Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии таҳдидҳои амниятӣ дар сӯҳбати сафир ва вазир


Акс аз соли 2013.
Акс аз соли 2013.

Дар Душанбе мулоқоти сафири ИМА Сюзан Эллиотт ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода баргузор шуд.

Дар мулоқоти сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиотт бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, мавзӯи хатару таҳдидҳои замони муосир баррасӣ шудааст. Ин мулоқот, ба иттилои дафтари матбуоти ВКД рӯзи панҷшанбе, 9 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин дидор мавзӯъҳои марбут ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва зарурати тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин арсаҳо баррасӣ шудааст. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 9 июл зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ҷонибҳо дар ин дидор ба густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши амниятӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташшаккил таъкид карданд”.

Дар дафтари матбуоти сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки баргузории ин гуна мулоқотҳоро барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният ва муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони мусоир кумаку мусоидат хоҳанд кард.

Дидори сафири Амрико бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 8 июл Амрико ба сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла вазорати корҳои дохилӣ, оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва нируҳои марзбонии Тоҷикистон 87 худрави замонавӣ тақдим кард. Ин худравҳо, иборат аз воситаҳои нақлиётиеанд, ки барои шароити кӯҳсор дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ мусоидат мекунанд.

Маблағи умумии ин кумаки Амрико ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон 5,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Зимнан, Амрико аз соли 1992 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар кумак кардааст.

Амрико ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон 87 худрав дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

XS
SM
MD
LG