Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медал ба Сӯҳроб Қурбонов пас аз маргаш


Ҷоизаро ба ҳамсари Сӯҳроб Қурбонов сафири Русия дар Тоҷикистон супурд.
Ҷоизаро ба ҳамсари Сӯҳроб Қурбонов сафири Русия дар Тоҷикистон супурд.

Сӯҳроб Қурбонов, рассоми саршиноси тоҷик пас аз маргаш ба нишони ифтихорӣ, ки “Барои саҳми вижа дар ҳамкориҳои байналмилалӣ" ном дорад, ноил шуд.

Ин ҷоизаро Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл дар маросиме дар нигорхонаи шахсии Сӯҳроб Қурбонов ба муносибати 70-умин солгарди ин наққоши маъруф, ба дасти пайвандонаш супурд.

Ҷаноби Лякин-Фролов зимни суханронӣ дар ин маросим гуфт, ҷоизаро ба Сӯҳроб Қурбонов барои инъикоси равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар эҷодиёташ, вазорати хориҷаи Русия эъто мекунад. Игор Лякин Флоров ҳамчунин Сӯҳроб Қурбоновро як ҳунарманди сатҳи байналмиллалӣ тавсиф кард ва гуфт, маҳсули эҷоди ин рассоми тоҷик дар баъзе аз осорхонаҳои маъруфи дунё ва бойгониҳои шахсии бархе сиёсатмадорону шахсиятҳои маъруф ҷаҳонӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, “ӯ аз рассомоне буд, ки ҳам дар доираи кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ва ҳам берун аз он дар арсаи байналмилалӣ шӯҳратёр аст. Ҳангоми сӯҳбати охиринамон бо ӯ тасмим доштем, ки ҷашни 70-солагияшро дар доираи тамоми кишрҳои ҷомеа, ҳам зиёиён ва ҳам мардум ва донишҷӯён ҷашн гирем. Супоридани ин ҷоиза ҳам бахше аз ин нақша буд, ки мутаассифона натавонистем дар зиндагияш анҷом бидиҳем.”

Дар маросим ҳамчунин зикр гардид, ки Сӯҳроб Қурбонов ҳамвора талош мекард, ки эҷодиёташ фаротар аз маҳдудаи кишвар бошад ва барои ҷаҳониёниён ҳам арзиш дошта бошанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, осори наққошии Сӯҳроб Қурбонов дар бойгониҳои шахсии афроди саршиносе чун Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Кофи Аннон, собиқ дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Шоҳкарим Ал-Ҳусейнӣ, раҳбари исмоилиёни чаҳон, Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури собиқи Покистон, Юрий Лужков, шаҳрдори собиқи Маскав, фазонавардон Терешкова ва Батурина ва чандин осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон мавҷуданд.

Профессор Раҳмон Улмасов, аз дӯстони наздики Сӯҳроб Қурбонов, мегӯяд: “Замоне ки Хуан Антонио Самаранч, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Тоҷикистон омад, ӯ аз коргоҳи Сӯҳроб Қурбонов дидан кард ва 12 наққоширо аз миёни корҳои ӯ интихоб кард. Пас аз чанд муддат Сӯҳроб Қурбонов ба ман гуфт, ки тамоми он наққошиҳоеро, ки ба Хуан Антонио Самаранч бо нархи хеле арзон дод, акнун дар маъруфтарин осорхонаҳои Аврупо қарор доранд.”

Малика Қурбонова, духтари Сӯҳроб Қурбонов, ки пас аз марги падараш тамоми кори ҳифзу нигаҳдории осорхонаи ӯро бар ӯҳда дорад, гуфт, падараш бо ин, ки осори гаронбаҳое барои хонавода ва мардуми тоҷик боқӣ гузоштааст, ҳадафҳову хостаҳо ва наққошиҳои зиёде дошт, ки нотамом мондаанд. Малика Қурбонова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо тамоми осори боқимондаи падарамро дар ҳамин осорхона ҳифз мекунем. Падарам солиёни зиёди умрашро сарфи ин осорхона кард ва мо наметавонем ҳеҷ як аз наққошиҳояшро ба фурӯш гузорем. Ният дорем, ки аз ин ба баъд дарҳои осорхонаро ҳади аққал ҳафтае як маротиба бар рӯйи мардум ва ҳаводорони ҳунари наққоши боз кунем.”

Тамоми осори нотамоми Сӯҳроб Қурбонов дар як утоқе аз осорхонаи ӯ ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи Сурайё Қурбонова -- ҳамсари Сӯҳроб Қурбонов, шавҳараш то дами марг тамоми пули барқу молиёти ин осорхонаро комилан аз ҷайби худ мепардохт ва ҳамакнун ин кор бар дӯши фарзандонаш аст. Духтараш ҳам мегӯяд, ҳарчанд дар бораи ин масъала ҳанӯз ба ҳукумат муроҷиат накардаанд, вале умедворанд, ки дар кори супурдани молиёт барояшон осонӣ фароҳам шавад.

Сӯҳроб Қурбонов беш аз 30 сол раиси Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон буд. Вай дар тӯли умраш тавонист узвияти Академияҳои наққошии Қирғизистон, Русия ва Украинаро ба даст орад ва ҳамчунин проффесори ифтихории Донишгоши Нанкини Шанхай шавад. Ин рассоми маъруф инчунин медали тилоии Пушкинро ба даст овард, ки барои саҳми афрод дар рушди фарҳанг, маъориф, адабиёт, мероси фарҳангӣ ва ғайра дода мешавад.

Ӯ танҳо намояндаи Осиёи Миёна аст, ки наққошиҳояш дар замони зиндагияш дар музеи Метрополитени Ню-Йорк ба намоиш гузошта шуданд. Наққошиҳои ӯ ҳамчунин дар Голереяи Третяков, музеи ҳунари мардумони Шарқ, вазоратҳои фарҳанг, федератсияи анҷуманҳои наққошони ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.

Сӯҳроб Қурбонов дар даврони ҷавонияш дар ороиши бисёре аз сохтмонҳо ва осори меъмории Тоҷикистон, аз ҷумла ороиши Театри опера ва балет саҳм доштааст. Вай соли 1946 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омад ва 10-уми майи соли 2016 даргузашт. Ба гуфтаи пайвандонаш, солҳои ахир ба далели кам шудани биноии чашмонаш ҷарроҳӣ шуда буд ва муддате пас аз ҷарроҳӣ бар асари боло рафтани фишори хун, даргузашт.

XS
SM
MD
LG