Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як корманди шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи ҳукумати Душанбе худро ба дор кашидааст. Сабабҳои расмии ин худовезӣ маълум нест, аммо манобеъ онро ба қарздории марҳум рабт медиҳанд.

Саидраҳмон Шарифов, корманди 38-солаи ҳукумати шаҳри Душанбе, шоми чоруми июн дар зодгоҳаш - ноҳияи Тавилдара худро ба дор кашидааст. Наздикони ӯ аз баёни тафсилоти қазия худдорӣ карданд, аммо бархе аз манобеъ дар ҳукумати Душанбе мегӯянд, ки Шарифов дар пайи қарздории зиёд аз мардум даст ба худкушӣ задааст.

Ин хабарро дар Шӯъбаи умумии ҳукумати шаҳри Душанбе тасдиқ карда ва гуфтанд, пештар низ Саидраҳмон Шарифов барои халосӣ аз қарзҳояш хонаву мошинаашро фурӯхта будааст. Чӣ қадар ва аз кӣ қарздор будани Шарифов то ҳол маълум нест ва ҳамкоронаш низ мегӯянд, дар ин бора фарзияҳои гуногунро мешунаванд, аммо аз асли воқеа хабардор нестанд.

Сардори шуъбаи маъмурию ҳуқуқии ҳукумати шаҳри Душанбе дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Саидраҳмон Шарифов тайи тақрибан даҳ сол боз кор мекард ва қабл аз худкушияш ду-се рӯз ба кор ҳозир нашудааст. "Ӯ дар рухсатӣ набуд, аммо ду-се рӯз ба кор наомад. Мо ҳам парешон будем. Якбора ин хабарро шунидем. Тафсилоташро намедонем. Ҳоло ҳар кас ҳар гап мегӯяд," -- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, "Азия Плюс" навишт, ки фарзияи дигар, яъне куштори Саидраҳмон Шарифов мавриди баррасист.

Номи Саидраҳмон Шарифов ҳанӯз дар соли 2005, дар пайи рад шудани дархости ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёти Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Он вақт Саидраҳмон Шарифов далели рад шудани дархости гирдиҳамоиро чунин шарҳ дода буд: "Мувофиқи қонун онҳо бояд 15 рӯз пеш аз гирдиҳамоие, ки рӯзашро муайян карда буданд, ба раиси шаҳр хабар медоданд. Аммо мактуби онҳо се рӯз пеш омад ва онҳо меъёри қонунро риоя накарданд. Дуюм ин ки имзои худи раис дар нома набуд ва Ҳизби Тараққиёт ҳамчун ҳизби расмӣ ба қайд гирифта нашудааст."

Агар солҳои гузашта бештар занону кӯдакон худкушӣ мекарданд, вақтҳои охир дар Тоҷикистон худовезӣ ё худкушии афроди дар гузашта мақомдор ва ё кормандони собиқадори идораҳо низ мушоҳида мерасад. Ҳамагӣ як моҳ пештар афсари Горди миллии Тоҷикистон, сарҳанг Саидаҳмад Гулов худро аз фарози бинои баландошёна ба поён афканда, худкушӣ кард.

Ҷамолиддин Файзалиев, муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин ҳодиса рӯзи 9 май дар кӯчаи Аҳмади Дониш, 11/3 рух дод. Марде худро аз ошёнаи 8 то 10-и бинои 12-табақа сарозер кард, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.” Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур гуфтанд, ҳодиса худкушӣ буда ва ташхиси тиббӣ низ инро собит кардааст.

Ҳамчунин тафтиш маълум кардааст, ки Саидаҳмад Гулов рӯзи ҳодисаи худкушӣ бо мошини худ ба назди бинои 12-ошёнаи кӯчаи Аҳмади Дониш, ки наздиктар ба манзили зисташ аст, омада ва худравашро канори роҳ гузошта ва худаш ба табақаҳои болоии бино баромада ва худкушӣ кардааст. Бо он ки сабаби аслии даст ба худкушӣ задани Сайдаҳмад Гулов рӯшан нест, аммо маъмурони интизомӣ куштор будани ин ҳодисаро рад мекунанд ва онро худкушӣ медонанд.

Марҳум Сайдаҳмад Гулов, соли 1968 деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, дар гузашта дар Сарраёсати сӯхторхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилӣ кор мекардааст. Як соли охир вай ба Гвардияи Миллӣ гузаштааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG