Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти “Ҳоҷӣ Самандар” ҳамчун фармоишгари қатли бародарон Каримовҳо


Кумитаи давлатии амниятии миллӣ ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбар дар қатли пурсарусадои бародарон Каримовҳо хабар доданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбар дар қатли бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, ки ба таърихи 18 ноябр ҷасади онҳо аз ҷамоати Эсанбои ноҳияи Рудакӣ дарёфт шуда буд, хабар доданд.

Шабакаҳои телевизиони давлатӣ шаби гузашта бо пахши наворе, ки аз ҷониби Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳия ва пахш гардид, гуфта шуд, ки дар иртикоби ин ҷиноят сокини 53-солаи ноҳияи Ҳисор Абдулазиз Усмонов машҳур ба “Ҳоҷӣ Самандар”, ки дар гузашта ду маротиба барои ҷинояти куштор ва қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудааст, боздошт гардидааст. Дар ин навор худи “Ҳоҷӣ Самандар” низ дар мавриди куштори бародарон Каримовҳо қисса карда ва сабаби кушторро тиҷорати маводи мухаддир унвон мекунад.

Зеро ба таъкиди “Ҳоҷӣ Самандар”, вай ба бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо беш аз 100 кило маводи мухаддири навъи ҳероин медиҳад, аммо дар иваз маблағи лозимаро аз бародарон ба даст наовардааст. Ба ин далел, “Ҳоҷӣ Самандар” мегӯяд, ки “ман бояд онҳоро, яъне Фарҳод ва Раҷабалӣ Кармовҳоро мекуштам, дар акси ҳол моро мекуштанд.”

ВИДЕОИ КДАМ ВА ВКД, ки хабаргузории "Тоҷнюс" нашр кардааст:

Ҳатто бар пояи ин навори телевизионӣ, “Ҳоҷӣ Самандар” барои куштори бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо ду нафар қотилро киро мекунад, ки яке қаблан барои куштор 15 сол зиндонӣ шуда ва дигаре барои иртикоби ҷиноят дар Русия, дар ҷустуҷӯ будааст.

Ин афрод гуфтаанд, ки бо супориши “Ҳоҷӣ Самандар” бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳоро ба қаламрави ноҳияи Рудакӣ бурда ва ҷои муносибе пайдо карда, аввал ба сари онҳо халтаҳои селофанӣ ё плостикӣ андохта ва баъдан ба онҳо тир кушоданд. Пас аз ин қотилон ҷасади бародарон Каримовҳоро гӯр карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19 ноябр аз ёфт шудани ҷасади ин ду бародар хабар дода буд. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷасади бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримов, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе кӯчаи Нусратулло Махсум, хонаи 67/6 ҳуҷраи 9 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо нишони марги маҷбурӣ пайдо шуданд.

Ин ду бародар рӯзи 6-уми ноябр бо мошинҳои «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва худрави тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, бедарак шудаанд. Ба гуфтаи масъулон, пас аз муроҷиати Меҳроб Каримов, бародари ин афрод дар мавриди бедарак шудани онҳо, гурӯҳи фаврӣ – ҷустуҷӯи созмон дода шуда кофтукоб эълон гардида буд. Ба иттилои расмӣ Фарҳод 34 ва Раҷабалӣ 46 сол доштаанд.

Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, ҳарду бизнеси мошин доштанд ва мошинҳоро аз хориҷи кишвар, бештар аз Олмону Латвия ворид мекарданд. Гуфта мешавад, қабл аз он, ки ин ду нафар нопадид шаванд, нафаре ба онҳо занг зада ва ба мулоқот даъваташон карда буд. Онҳо аз ин мулоқот дигар ба хона барнагаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG