Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби зиндони умрбод барои омили сӯиқасд ба ҷони Обидхон-Қорӣ


Обидхон-Қорӣ Назаров
Обидхон-Қорӣ Назаров

Наздикони рӯҳонии узбак Обидхон-Қорӣ Назаров аз талаби ҳукми зиндони умрбод барои омили сӯиқасд ба ҷони ӯ истиқбол мекунанд, вале мегӯянд, фармоишгарони ин сӯиқасд низ набояд фаромӯш шаванд.

Муҳокимаи парвандаи сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии маъруфи узбак Обидхон-Қорӣ Назаров дар додгоҳи шаҳри Остершунди Шветсия рӯзи 27 ноябр анҷом ёфт. Муфаттиши додситонӣ Кристер Петерссон дар ҷаласаи ниҳоӣ аз додгоҳ барои Юрий Жуковский – гумонбари асосӣ дар ин сӯиқасд ҳукми зиндони умрбод хостааст. Интизор меравад, ҳукми додгоҳ рӯзи 15 декабр эълон шавад.

Додгоҳ қарор кард, ки Юрий Жуковский то эълони ҳукмаш дар ҳабс бимонад. Аммо ӯ дар ҷараёни мурофиа, ки 23 ноябр оғоз ёфта буд, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо рад кардааст. Вакили ӯ Конча гуфт, ки додситонӣ натавонист даст доштани Жуковский дар сӯиқасд ба ҷони Обидхон-Қорӣ Назароваро бо далелҳои шайъӣ исбот кунад.

Аммо бино ба гузориши бахши узбакии Радиои Озодӣ аз ҷараёни мурофиа, муфаттиши додситонӣ Кристер Петерссон, ки тафтиши ин парвандаро ба дӯш дошт, дар додгоҳ далелҳои зиёдеро намоиш дод. Ӯ аз ҷумла сабти сӯҳбатҳои Жуковский аз тариқи чат ва Скайп, аксҳои Жуковский дар қаламрави Шветсия, ки аз камераҳои назоратӣ ба даст омадаанд, ва ҳамин тавр, изи ангуштон ва нишонаҳои ДНК дар маҳалли сӯиқасд ва ташхиси қиёсии он бо изи ангуштони Жуковскийро ироа кард. Ӯ гуфт, изи ангуштони Жуковский бо изҳое, ки дар рӯзи сӯиқасд дар назди манзили Обидхон-Қорӣ Назаров кашф шуданд, як аст.

Довудхон Назаров
Довудхон Назаров

Довудхон Назаров, писари Обидхон-Қорӣ Назаров, ки низ дар Шветсия ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз талаби ҳукми зиндони умрбод барои гумонбари асосӣ дар сӯиқасд ба ҷони падараш истиқбол кард: “Ба назари мо, талаби додситон як қарори дуруст буд ва ин қадаме ба сӯи тантанаи адолат аст. Вале мо мӯътақидем, ки тафтиши қазия набояд бо ҳамин тамом шавад ва бояд то охир бурда шавад ва фармоишгари ин сӯиқасд ва онҳоеро, ки дар пушти Жуковский истодаанд, маълум кунад.”

Обидхон-Қорӣ Назаров аз мунтақидони сарсахти ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов ба шумор меравад. Ӯ дар Намангон ба дунё омада, дар солҳои 90 имоми масҷиди ҷомеи Тилошайхи Тошканд буд. Вале ин рӯҳонии маъруф ҳанӯз дар соли 1998 маҷбур ба тарки Узбакистон шуд ва баъди чанд соли зиндагӣ дар Қазоқистон дар соли 2006 дар Шветсия паноҳгоҳи сиёсӣ ба даст овард. Мақомоти Узбакистон ӯро дар таблиғи ақидаҳои Ваҳҳобия айбдор мекунанд. Худи Назаров инро рад мекунад.

Обидхон-Қорӣ Назаров моҳи феврали соли 2012 дар назди манзилаш дар шаҳри Стромшунди Шветсия ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Як нафари силоҳбадаст ба сари ӯ аз туфангча тир холӣ кард. Обидхон-Қорӣ Назаров ҷон ба саломат бурд, вале инак қариб 4 сол боз дар ҳолати вазнин дар яке аз бемористонҳои Шветсия таҳти табобат боқӣ мемонад.

Туфанге ки дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии узбак истифода шудааст.
Туфанге ки дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии узбак истифода шудааст.

Мақомоти Шветсия моҳи майи соли 2012 зану шавҳар аз Узбакистон Баҳодур Пӯлотов ва Нодира Аминоваро бо иттиҳоми кӯмак ба Юрий Жуковский дар анҷоми сӯиқасд ба ҷони Назаров дастгир карданд. Вале ҳарду баъди чанде ба далели камбуди шавоҳид озод шуданд.

Худи Жуковский дар ибтидои соли 2015 дар Маскав дастгир ва моҳи август ба Шветсия истирдод шуд. Ӯ дар ҷараёни тафтиш эътироф кард, ки тамоми чизро гуфта наметавонад, чунки барои ҳаёти наздиконаш дар Узбакистон метарсад.

Дар ҳамин ҳол, маълум шудааст, ки дар гирифтани визаи Шенген ба Жуковский мудири кулли бошгоҳи футболи “Пахтакор”-и Тошканд Рустам Купайсинов кумак кардааст. Ӯ ба сафорати Латвия нома навишта, Жуковскийро маъмури “Пахтакор” муаррифӣ кардааст, ки бояд бо як сафари корӣ ба як бошгоҳи футболи Эстония биравад. Аммо Жуковский баъди дарёфти визаи Шенген на ба Эстония, балки ба Шветсия парвоз кардааст.

Кристер Петерсон
Кристер Петерсон

Муфаттиши парванда Кристер Петерссон қаблан дар сӯҳбатҳояш бо бахши узбакии Радиои Озодӣ аз вуҷуди аломатҳои фаровоне ҳарф зада буд, ки ба фармоишгари ин сӯиқасд будани ҳукумати Узбакистон ишора мекунанд. Петерсон мӯътақид аст, ки Обидхон-Қорӣ Назаров ба далели фаъолиятҳои сиёсиву мазҳабиаш ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтааст.

Наздикони Назаров, аз ҷумла писараш Довудхон, ҳам бар ин боваранд, ки фармоиши куштани ӯ аз Тошканд омадааст ва Жуковский дар ин қазия танҳо нақши кулангро иҷро кардааст. Довудхон Назаров мегӯяд, адолат вақте пурра тантана хоҳад кард, ки фармоишгарони ин сӯиқасдро низ ба курсии айбдорӣ бинишонанд.

XS
SM
MD
LG