Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 50 нафар дар ҳамла ба як ҷашни арӯсӣ дар Туркия


Мақомоти Туркия мегӯянд, теъдоди қурбониёни бомбгузорӣ, дар шаҳри ҷанубшарқии Ғозиёнтеппа, ки зоҳиран маргталабона буд, ба 50 нафар расид. Алӣ Йерликая, раиси шаҳр рӯзи 21-уми август гуфт, “шумораи онҳое, ки дар бомбгузории террористӣ кушта шуданд, имрӯз ба 50 нафар расид.” Пештар гуфта мешуд, ки дар бомбгузории шоми 20-уми август, 30 нафар кушта ва 94 тани дигар захмӣ шудаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки далелҳо нишон медиҳанд, ки эҳтимолан гурӯҳи "Давлати исломӣ" ин ҳамларо анҷом додааст. Муҳаммад Эрдуғон, як узви ҳизби "Адолат ва тараққӣ" ва яке аз намояндагони ин шаҳр дар парлумони Туркия гуфтааст, ки ба "эҳтимоли зиёд" ҳамлаи интиҳорӣ будааст.

Хабаргузории "Дуған"-и Туркия аз қавли Шамил Тайёр, як намояндаи дигари ин шаҳр дар парлумон аз ҳизби ҳокими "Адолат ва тараққӣ" навиштааст, ки тибқи гузоришҳои аввалия, гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар пушти ин таркиш қарор дорад. Ба гуфтаи раиси пулиси шаҳри Ғозиёнтеппа, ин ҳодиса соати тақрибан 11-и шаби шанбе ба якшанбе рух додааст.

Марзҳои ҷанубии Туркия дар ҳамсоягии Сурия ва ҳамчунин минтақаҳои шарқии ин кишвар дар чанд моҳи ахир шоҳиди хушунатҳо, бамбгузориҳо ва даргириҳои хунин будааст.

Шаҳри Ғозиёнтеппа дар наздикии марзи Сурия -- ҳудуди 100 километр дуртар аз шаҳри Ҳалаб, ки ҳоло даргириҳои шадид дар ҷараён аст, қарор дорад. Маҳмуд Туғрал, намояндаи ҳизби мухолифи Демократи халқӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки ҳамла дар "маросими курдҳо" рух додааст. Ин ҳизб ҳамлаи шаби гузаштаро маҳкум кардааст.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" қаблан низ масъулияти ҳамлаҳоеро дар шаҳрҳои курднишини Туркия ба ӯҳда гирифта буд. Марзҳои ҷанубии Туркия дар ҳамсоягии Сурия ва ҳамчунин минтақаҳои шарқии ин кишвар дар чанд моҳи ахир шоҳиди хушунатҳо, бамбгузориҳо ва даргириҳои хунин будааст, ки ҳам Ҳизби коргарони Курдистон ва ҳам гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар онҳо даст доштаанд.

Аз ҷумла ду рӯз пеш аз ин, дар таркишҳо дар минтақаҳои курднишин ҳафт нафар кушта ва беш аз 220 тани дигар захмӣ шуданд. Нахуствазири Туркия Биналӣ Ййилдрим Ҳизби коргарони Курдистони Туркияро масъули он таркишҳо эълон кард.

Дар баробари ҳамлаҳои ахир, Туркия ҳоло саҳнаи рӯёрӯии нерӯҳои амниятӣ бо касоне аст, ки ба ҳимоят аз Фатҳулло Гулен, рӯҳонии мухолифи ҳукумати Туркия, муттаҳам шудаанд. Ҳукумати Эрдуғон тарафдорони Гуленро муттаҳам мекунад, ки дар табаддулоти нофарҷоми 15 июн даст доштанд. Гулен ин иттиҳомро радд кардааст.

XS
SM
MD
LG