Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти 22 сол аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон ҳам узви он буд, дар шаҳру навоҳии кишвар то ҳол рамзу нишон ва шиорҳои он замон боқӣ мондаанд.

То ҳол дар кӯчаву пскӯчаҳои Душанбе метавон ба шиору овезаҳо ва ҳатто маҷтамаъҳое дучор шуд, ки аз СССР ба ёдгор мондаанд. Хусусан дар девори биноҳо ва пайкараҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо рамзу нишони Тоҷикистони шӯравӣ ва навиштаҷоте, ки бозгӯи идеологияи шӯравӣ буданд ҳаккокишуда боқӣ мондааст.

Масалан ибораҳои "Слава труду", "Зинда бод дӯстии халқҳо", "Гастроном", "СССР" ва дигарон, ки ҳоло ба саҳифаи таърих кӯчидаву дигар роиҷ нестанд.

Дар чанд соли охир "Гастроном"-ҳо ба "Супермаркет"-у "Маркази савдо" табдили ном кардаанд. Ҳамчуин ҷойи шиорҳои шӯравиро ибораву навиштаҳои ҳукумати кунунӣ гирифтаанд. Ба таъбири як шоир, ҷои Ленинро Исмоили Сомонӣ гирифту ҷои "Шараф ба КПСС!"-ро таърифу тавсифи Эмомалӣ Раҳмон.

Аммо боз ҳам бозмондаҳое аз нақши дасти мошини идеологии Шӯравӣ то ҳол дар бархе гӯшаҳои Тоҷикистон боқист ва ин мероси он аҳд бештар дар шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон - ба чашм мехӯрад.

Хабарнигори Озодӣ дар ин маҷмӯаи аксҳо чанде аз ин рамзу нишонҳои замони Шӯравиро, ки то ҳол дар Душанбе ҳифз шудаанд, гирд овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG