиёти низомӣ боздошта шавад."

Аммо артиши Сурия гуфт, дар сурати ҳамлаи шӯришиён ба онҳо ҷавоб хоҳанд дод. Ин оташбас бо миёнҷигарии Созмони Милал ба даст омадааст ва маҳофили байналмилалӣ умед доранд, ки он роҳи ҷонибҳои даргири Сурияро ба сӯи музокира боз мекунад.

Мартин Несерский, сухангӯи Бан Ки Мун --Дабири кулли СММ аз ин эъломия истиқбол карда ва гуфт, муҳим аст, ки ҳукумати Сурия ва шӯришиён оташбасро риоят мекунанд. Вай мегӯяд, “мо умед дорем, ки силоҳҳо хомӯш мешаванд, хушунат муттаваққиф мегардад ва кормандони имдодрасонӣ ба ниёзмандон кӯмак мерасонанд.”

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, низ дар Вошингтон ба рӯзноманигорон гуфт: “Он чӣ мо умедворем ва интизорем, ин аст, ки онҳо дар бораи оташбас фақат “лаффозӣ” накунанд, балки амал кунанд. Оташбасро режим оғоз кунад ва мо онро аз наздик назорат мекунем.”

Ташаббуси оташбасро Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб барои Сурия, матраҳ кард ва баъд аз эълони ҷонибҳои даргир дар бораи оташбас кишварҳои дигар низ, аз ҷумла Эрону Русия аз он истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG