Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фоҷиавии се кӯдак дар ҳавз


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 фарзанди як хонавода аз болои дарахт ба ҳавз афтода, ҳалок шудаанд.

Дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд се кӯдак аз болои дарахт ба ҳавз сарозер шуда, ғарқ шудаанд. Оқилҷон Оқилов, ёвари раиси шаҳри Бобоҷон Ғафуров рӯзи 16 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 14 июн дар ҷамоати Унҷӣ рух додааст.

Аммо ӯ афзуд хабарҳои нашршуда дар бораи инки ин кӯдакон дар ҳавзи як ҳавлӣ ғарқ шудаанд, дуруст нест: “Онҳо дар ҳавзи колхоз ҳангоми бозӣ ғарқ шудаанд. Яке аз онҳо хонандаи синфи як буда, якеи дигар дар синфи ду ва сеюмӣ дар синфи се таҳсил мекарданд. Ҳарсе кӯдак ҳалок шудаанд.”

Абдулатиф Маҷидов, раиси ҷамоати Унҷӣ низ рӯзи 16 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳалокати якбора се кӯдакро як бадбахтии бузург номид. Ӯ гуфт, дуи онҳо хоҳару додар ва якеи дигараш амакбачаи онҳо будааст: “Якеаш мехоҳад дар лаби ҳавз даст шӯяд, ки пояш ғеҷидааст. Дуюмӣ рафта, мехоҳад дасти ӯро бигирад, ки инаша ҳам ба об меравад. Ҳамин тавр, сеюмаш ба кӯмаки ғарқшудаҳо афтода, худаш ба об меафтад. Хайрият, кӯдаки чорумаш рафта, калонсолонро хабар мекунад. Аммо то мардум расиду инҳоро аз об гирифт, ки ҷон дода буданд.”

Абдулатиф Маҷидов ин хабарҳоро, ки ин се кӯдак фарзандони кадом соҳибкори сарватманд бошанду дар ҳавзи ҳавлиии пурдабдабае ғарқ шуда бошанд, рад кард: “Ин фоҷиа рӯзи якшанбе дар ҳавзи колхоз рӯй дод. Падару модари ин кӯдакони бечора колхозчии оддианд. Ин як бадбахтии бузург буд, ки ба сари ин хонавода омад.”

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки як писари 7-сола ва ду духтари 9 ва 11-сола дар Бобоҷон Ғафуров дар ҳавзи як ҳавлӣ ғарқ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, кӯдакон болои шохаи дарахт нишаста буданд, вале шохаи дарахт вазни онҳоро бардошта натавониста, шикастааст. Дар натиҷа ҳарсе кӯдак ба ҳавзи чуқуриаш 2 метр афтодаанд. “Азбаски ҳеҷ кадоми ин кӯдакон шино карда наметавонист ва дар ин ҳангом касе аз калонсолон дар хона набуд, ҳарсе кӯдак, ки фарзандони яяк хонавода буданд, ҳалок шуданд,” – мегӯяд намояндаи ин Кумита.

Ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд. Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар соли 2014 дар ин кишвар 112 нафар ва дар соле пеш 124 нафар ғарқ шудаанд. 22 нафар аз онҳое, ки дар соли 2014 ғарқ шудаанд, кӯдакони зери синни 10 буда, 15 тани дигар то 17 сол доштаанд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз як сӯ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ аз сӯи дигар аз сабабҳои умдаи ғарқ шдуни чунин шумори бузурги афрод дар ҳавзу дарёҳои Тоҷикистон ном мебаранд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG