Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як гурӯҳи "мафиозӣ" дар Турсунзода. ТАЛКО-ро мехостанд тарконанд?


Мақомоти корҳои дохила дар шаҳри Турсунзода як гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки эҳтимолан қасди таркондани корхонаи азими Тоҷикистон - ТАЛКО-ро доштааст.

Игор Сатторов, сухангӯи ширкати «Талко» дар суҳбат ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи хабари боздошти як гурӯҳ дар Турсунзода гуфт: «Мо мақсади ин одамони боздоштшударо шарҳ дода наметавонем. Чунки пас аз боздошти онҳо ҳоло мақомоти зиддахл корҳои тафтишотӣ бурда истодаанд. Аз ин рӯ роҳбарияти мо то расидани ахбори расмӣ ин ҳодисаро шарҳ намедиҳад. Ҳар гоҳе ки худи мо маълумоти расмӣ гирифтем ҳатман хабар медиҳем.»

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаи муътамади наздик ба гурӯҳи тафтишотӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки афроди боздоштшуда қасд доштанд корхонаи истеҳсоли газ аз ангиштро, ки «Талко» ду сол қабл ба кор дароварда буд, мунфаҷир кунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар қатори боздоштшудагон се корманди худи «Талко» низ шомил ҳастанд. Ин боздошт аз сӯи кормандони бахши зудамали вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода, 60-километрии ғарби пойтахти кишвар ҳанӯз рӯзи 28-уми март сурат гирифтааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, ки ҳафтаи гузашта зимни як амалиёт дар ноҳияи Турсунзода як гурӯҳи калонро бо гумони ҷинояти вазнин боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ки аз ин гурӯҳи миқдори зиёди маводи таркандаи тратил ёфт шудааст.

Аммо Ҷалолиддин Садриддинов афзуд, ки ҳоло тафтишот ва пурсиши афроди ин гурӯҳ идома дорад ва феълан гуфта намешавад, ки ҳадафи аслии онҳо аз чӣ иборат аст. Ҷалолиддин Садриддинов афзуд, «мо ҳамин қадар медонем, ки ин як гурӯҳи мафиозӣ будааст, вале мақсади онҳо чӣ буд, ҳоло тафтишот маълум мекунад.» Вай афзуд, ки танҳо пас аз анҷоми пурраи тафтишоти гурӯҳи мазкур, нақшаву ҳадафи онҳо ошкор карда мешавад.

Кормандони бахши зудамали вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Турсунзода, 60-километрии ғарби пойтахти кишвар ин гурӯҳро ахири ҳафтаи гузашта боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, қасд доштаанд корхонаи ТАЛКО-ро тарконанд.

Як манбаи наздик дар ТАЛКО, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни ин гурӯҳ чаҳор нафар кормандони худи ширкати ТАЛКО ҳам будаанд, ки «барои амалӣ кардани ин нақша мусоидат кардаанд.»

ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон буда, феълан солона беш аз 300 000 тонна алюминийи аввалия тавлид мекунад. Аммо дар ду соли охир ин корхона ба мушкилоти молӣ гирифтор шуда, дар поёни соли 2013 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба ҳукуматаш амр дод, то масъалаи ироаи кумаки молӣ ба ин корхонаро баррасӣ кунад.

Ин дар ҳолест ки мунтақидон мегӯянд, фоидаҳои тиҷорати алюминий дар дасти ҳалқаҳои наздик ба раҳбарони аввали Тоҷикистон мунсаҷим шудааст ва бо онки ин корхона нирӯи барқро бидуни мамониат ва бо нархи ба маротиб аз дигар корхонаҳо арзонтар дарёфт мекунад, саҳмаш дар пур кардани буҷа дигар ҳатто ба масобаи як ширкати телефонҳои мобил нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG