Пайвандҳои дастрасӣ

Ишораҳои додситон ба дасти Узбакистон дар сӯиқасд ба Обидхон-қорӣ


Обидхон-қорӣ Назаров

Обидхон-қорӣ Назаров

Додситони Шветсия мегӯяд, далелҳои фаровоне ба даст доштани мақомоти Узбакистон дар сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаров ишора мекунанд.

Кристер Петерссон, муфаттиши додситонии шаҳри Стромсунди Шветсия, рӯзи 2 сентябр ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, шавоҳиди фаровоне ба ин ишора мекунанд, ки дар пушти сӯиқасди моҳи феврали соли 2012 ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаров, як рӯҳонии мунтақиди ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов мақомоти Тошканд истодаанд.

Обидхон-қорӣ Назаров, ки аз соли 2006 дар Шветсия паноҳгоҳи сиёсӣ гирифта буд, сеюним сол пеш дар назди манзилаш дар шаҳри Стромсунд се тир хӯрда буд ва то ҳол таҳти табобат қарор дорад.

Кристер Петерссон, ки масъулияти таҳқиқи парвандаи сӯиқасд ба Обидхон-қорӣ Назаровро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, “шавоҳид ва далелҳои зиёде ба ин ишора мекунанд, ки дар пушти ин сӯиқасд режими Узбакистон истодааст.” Ӯ афзуд, дар ҷараёни таҳқиқи сӯиқасд ба ҷони Назаров, ки аз сӯи Тошканд “террорист” эълон шудааст, аз тарафи ҳукумати Узбакистон “ягон кумак” гирифта натавонист.

Додситони швед мегӯяд: “Агар ман дар пайи чунин гумонбар мебудам, ман дар воқеъ даст аз ӯ намебардоштам. Вале дар тобистони соли 2011 мақомоти Узбакистон гуфтанд, ки онҳо ... ҷустуҷӯи байналмилалии Назаровро дигар идома намедиҳанд. Ва баъди 7 моҳ ӯро дар Шветсия парронданд.”

Кристер Петерссон афзуд, бардоштҳои ӯ аз ҷумла бар пояи ин аст, ки ӯ дар ҷараёни таҳқиқи парванда аз сӯи мақомоти Узбакистон ягон пуштибонӣ ё ҳамкориеро мушоҳида накард ва “ин маро ба фикре бурд, ки онҳо намехоҳанд, то ки ман ҳақиқати ҳолро маълум кунам. Аз ин рӯ, ба назари ман, мо аломатҳое хиде дар даст дорем, ки ин ҳамла аз Узбакистон амр шуда буд.”

Ба гуфтаи Петерссон, Юрий Жуковский, як шаҳрванди 37-солаи Узбакистон ва гумонбари асосӣ дар сӯиқасд ба ҷони Обидхон-қорӣ Назаров, ки ҳафтаи гузашта аз Русия ба Шветсия истирдод шуд, ҳар навъ даст доштанаш дар ин ҳамларо рад мекунад ва тафтишот ҳанӯз ба таҳқиқи робитаҳои ӯ бо мақомоти Узбакистон напардохтааст. Ӯ афзуд, ин масъала дар ҷараёни бозпурсиҳои баъдии Жуковский баррасӣ хоҳад шуд.

Обидхон-қорӣ Назаров, ки дар Намангон ба дунё омадааст, дар солҳои 90 имоми масҷиди ҷомеи Тилошайхи Тошканд буд. Ӯ аз имомҳои маъруф дар кишвари худ ба шумор мерафт ва ин маъруфияташ нигаронии ҳукумати худкомаи Ислом Каримовро ба бор овард.

Назаров соли 1998 ба Қазоқистон фирор кард ва ба дунбол мақомоти Тошканд ӯро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм таҳти таъқиби байналмилалӣ қарор доданд. Дар моҳи марти соли 2006, баъди онки СММ ин рӯҳонии узбакро қурбонии таъқиботи сиёсӣ аз сӯи мақомоти Узбакистон ва нафари мӯҳтоҷи ҳимоят эътироф кард, Обидхон-қорӣ Назаров ба Шветсия омад ва дар ин ҷо паноҳандаи сиёсӣ шуд.

Тошканд ба талаби истирдоди ӯ дар он замон идома медод ва ҳамчунин Обидхон-қорӣ Назаровро айбдор кард, ки бомбгузориҳои пурқурбонии рӯзи 16 феврали соли 1999 дар назди идораи ҳукумат дар Тошкандро ӯ аз хориҷ ташкил кардааст.

Кристер Петерссон, муфаттиши додситонии шаҳри Стромсунди Шветсия, мегӯяд, онҳо ҳоло мунтазири натиҷаҳои муқоисаи ДНК-и Юрий Жуковский бо намунаҳои ДНК-ҳои ёфтшуда аз маҳалли сӯиқасд мебошанд. Мақомоти Шветсия як зану шавҳар аз Узбакистон – Баҳодур Пӯлотов ва Нодира Аминоваро низ бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла ба додгоҳ кашонда буданд, вале додгоҳи шаҳри Остерсунди Шветсия дар моҳи июли соли 2012 онҳоро бегуноҳ донист. Ин ҷуфт ба он айбдор мешуд, ки ба касе дар амри пайдо кардани макони зисти Обидхон-қорӣ Назаров кумак карда, барои ин ба масҷиди Стромсунд, ки Назаров онҷо имоматӣ мекард, рафтаанд. Вале онҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки аз нақшаи сӯиқасд ба ҷони ин рӯҳонӣ хабар надоштанд.

Кристер Петерссон ба Озодӣ гуфт, Баҳодур Пӯлотов ва Нодира Аминова дар ибтидои соли равон Шветсияро ба қасди Узбакистон тарк кардаанд ва ин имкон намедиҳад, ки дар сурати ба додгоҳ рафтани парвандаи Жуковский, онҳо ҳамчун шоҳид пурсида шаванд.

XS
SM
MD
LG