Пайвандҳои дастрасӣ

Замон Забуров, раҳбари дорухонаи "Мадад" дар Панҷакент шаби гузашта худкушӣ кардааст. Ҳафтае пеш як фурӯшандаи ин дорухона бо зарби корд кушта шуда буд.

Замон Забуров, раиси дорухона (аптека)-и "Мадад" дар шаҳри Панҷакент, шаби гузашта дар зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд худкушӣ кардааст. Ин хабарро рӯзи 23 феврал дар суҳбат бо Озодӣ навбатдори шуъбаи корҳои дохилии Панҷакент тасдиқ кард, вале гуфт, ки ҳанӯз сабабҳои ба худкушӣ даст задани Забуров мушаххас нашудааст.

"Фақат ҳамин чиз барои мо равшан аст, ки ӯ худро овехтааст," - гуфт мусоҳиби мо аз шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ҳоло ҷасади Замон Забуров барои ташхис ба сардхонаи маркази шаҳр оварда шудааст ва иллатаҳои худкушии ӯ дертар эълом хоҳад шуд.

Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ уфтодааст, ки як ҳафта пеш як фурӯшандаи ин дорухона бо 11 зарби корд аз тарафи афроди ношинос ба қатл расида буд. Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент ҳам мегӯяд, шояд марги раҳбари дорухона бо ҳодисаи марги фурӯшандааш Маҳмадраҷаб Тоштемирови 55-сола, рабт дошта бошад, вале то анҷоми тафишот шарҳе дода намешавад.

Маҳмадраҷаб Тоштемиров фурӯшандаи ин дорухона аз тарафи афроди ношинос шаби 15 феврал ба қатл расида буд.

Мақомоти тафтишотии ШКД Панҷакент дар ҳафтаи гузашта ронандаи раиси ин аптека Шероз Бобоевро ҳамчун гумонбар дар қатли фурӯшандаи дорухона дастгир карданд, ки феълан дар боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия нигоҳдорӣ мешавад.

Наздикони Шероз Бобоев мегӯянд, вай ба ҳеҷ сурат ба қатли ҳамкори худ даст назадааст. Бираҳима Мирзоева, ҳамсари Шероз гуфт, тайи як ҳафта мешавад шавҳараш дар СИЗО аст, аммо мақомоти тафтишот иҷоза намедиҳанд,ки бо ӯ мулоқот кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG