Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои сархушӣ ва дашномдиҳӣ дар Қирғизистон ҷазо таъйин шуд


Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон қонун "Дар бораи илова кардани тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ"-ро имзо кард. Ин тағйирот сахттар шудани ҷавобгариро барои дашном додан, майдаавбошӣ ва истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешбинӣ мекунад. Ҳадафи тағйирот, боло бурдани сатҳи маърифати ҷавонон ва ахлоқи ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият унвон шудааст.

Барои вайрон кардани тартиботи мазкур ҷарима дар ҳаҷми аз 1 то 3 ҳазор сом (аз 100 то 300 сомонӣ) дар назар дошта шудааст. Агар шаҳрванд тавони пардохти ҷаримаро надошта бошад, ӯро ба кори маҷбурии ҳаштсоата мефиристанд ва ё то 5 рӯз зиндонӣ мекунанд.

Тағйироти мазкур ҳамчунин ҷазои истифодаи машрубот ва ё маводҳои дигари масткунандаро аз сӯи ноболиғон сахттар кардааст. Дар ин ҳолат аз волидони ноболиғон аз 2 то 3 ҳазор сом ҷарима ситонида мешавад.

XS
SM
MD
LG