Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Фарзона Раҳматова худро ба дарё партофт?


​Мақомот мегӯянд, Фарзонаи 18-сола баъд аз он ки волидонаш хостаанд, ӯро маҷбурӣ ба марди бузургсоле ба шавҳар диҳанд, худкушӣ кардааст. Аммо наздиконаш то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Кормандони ҳолатҳои фавқулода ё изтирории Суғд то кунун ҷасади Фарзона Раҳматова -- сокини 18-солаи шаҳри Истаравшанро, ки 4-уми январи соли ҷорӣ худро дар дарёи Сир (Сайҳун) ғарқ карда буд, пайдо накардаанд. Ин қазия ҳоло сӯҳбати хосу омро дар маҳофили шимоли Тоҷикистон гарм нигоҳ медорад ва ҳатто Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, дар яке аз сӯҳбатҳояш ин масъаларо дар миён гузошт.

Дар ҳоле ки оқои Раҷабов аз ҳодисаи худкушии Фарзона ёдоварӣ мекард, гуфт, ин сокини ҷавони Истаравшан танҳо баъд аз он ки волидонаш хостаанд маҷбурӣ ӯро ба шавҳар диҳанд, даст ба ин кор задааст. “Аз Истаравшан як духтар худашро ғарқ кардааст. Барои он ки падару модараш ӯро ба шавҳар додан хостанд ва мард калонсолтар будааст”,-таъкид дошт мири Хуҷанд.

Ҷузъиёти ин қазия то ҳол дастрас нест ва талоши мо низ барои пайдо кардани волидони Фарзона бенатиҷа буд.

Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода

Дар Тоҷикистон бештари ҷавонон бо иҷозаи волидон ва ё хости онҳо оиладор мешаванд. Волидон мегӯянд, таҷрубаи бойи зиндагӣ имкон медиҳад, онҳо дар интихоби ҳамсар барои фарзандони худ ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Дар ҳоле ки, ба бовари онҳо, бештари ҷавонон на аз рӯи одобу ахлоқи оиладорӣ, балки аз рӯи орзую ҳавас ва ишқи лаҳзаина ҳамсар интихоб карда, баъдан дар ними роҳ пушаймон хоҳанд шуд. Аммо баъзан интихоби волидон низ бо фарзандон дуурст намегирад ва паёмадаш ҳам хархаша, қасди худкушӣ ва ё худкушӣ мегардад.

Холидаи 19-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм крадааст, низ шаш моҳ қабл қасд ба ҷони худ кард. Аммо наздиконаш зуд аз ин вазъ огоҳ шуда, ӯро ба бемористон бурданд ва ҳоло ӯ саломат асту нияти идомаи таҳсилро дорад.

Ин сокини ҷавони Қӯрғонтеппа мегӯяд, замоне қасди худкушӣ кард, ки падараш ният дошт, ӯро ба писари амакаш ба шавҳарӣ диҳад: “Вақте ту ҳама хостҳои волидонро иҷро мекунӣ ва онҳо дар навбати худ зидди хоҳиши ту амал мекунанд, рӯҳан шикаста мешавӣ”. Холида мегӯяд, ҳоло падараш ризоят додааст, ки ӯ ба таҳсилаш идома диҳад ва сипас издивоҷ намояд.

Ба худкушӣ даст задани Фарзона ба хотири ба шавҳар доданаш, дар ҳолест, ки соҳибназарони тоҷик мегӯянд, маҷбурӣ ба шавҳар додани духтарон дар Тоҷикистон то ҳадде коҳиш ёфтааст. Райҳонгул Ҳайбердиева, раҳбари ташкилоти “Дилафрӯз”, дар Хатлон мегӯяд, “як-ду соли охир маҷбурӣ хонадор кардани духтарҳо камтар шудааст. Падару модарон ҳам дигар фикр мекунанд, агар духтаронро ба нафаре хонадор кунанд, ки дӯсташ намедорад, шояд ба кори баде, аз қабили худкушӣ даст занад. Ҳамчунин домуллоҳо низ дигар аз никоҳ кардани духтарони синнашон ба балоғат норасида худдорӣ мекунанд.”

Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло мушкилие, ки духтарон дар минтақаҳо доранд, таҳсилашон дар мактабу донишгоҳҳост. “Падар ё модар ба ҳамсоя пайравӣ карда, монеи хондани духтарон мегарданд. Вақте як нафар духтарашро хондан нагузошт, дигараш мегӯяд, духтари фалонӣ мактаб намеравад ва ту ҳам нарав, ки гап накунанд”,-афзуд ӯ.

Бино ба омори расмӣ, дар соли 2014 дар Тоҷикистон 550 мавриди худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар бештари ҳолатҳо занону духтарон қасди тарки ихтиёрии зиндагиро кардаанд. 95 ҳолати худкушӣ аз ҷониби ноболиғон сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG