Пайвандҳои дастрасӣ

Даниел: Ҷопониҳо ҳам меҳмоннавозанд, вале тоҷикон самимитар


Даниел Гантенбейн, сайёҳ аз Швейтсария.

Даниел Гантенбейн, сайёҳ аз Швейтсария.

Даниел Гантенбейн, як сайёҳи ҷавон аз Швейтсария, ки баъди сафари 21-моҳа зодрӯзашро дар Тоҷикистон ҷашн гирифт, тоҷикону ҷопониҳо дар меҳмоннавозӣ шабеҳи ҳаманд, вале як фарқ дар миён доранд.

Даниел Гантенбейн аз ноҳияи Тобели Швейтсария аст ва бо ҳадафи ошноӣ бо фарҳангу мардуми ҷаҳон, ба саёҳати тӯлоние баромада ва дар муддати 21 моҳи гузашта тақрибан тамоми қаламрави Осиёро бо моторсикл тай кардааст. Даниел Ганбентейн, ки моҳи октябри соли 2013 саёҳаташро аз Непал шурӯъ кардааст, баъди дидани Ҷопону Чину Муғулистон кишварҳои дигари осиёӣ ба мисли Таиланд ба Қирғизистон омадааст ва тақрибан як моҳ аст, ки манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистонро бо мотосикл давр мезанад.

Даниел Ганбентейн, ки 30-солагиашро дар хонаи Шаҳбоз Муқимов, сокини маҳаллаи Чузии ноҳияи Шаҳринав рӯзи 3-уми август таҷлил кард, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, саёҳаташро аз Бадахшон шурӯъ кард ва то ба водии душворгузари Вахон рафта ва Мурғоби баландкӯҳро ҳам дидааст. Ба далели боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо, Даниел Ганбентейн натавонистааст, ба водии зебои Бартанг ва макони ҷонварони нодир биравад, вале манотиқе, ки то ҳол дидааст, ӯро тасхир кардаанд:

“Ба ман табиати инҷо бисёр маъқул шуд. Ман Помирро бо кӯҳҳову кӯлҳо ва дараҳояш писандидам, чунки бисёр зебо ҳастанд. Ҳамчунин меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон бисёр ба ман маъқул шуд. Воқеан одамони бисёр хуб ва бузург ҳастанд. Мардум шуморо ҳамчун хориҷӣ ба хонаи худ даъват мекунанд ва бахусус агар танҳо саёҳат кунед. Ҳамеша маро ба чой даъват мекарданд. Агар шом буд, барои сипарӣ кардани шаб ба хонаашон мебурданд. Ин воқеан хислати бисёр хуб аст, чизе ки дар Аврупо шумо дигар намебинед.”

Дар муқоиса ба мардуми кишварҳои дигар ба гуфтаи Даниел Гантенбейн, тоҷикон зимни муошират боз ҳастанд ва ҳар ончӣ ки дар дил доранд, ба забон меоранд. Ӯ, ки дар Ҷопон ҳам муддате саёҳат кардааст, дар муносибат тоҷиконро бо ҷопониҳо муқоиса кард ва гуфт: “Ҷопониҳо ҳамеша хушмуомила ҳастанд ва метарсанд, ки мабодо хатое накунанд, вале тоҷикон бештар боз ва рӯирост ҳастанд. Меҳмоннавозӣ дар ҳарду кишвар бисёр бузург аст, аммо меҳмоннавозии тоҷикон самимитар аст, зеро ҷопониҳо фикр мекунанд, ки бояд кӯшиш карда, худро дар муносибат хушмуомила нишон диҳанд.”

Дар ин сафари тақрибан якмоҳа ва аксаран аз тариқи роҳҳои пурпечутоби мушкилгузари кӯҳистонӣ Даниел дар Тоҷикистон ба қавли худаш ба фалокате, ё мушкили ҷиддие рӯ ба рӯ нашудааст, ба ғайр аз амалкарди марзбонон, ки на фақат Даниел балки саёҳони дигар ҳам аз кори онҳо шикоят мекунанд: “Дар ин муддат ҳодисае, ки маро нороҳат

карда бошад, ба вуқӯъ напайвастааст, як дафъа балони мотосиклам сурох шуд, баъдан дар сарҳадҳо кӯшиш мекунанд, ки аз сайёҳон пули изофӣ бигиранд. Ба ғайри ҳамин дигар ҳодисае бо ман рух надодааст-” – мегӯяд, Даниел Гантенбейн.

Даниел дар ин муддат аксаран дар хонаҳои мардуми оддӣ зиндагӣ кардааст, ба меҳмонхона камтар рафтааст, чун ба гуфтаи ӯ ҳоҷати ҷустӯҷуи меҳмонхона набуд. Швейтсария, ватани Даниел Гантенбейн ҳам мисли Тоҷикистон кӯҳистонист, вале тафовут байни кӯҳистонҳои ду кишвар ба гуфтаи ӯ зиёд аст: “Албатта мо ҳам кӯҳ дорем, вале онҳо аз кӯҳҳои Помир фарқ мекунанд, кӯҳҳои инҷо санг ва холист, рустанӣ камтар доранд. Вале ман азми саёҳати кӯҳҳои Фонро дорам ва фикр мекунам, ин кӯҳҳо ба кӯҳҳои Швейтсария бештар шабоҳат доранд, зеро рустаниву дарахт дар онҳо зиёдтар аст.”

Даниелро тоҷикон бо ҳар навъ ғизо меҳмондорӣ кардаанд, вале дар ин миён бештар аз хӯрдани хуроки маъруф дар Осиёи Марказӣ лаззат бурдааст: “Ба ман палав ва лағмон маъқул шуд. Ин ҳарду ба ман бисёр хуш омад. Шашликро ҳам дӯст доштам, вале дар Помир камтар буд.”

Дар муддати кутоҳи саёҳаташ дар Тоҷикистон чанд калимаи тоҷикӣ ҳам ёд гирифтааст ва он низ калимҳои "салом" ва "раҳмат". Муҳандиси 30-сола аз Швейтсария, ки ду сол пеш корро монда ва саёҳатро шурӯъ кардааст, ҳоло намедонад, ки то кай дар Тоҷикистон мемонад, вале мегӯяд, раводидаш моҳи октябр ба поён мерасад.

Айни замон ӯ тақрибан 7 ҳазор километр дур аз ватанаш қарор дорад. Даниел баъди ин барои гирифтани шиносномааш, ки пур аз виза шудааст, ба Қирғизистон меравад ва баъд аз он ба гуфтаи худаш намедонад, ки ба Аврупо бармегардад ва ё мотосиклашро фурӯхта, саёҳаташро дар кишвари дигаре идома медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG