Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худкушии тоҷики муттаҳам дар қатли 7 нафар дар СИЗО-и Маскав


Акси Анӯшервон Раҳмонов аз торнамои LifeNews

Акси Анӯшервон Раҳмонов аз торнамои LifeNews

Анӯшервон Раҳмонов, маъруф бо лақаби "устои Мосгаз", ки аз ӯ шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ном бурда мешавад, дар боздоштгоҳ худкушӣ кардааст. Аммо далели ин худкушии ӯ эълон нашудааст.

Анӯшервон Раҳмонов бо лақаби "устои Мосгаз" – шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, ки дар Русия ба қатли камаш 7 нафар муттаҳам мешуд, дар боздоштгоҳи муваққатии "Матросская тишина" худовезӣ кардааст. Дар ин бора Юлия Иванова, намояндаи кумитаи тафтишоти Русия ба хабаргузории Интерфакс иттилоъ додааст.

Хонум Иванова афзуда, ки ҳоло тафтиши иловагӣ дар бораи худкушии Анӯшервон идома дорад. Ба қавли ӯ, ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи панҷшанбеи 2 апрел пайдо карда, дарҳол ба бемористон интиқол додаанд. "Аммо ӯ аз ҳолати кома (беҳушӣ) берун наомад ва рӯзи ҷумъа даргузашт,"-нақл кардааст Иванова.

Пулиси Русия 15 марти соли ҷорӣ эълон кард, “маняк”-еро, ки худро устои “Мосгаз” – идораи гази шаҳри Маскав – муаррифӣ карда, соҳибони хонаҳоро бо ҳадафи ғорату пулу молашон мекушт, дастгир кардааст. Мақомоти пулис гуфтанд, ин шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон алакай даст доштани худ дар камияш 7 куштор, аз ҷумла дар қатли бераҳмонаи 4 узви як хонавода дар минтақаи Нагатинои пойтахти Русияро ба гардан гирифтааст.

Шабакаи телевизионии “Lifenews”-и Русия Анӯшервон Раҳмоновро пайрави яке аз нахустин манякҳои дастгиршуда дар Шӯравии собиқ донист, ки бо лақаби “Мосгаз” маъруф буд. Дар солҳои 60 дар Маскав қотиле амал мекард, ки ҳамин гуна бо коргари "Мосгаз" муаррифӣ кардани худ ба манзили мардум роҳ меёфт ва соҳибони хонаро мекушт. Ин қотилро, ки бо лақаби "Мосгаз" маъруф шуд ва яке аз нахустин котилони силсилаии ошкоршуда дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, дар соли 1964 дастгир ва ба қатл маҳкум карданд. Маълум шуд, ки ӯ Владимир Ионесян, зодаи шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон будааст. Мардум дар он солҳо бо ирсоли номаҳои дастҷамъӣ аз ҳукумати Шӯравӣ ҳатто хоста буд, ки Ионесянро дар майдони марказии Маскав дар мазҳари ом ба дор бикашанд. Ин қазия сужаи филми мустанаде бо номи «Откройте, Мосгаз!» ҳам шуд, ки шабакаи телевизионии НТВ таҳия кардааст.

Баъди боздошти шаҳрванди Тоҷикистон ширкати "Мосгаз" бо нашри як баёнияи расмӣ сокинони Маскавро ҳушдор дод, то дари манзили худро ба рӯи одамони бегонае, ки худро коргари ин ширкат муаррифӣ мекунанд, накушоянд. Ин ширкат рӯзи 15 март ҳатто рӯйхати тамоми устоҳояшро вобаста ба ҳар минтақаи пойтахти Русия нашр кард, то ба гуфтаи масъулонаш, "аз сӯиистифодаи номи "Мосгаз" ба мақсадҳои нопок дар оянда ҷилавгирӣ шавад."

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манобеаш дар мақомоти интизомии Русия гуфт, пулис изи ин “маняк”-ро баъди куштори бераҳмонаи як пиразани 65-сола дар кӯчаи Судостроителная дар минтақаи Нагатинои шаҳри Маскав пайдо карданд. Қотил рӯзи чоршанбе, 11 март ба манзили ин пиразан ҳам худро коргари “Мосгаз” муаррифӣ карда, ворид шудааст. Ҷасади соҳиби хонаро бо чанд захми корд сӯхторнишонҳо пайдо карданд, чунки қотил баъди куштани пиразан ва дуздии молу пулаш хонаи ӯро ҳам оташ задааст.

Аммо ин дафъа, ба гуфтаи манбаи Интерфакс, симои Анӯшервонро камераи назоратии даромадгоҳи ин бино сабт кардааст ва бар асоси ин навор алакай шаби 13 ба 14 март шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро дастгир карданд.

Ин нукта маълум нест, ки оё Анӯшервон Раҳмонов дар Маскав чӣ мекард ва кай ва аз куҷои Тоҷикистон ба Русия рафтааст?

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамин тавр, то ним миллиони дигар зодаҳои Тоҷикистон, ки алакай шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, кору зиндагӣ мекунанд. Бино ба охирин омор, аз ин шумор 7786 шаҳрванди тоҷик дар зиндонҳои Русия адои ҳукм мекунанд. Аксари онҳо бо ҷароиме, чун қочоқи маводи мухаддир, тақаллуби аснод ва вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия зиндонӣ шудаанд. Ва бар хилофи гузоришҳои фаровони матбуоти Русия, то имрӯз дар байни маҳбусони тоҷики зиндонҳои ин кишвар, хушбахтона, ягон тоҷике нест, ки ҳамчун “маняк” маҳкум шуда бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG