Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патент барои чӯпониву носфурӯшиву ҳоҷатхонаҳои умумӣ


Кумитаи андози Тоҷикистон ба намояндагони бархе аз касбу фаъолиятҳо иҷоза дод, андозро дар шакли соддатар дар асоси патент супоранд.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, барои он патентро дубора ба намояндагони бархе аз пешаҳо иҷоза дод, ки онҳо дониши кофии андозсупорӣ надоранд ва барои кумита ва худ мушкилот ба бор меоранд. Аммо ин талоши беҳбуди дафтардорӣ ва андозсупорӣ сабаби афзоиши ҳаҷми андоз шудааст, ки метавонад, аз рушди косибӣ дар кишвар пешгирӣ кунад.

Дар ҳоле, ки кодекси нави андоз навъҳои фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз патентро коҳиш дод ва дар гузашта низ намояндагони аксари ин касбҳо маҷбур буданд, ҳамчун ширкат амал кунанд, акнун торнамои расмии Кумитаи андоз менависад: «Як қисмати соҳибкорони инфиродӣ барои пешбурди ҳисобу китоб тибқи низоми содакардашудаи андозбандӣ ҳоло ҳам дониши зарурии муҳосибӣ надоранд. Аз ин рӯ дар асоси патент ба роҳ мондани фаъолияти онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад».

Патент ҳуҷҷатест, ки барои пешбурди бархе аз намуди фаъолиятҳо аз сӯи Кумитаи андоз дода мешавад ва он ду навъи андозро дар бар мегирад, андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ. Аммо ҳаҷми андози он новобаста аз даромади соҳибкор пардохта мешавад ва тоҷирон мегӯянд на ҳар моҳ онҳо он миқдор даромаде ба даст меоранд, ки андози патентро супоранд.

Тибқи ин муқаррарот, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҳамакнун фурӯшандаи нос ҳар моҳ барои патент бояд 240 сомонӣ, соҳибони ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ 180, сарояндагони тӯйҳо 540 сомонӣ ва чӯпонҳо 45 сомонӣ андоз диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз афроде, ки бо корҳои хурду резаи чун носфурӯшӣ машғуланд мегӯянд онҳо омодаанд ба давлат андоз супуранд, вале ҳаҷми маблағи патент ба онҳо гаронӣ мекунад.

Саид Шокиров, як носфурӯши бозори «Шоҳмансур»-и Душанбе мегӯяд, сар аз соли 1982 ба тавлиди нос ва фурӯши он машғул аст, вале дар тӯли зиёда аз 30 сол ин гуна андози баландро аз фурӯши нос надида буд. Вай мегӯяд, акнун маҷбур аст ҳар моҳ 288 сомонӣ андоз месупорад: «Бо ин нарху навои хӮрокворӣ ва ин андоз даромадамон хароҷоти моро намепӯшонанд. Масалан, ман ҳоло андози думоҳаамро насупурдам. Лекин ман маҷбурам онро супорам, вагарна кор кардан намемонанд».

Ҳини сӯҳбати мо бо Шокиров, муштариён аз нархи гарони нос шикоят доштанд ва яке мегуфт чаро қаблан дар як сомонӣ носкадуи вай пури нос мешуд ва акнун нима шуд. Шокиров дар посух мегуфт, андози нос баланд шуд ва онҳо маҷбуранд ин хароҷотро ба нархи он илова кунанд.

Ҳамин тавр миёни намудҳои хидматрасонӣ овозхонӣ дар туй ва саррофӣ ё иваз кардани асъор аз ҳама андози боло доранд. Овозхонҳо моҳона 540 ва саррофон (валютчикҳо) 450 сомонӣ андоз медиҳанд.

Озар Мирзоев, як фурӯшандаи асъор дар Душанбе мегӯяд, то ба ҳол онҳо тариқи шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият мекарданд ва андози вай вобаста ба даромади ҳамонмоҳааш то 300 сомонӣ мешуд. Ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, ҳоло онҳо бо патент фаъолият мекунанд ва ҳар моҳ новобаста аз даромад вай 541 сомонӣ андоз месупорад: «Ман мефаҳмам, ки ҳар касе ки як даромад дорад бояд андоз супорад. Аммо андоз бояд тавре бошад ҳамон соҳибкор касод нашавад. Агар як нафар кам ҳам бошад ба давлат ҳар моҳ андоз супорад аз оне ки як моҳ андози бисёр супорида моҳи дигар касод шуда равад беҳтар аст ку?».

Зимнан ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо низ, вай аз ҳаҷми муқарраркардаи Кумитаи андоз яъне 450 сомонӣ 91 сомонӣ бештар андоз мусупорад.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андоз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, номгуй ва ҳаҷми маблағи патентро Ҳукумати Тоҷикистон муқарар кардааст. Дар посух ба суоли мо ки ҳаҷми андози патент дар кадом асос муайян мешавад, Ҷабборов гуфт : «Ҳаҷми андози патент бо назардошти нархи пештарааш ва андозаи даромаднокии кунунӣ муайян карда шудааст. Аммо андози патент барои носфурӯшӣ бо назардошти ба саломатӣ зараровар будани ин маҳсулоти тамоку гарон карда шудааст».

Ҳамакнун афроди машғул ба фурӯши нос, яхмос, асъори хориҷӣ, маснуоти қаннодӣ, асал, тамоми навъи шириниҳо, самбӯса, биринҷ, мева, хушкмева, сабзавот, маҳсулоти ширӣ ва тухм тариқи патент метавонанд фаъолият кунанд.
Ҳамчунин нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, маҳсулоти нонӣ, равған, моҳӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, маҳсулоти омехтаи гуногуни мавриди ниёзи мардум, маҳсулоти ғизоӣ низ бо патент ба фурӯш гузошта мешаванд.

Пешниҳоди хизматрасониҳое чун сурудхонӣ, баррандагӣ ва навобардорӣ дар тӯйҳо, нигоҳубини пиронсолон ва ҳатто чӯпонӣ низ бар асоси патент сурат мегиранд ва чӯпонҳо ҳам бояд патент гирифта андоз супоранд.
XS
SM
MD
LG