Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз бист саҳмдори Фурӯшгоҳи марказии Душанбе 8 декабр аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки аввал пули саҳмияи онҳоро баргардонанд ва сипас онро давлатӣ кунанд.

Фурӯшгоҳи марказии Душанбе, ки солҳо боз бо номи "ЦУМ" маъруф буд, 8 декабр расман ба Маркази савдои Тоҷикистон табдили ном кард ва дар ҳамин рӯз муаррифии мудири наваш Абдусаттор Раҳимов сурат гирифт. Аммо беш аз 20 саҳмдори Фурӯшгоҳи марказии Душанбе алайҳи муаррифии мудири нав ва давлатӣ шудани ин фурӯшгоҳ эътироз карда, аз мақомот талаб намуданд, ки аввал пули саҳмияҳои онҳоро ба миқдори 10 миллион доллари амрикоӣ баргардонанд.

Сармояи оинномавии Маркази савдои Тоҷикистон 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мақомот мегӯянд, ки табдили номи ин фурӯшгоҳ ба маънои барҳам хӯрдан ва ё аз кор рондани тамоми кормандонаш нест ва пули саҳмдоронаш низ бо қарори додгоҳ баргардонда хоҳад шуд.

Мӯътабар Мамадҷонова, ноиби раиси Фурӯшгоҳи марказии собиқ, 8 декабр ба Озодӣ гуфт, мақомоти додгоҳӣ ваъда додаанд, ки баъди ба кор шурӯъ кардани раиси нав масъалаи пардохти саҳмияҳои онҳо ҳал хоҳад шуд. Вале афзуд ӯ, "ба ин ҳарфҳо бовар надорем. Бояд аввал масъалаи саҳмияҳои мо ҳал карда шавад ва баъд масъалаи мудирияти нав дида шавад."

Ба қавли Мамадҷонова, дар ин фурӯшгоҳ 475 нафар ба миқдори 10 ҳазору 830 адад саҳмия доштаанд. Рӯзи сешанбе дар назди фурушгоҳ даҳҳо корманди милиса ва намояндагони додситонӣ ва вазорати адлия ҷамъ омада, дар муаррифии мудири нави "ЦУМ" иштирок карданд. Дар ҳузури саҳмдорон матни ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии Душанбе низ қироат шуд, ки бар асоси он Фурӯшгоҳи марказӣ давлатӣ шудааст.

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 27 ноябр бо қарори худ ва бар асоси шикояти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Фурӯшгоҳи марказиро моликияти давлатӣ эълон кард. Ин фурӯшгоҳ, аз соли 1993 то соли 2003, яъне тӯли даҳ сол тадриҷан ба моликияти саҳомӣ бадал шуда буд. Саҳмияҳои Фурӯшгоҳи марказӣ дар дасти одамони алоҳида, вале умдатан дар дасти худи кормандони ҳамин муассиса буд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки ​Фурӯшгоҳи марказӣ соли 1993, дар авҷи ҳарҷу марҷҳои кишвар ғайриқонунӣ харидуфурӯш шудааст. Вале саҳомон ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, бинои Фурӯшгоҳи марказиро дар як музояда ё тендер харида буданд.

Баҳс миёни Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ширкати саҳҳомии Фурӯшгоҳи марказӣ дар ин бора аз чанд сол ба ин тараф идома дошт. Масъулони ширкати саҳомии Фурӯшгоҳи марказӣ қаблан гуфта буданд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон раванди хусусигардонии ин

фурӯшгоҳро таҳқиқ мекунад. Ва мақомоти тафтишот баъд аз 22 соли хусусӣ шудани Фурӯшгоҳи марказӣ мегӯянд, ки моликони он ва ҳам Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ин муассисаро нодуруст хусусӣ кардаанд.

Ин фурӯшгоҳ дар авоили соли 2011 бар асоси шикояти як саҳомдори асосиаш аз сӯи Додгоҳи иқтисодии Душанбе барои муддате баста шуда буд. Додгоҳ чунин қарорро бар асоси даъвои шахсоне, ки 13 дарсади саҳмияҳои фурӯшгоҳи бузургро дар ихтиёр доштанд, қабул карда буд.

Фурӯшгоҳи бузурги Душанбе дар соли 1960 бунёд шуда, дар оғози замони бозоргонӣ, савдои озод ва истиқлоли Тоҷикистон муҳимтарин маркази савдо дар кишвар буд.

Фурӯшгоҳи бузурги Душанбе дар соли 1960 бунёд шуда, дар оғози замони бозоргонӣ, савдои озод ва истиқлоли Тоҷикистон муҳимтарин маркази савдо дар кишвар буд. Аммо дар чанд соли охир бо рӯи кор омадани марказҳои бузурги савдо дар Душанбе ва бозорҳои бузурги "Саховат", "Султони Кабир" ва "Корвон", мафҳуми "фурӯшгоҳи бузург" ҷои худро ба бозорҳои бузурги шарқӣ дод. Ҳоло рӯшан нест, бинои ин фурӯшгоҳ дар шакли қадимияш ҳифз хоҳад шуд ё дар ҷойи он маркази бузурги савдо қомат хоҳад афрохт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG