Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оббозӣ роҳате дорад. Аммо нафақат роҳат... (ВИДЕО)


Баъзе аз ҷавонону наврасон дар пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, ба далели гаронии нархи иҷораи ҳавзҳои шиноварӣ худро ба дарёи пуртуғёни "Душанбе" ва ҳавзҳои ройгон зада, гоҳо бемориии пӯстро ба "ҳадя" мегиранд.

Як гурӯҳ аз наврасону ҷавонон аз маҳаллаҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон ҳар рӯз 10 километр роҳро пиёда тай карда, ба дарёи пуртуғёни маъруф ба "Душанбинка" меоянд ва худро салқин мекунанд. Ҳарчанд дар наздикии хонаи онҳо ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст ва обаш низ мусаффост, аммо ба сабаби гаронии қимати вуруд, ин наврасон ҳамроҳи рафиқону дӯстон ба инҷо меомадаанд.

Фарзинро падараш ҳафтае се бор ба "Кӯли ҷавонон" меорад, зеро дар давраи наврасиву ҷавонияш зиёдтар ба инҷо меомадааст. Ӯ мегӯяд, танҳо як моҳи аввали тобистон ба инҷо меоянду бас, чунки баъдан оби кӯл ифлос ва барои сиҳҳати онҳо хатарнок мешавад.

Мураббиёни мактабҳои шиноварӣ низ мегӯянд, ҳавзҳои шиноварӣ ва кӯлҳо дар Тоҷикистон дуруст покиза намешаванд ва аз ҳамин ҷиҳат наврасону ҷавонон баъд аз оббозӣ дар ин ҳавзу кӯлҳо ба бемориҳои гуногуни пӯст гирифтор мешаванд.

Табибони клиникаи бемориҳои пӯсти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ҳар тобистон наврасону ҷавононе, ки бо бемориҳои гуногуни пӯст муроҷиат мекунанд, афзоиш меёбанд ва дар ҷараёни сӯҳбат маълум мегардад, ки ингуна бемориҳо ба онҳо дар ҳавзҳои шиноварӣ ё кӯлу дарёҳои ифлос сироят кардаанд.

Аммо вазъ ба оҳистагӣ тағйир меёбад. Соҳибкорони инфиродӣ ҳавзҳои шиноварии замонавӣ месозанд, вале ҳаққи оббозӣ дар ин ҳавзҳо ба ҷайби ҳама мувофиқ нест. Барои мисол, дар Душанбе ҳавзи шиноварии "Делфин" фаъолият дорад ва ба қавли сокинон ягона ҷойи оббозист, ки оби тозаву аз ҷиҳати саломатӣ дорад. ​Инҷо бе истироҳат кор мекунад ва ҳарруз тақрибан 500 нафар ба он ворид мешаванд. Барои чаҳор соат хурдсолон то 40 сомонӣ медиҳанд, аз миёнсолону калонсолон 75 сомонӣ мегиранд.

Дар зимн, шиноварӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, хеле маъмул аст ва алоқамандони зиёд дорад. Вале ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд. Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар соли 2014 дар ин кишвар 112 нафар ва дар соле пеш 124 нафар ғарқ шудаанд. 22 нафар аз онҳое, ки дар соли 2014 ғарқ шудаанд, кӯдакони зери синни 10 буда, 15 тани дигар то 17 сол доштаанд.

Айни видеои боло дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG