Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом, ки мазҳаби умда дар тамоми Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад, дар қарни ҳафтум тавассути арабҳо оварда шуд ва ҳоло ба бахши ҷудоинопазири фарҳанги тоҷикон табдил ёфтааст. Талошҳои мақомоти Шӯравӣ, ки намозгузориву ибодатро мамнӯъ карда ва мехостанд ҷомеаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро дунявӣ созад, асосан бенатиҷа анҷом ёфтанд. Баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон шоҳиди эҳёи босуръат ва густурдаи Ислом шуд. Акнун дар масоҷиди Тоҷикистон, ки замони Шӯравӣ танҳо ҷойи пиронсолон буд, ҳоло шоҳиди ҳузури ҷавонони зиёд мешавед ва ҳангоми намози ҷумъа масҷиди марказии пойтахти Тоҷикистон барои ҳазорон нафар аз намозгузорон тангӣ мекунад.

Бахши аъзами мусулмонон дар Тоҷикистон суннимазҳабанд ва танҳо гурӯҳе хурде аз мазҳаби шиъа пайравӣ мекунанд. Ҳудуди 200 ҳазор нафар аз аҳолии вилояти Бадахшони Тоҷикистон пайрави шохаи исмоилияи мазҳаби шиъа ҳастанд, ки асри 10 ба Осиёи Марказӣ роҳ ёфтааст. Дигар мазҳабе, ки дар Тоҷикистон пайрави зиёд дорад, дини масеҳӣ аст, ҳарчанд пайравони он - русҳои православ баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон ин кишварро тарк карданд. Дигар гурӯҳҳои хурди масеҳӣ ҳам ҳастанд, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷамъияти кучаки яҳудиҳо низ дар ин кишвар ба сар мебаранд ва барои ибодат дар шаҳри Душанбе канисои хурде ҳам доранд. Пайравони мазҳаби баҳоия, зардуштӣ ва буддоӣ низ дар Тоҷикистон ҳастанд ва дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мақомот дар кишвар беш аз 80 иттиҳодияи мазҳабӣ сабти ном шудааст. Ба қавли мақомот, аҳолии суннимазҳаби кишвар ба пайравони дигар мазҳабҳо ботаҳаммул муносибат мекунанд ва Тоҷикистон шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ нашудааст.

Нақши ислом дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон мухталиф аст, барои баъзеҳо Ислом

Танҳо, 0, 001 дар Тоҷикистон даҳрӣ будаанд
аз муҳимтарин бахши фарҳанги онҳост, агарчӣ бархе аз сокинони кишвар худро чандон мазҳабӣ намешуморанд. Бар асоси гузориши ахири Вазорати умури хориҷаи Амрико роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон, 97 дар сади мардуми Тоҷикистон худро мусулмон меҳисобанд ва танҳо сифру аз сад як дар сад, даҳрӣ ва ё бедин будаанд.

Ҳамчунин як бахше аз пайравони дини Ислом ҳам ҳастанд, ки хусусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба динҳои дигар гароидаанд. Шумори чунин афроди табдили мазҳабкарда дар кишвар то 30 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Афзоиши теьдоди созмонҳои даьваткунанда ё худ миссионерӣ, махсусан, дар поёни солҳои навадум ва оғози қарни бистум ҳамин тавр ба зиёд шудани шумори онҳое, ки тарки дини Ислом карда, ба мазоҳиби дигар мегароянд, бештар гардид ва нигарониҳоеро низ дар ҷомеа ба вуҷуд оварда буд. Дар маҷмӯъ, ҳудуди чиҳил дарсади аҳолии деҳот ва тақрибан даҳ дарсади аҳолии шаҳр мунтазам расму оини мусалмониро риъоя мекунанду халос.

Тасаннун ва ташшаюъ.

Аз 97 дарсади аҳолии мусулмони ин кишвар ҳамагӣ 7 дарсад пайрави мазҳаби шиъа ва боқимонда аҳли суннат мебошанд. Вале як қисмати хурде ҳам пайрави шохаи Исмоилия, яке аз риштаҳои мазҳаби шиъа ҳастанд, ки бештар дар вилояти Бадахшон ва қисман дар вилояти Хатлону шаҳри Душанбе ба сар мебаранд. Намояндагони риштаи дигари шиъа - исноъашариҳо ё тавре дар кишварҳои форсизабонон дувоздаҳимома мегӯянд, хеле каманд.

Аҳли суннат дар Тоҷикистон аслан пайравони мазҳаби ҳанафианд, вале тайи солҳои ахир, аз ҷумла ба далели барои таҳсили динӣ зиёд ба кишварҳои мухталифи хориҷӣ рафтани толибилмон, пайравони мазоҳиби дигари суннӣ низ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд ва акнун дар масоҷид мебинем, ки намозгузорон ҳар кадом ба шеваи мазҳаби худ адои намози ҷамоат мекунанд.

Тоҷикистон то имрӯз саҳифаи хунолуди ихтилофи миёни шохаи тасаннун ва ташшаюъро ёд надорад. Аммо, гуфта мешавад, ҳанӯз ҳам мардуми шиъамазҳаб аз муносибат бо суннимазҳабон худро канор мегиранд. Онҳо худро ба авлоди ҳазрати Алӣ нисбат медиҳанд. Суннимазҳабон низ фақат дар мавриди издивоҷ бо духтарон ё писарони шиъамазҳаб, дақиқтараш шиъамазҳабони бадахшонӣ эҳтиёкорона рафтор мекунанд.

Саиданвар Шохуморов, тадқиқгари маркази ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, замони Шӯравӣ иҷборан бадахшониҳоро бо кӯлобиҳо ба ҳам мепайвастанд, ки ин ҳадафи сиёсӣ дошт, на аз миён бурдани ҷузъитарин ихтилофи мазҳабӣ. Бо ин ҳама, оқои Шохуморов таъкид мекунад, ки ихтилофҳои шадиде миёни пайравони ду шохаи дини ислом, яъне сунниҳо ва шиъаҳо дар кишвар вуҷуд надорад:

«Дар миёни мусулмонҳои Тоҷикистон, бахусус, миёни суннимазҳабону шиъамазҳабони ин кишвар ихтилофи хосе вуҷуд надорад. Сабаби набудани ихтилоф Шӯравии динситез буд, ки намегузошт дар бораи дин ва мазоҳиби мухталиф андеша бикунанд. Ин натиҷаи таълимоти динситезии Шӯравии собиқ аст, ки таъсири он ҳанӯз аз мағзи насли он замон берун нарафтааст».

Ин пажӯҳишгари маркази ховаршиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамчунин изҳор кард, ки шиъаҳои камшумор дар баробари пайравони зиёди аҳли суннат метавонанд ба мақомҳои баланди давлатӣ пазируфта шаванд ва ё дар дилхоҳ коргоҳ фаъолият кунанд. Ба назари ин ӯ, танҳо усули ибодат шиъаҳоро аз сунниҳо ҷудо мекардааст. Агар возеҳтар гӯем, аҳли суннат дар Тоҷикистон рӯзе панҷ маротиба намоз мегузоранд ва аҳли шиъа бошад, ҳамагӣ се бор.

АЗ ИН СИЛСИЛА:

Адён дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, Эшони Нуриддин, як рӯҳонии шинохта дар Тоҷикистон, ҳангоми баёни мавъизааш дар як навори видеоӣ гуфтааст, ки ҳам пайравони мазҳаби шиъа ва ҳам пайравони мазҳаби суннӣ мусулмонанд, аз ин рӯ набояд, миёни онҳо тафриқаандозӣ вуҷуд дошта бошад. Эшони Нуриддин аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки пайрави мазҳаби шиъа ва ё суннат буданашон ба хайр, аммо пайрави мазҳабҳои нави ифротгаро, аз қабили акрамияву салафия ва гурӯҳҳои ифротгарои Ҳизбуттаҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон набошанд:

«Аз ҷавонҳои мусулмон хоҳиш дорам, ки фирефтаи даъвати ҳизбҳо нашаванд, ки бештар аз номи Ислом баромад мекунанд. Вақте Шумо бо ақидаи ин ҳизбҳо ва аҳкоми фиқҳии ин ҳизбҳо ошно мешавед, дармеёбед, ки он бо мазҳаби аҳли суннат мутобиқат намекунад. Агар ҳизби исломӣ мехоҳед, пас Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон барои Шумо басандагӣ мекунад, як ҳизби қонунии исломӣ».

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Исломиддини Файзалӣ, донандаи улуми исломӣ дар

Эшони Нуриддин: "Ҳам шиъаҳо ва ҳам сунниҳо мусулмонанд, аз ин рӯ набояд, миёни онҳо тафриқаандозӣ вуҷуд дошта бошад."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин ҳизб дар миёни аҳли шиъаи Бадахшон низ ҳудуди 3 ҳазор аъзо дорад ва то ҳанӯз тарафгирии мазҳабӣ миёни аъзои суннимазҳаб ва шиъамазҳаби онҳо мушоҳида нашудааст. Оқои Файзалӣ афзуд, шиъмазҳабони Тоҷикистон масҷиди ҷудогона надоранд ва ҳамроҳ бо аҳли суннат намоз мегузоранд. Вай дар қиёс бо ихтилофҳои мазҳабии миёни шиъа ва суннии Ироқу Афғонистон ва Эрон муносибати шиъаву сунниҳои Тоҷикистонро мӯътадил арзёбӣ кард:

«Шиъаҳои Тоҷикистон солҳои мадид аст, ки дар шарқи ин кишвар маскунанд. Онҳо як равияи хоси худро доранд, ки муштаракоти мазҳабии онҳо аз шиъаҳои дигар хеле фарқ мекунад, аз ҷумла бо шиаъҳои исноъашариҳо. Яъне, инҳо як қавми хосе ҳастанд ва забони хоси худро низ доранд, бо вуҷуди он ки дар ҳисоби миллати тоҷик дохил мешаванд. То ҳадде, ки медонем, муносибатҳо миёни шиъаҳо ва сунниҳои Тоҷикистон муносибатҳои одӣ аст ва дар кишвар мо ҳанӯз ҷабҳагирии мазҳабӣ вуҷуд надорад».

Амрулло Низомов, таълимдидаи як мадрасаи Покистон, мегӯяд, ҷузъиёти ҷудогонае вуҷуд дорад, ки тафовути аҳли суннат аз аҳли шиъаро дар миён мегузорад. Оқои Низомов миёни шиъамазҳабон ва сунниҳо шикофии барзиёдеро намебинад ва онҳоро дар маҷмӯъ мусулмон мехонад.

Ҳамин тавр, 70 сол Шӯравӣ умуман динро маҳкум мекард, ихтилофҳои мавҷудаи то Шӯравиро дар Бухоро ва дар кишварҳои дигари ин қаламрав, ки миёни аҳли тасанунун ташшаюъ вуҷуд дошт, ҳамвор кард. Ҳоло дар Тоҷикистон таассуб ё суннигароӣ ва ё шиъагароӣ ба таври ҳассос вуҷуд надорад ва дар Қонунҳои ҷории ин кишвар, аз ҷумла дар қонуни дин низ авлавият ба ин ё ба он риштаи Ислом, яъне шиъа ва ё суннат дода нашудааст. Ҳам намояндагони аҳли суннат ва ҳам аҳли шиъа, ки аслан исмоилиён ҳастанд, танҳо аз ҳамзистии мазоҳиб сӯҳбат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG