Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Фарзонаи Хуршедро модараш таъйид кард


Сурайё Қосимова-овозхони шинохтаи тоҷик таъйид кард, ки духтари вай овозхон Фарзонаи Хуршед баъд аз 3 рӯзи боздошт аз боздоштгоҳи яке аз шӯъбаҳои умури дохилаи шаҳри Душанбе озод шудааст. Вай дар ин бора ба радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Ҳеҷ чизро ман худам ҳам намефаҳмам. Шумо бовар кунед, то ҳол ба ҳуш наомадаам. 3 рӯз духтараки ман дар он ҷо маҳкам буд. Ҳар модар азобро худаш медонад".

Фарзона духтари хурдии овозхон Сурайё Қосимова аст.
4 рӯзи пеш овозхон Фарзонаи Хуршед барои ташкил кардани фирори дӯсташ Фаррух аз толори додгоҳ дар 15 километрии шимоли шаҳри Душанбе дар дараи Варзоб боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG