Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони суғдӣ чӣ мехоҳанд?


Таҷлили рӯзи ҷавонон дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара. 21 маи соли 2012

Таҷлили рӯзи ҷавонон дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара. 21 маи соли 2012

Шаби 29-уми январ номи ҷавонони деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд дар иртибот бо сангборони фурӯшгоҳ, мактаб ва хонаҳои як идда сокинони деҳаи Кӯктоши вилояти Бодканди Қирғизистон вирди забонҳо шуд.

Аз ин пеш, дар ибтидои моҳи январи соли равон ду сокини вилояти бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ноҳияи Масчоҳ дастгир шуда, чаҳор сокини ин ноҳия, ки мақомотро аз вуҷуди афроди машкук огаҳ накарда буданд, мавриди шубҳа ва бозҷӯии мақомоти амнмятӣ қарор гирифтанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳмов рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни мулоқот бо ҷавонони суғдӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, аз 66 ҷинояте, ки соли гузашта донишҷӯёни тоҷик содир намудаанд, 22 ҷиноят ба донишҷӯёни суғдӣ рост меояд.

Усулан, аксари мансабдорони давлатӣ ва шореҳоне, ки мавзуъи тундравии ҷавононро бо онҳо дар миён гузоштем таъкид карданд, ки ҷавонони вилояти Суғд аз ҷавонони гӯшаҳои дигари Тоҷикистон фарқе надоранд ва ифротгароии баъзе ҷавонон чӣ дар шимолу чӣ дар ғарб ва чӣ дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Назари ҳамсӯҳбати мо - шореҳи умури сиёсиву иҷтимоӣ Неъматулло Мирсаидов қабул аст, вале дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он шимоли Тоҷикистон як минтақаи амн буд ва сокинони ин қисмати Тоҷикистон дар ҷангу ҷидол шарик набуданд. Пас ин ҷумбу ҷӯши ҷавонон аз куҷо аст?

Шореҳи умури сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, “Бекорӣ ва аз назорат дур мондани ҷавонон метавонад заминаи иҷтимоии майли ҷавонон ба ифротгароӣ бошад. Баъзе падару модарон ба кӯдаконашон диққат намедиҳанд, зеро аз субҳ то шаб дар кор ҳастанд, то қути лоямуте барои пешбурди рӯзгорашон пайдо кунанд. Шояд дар ҳамин ҳол баъзе ҷавонон зери нуфузи нерӯҳои тундгаро қарор гиранд”.

Аммо сухангӯи ҳукумати иҷроияи вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён назари дигар дорад. Вай мегӯяд, "Ҳар ҳодиса бояд алоҳида арзёбӣ ва баҳодиҳӣ шавад. Вале бо вуҷуди ин, набояд фаромӯш кард, ки минтақаҳои марзӣ доимо ҳассос будаанд. Аксари мардум мехоҳанд, ки дар дӯстиву рафоқат бо ҳамсоягон ба сар баранд, аммо боз ҳам афроде пайдо мешаванд, ки мухолифи ин назму субот ҳастанд. Дар чунин ҳолатҳо ҳамеша эҳсос рӯи ақли солим ғалаба мекунад”.

Ҷомъешиносон мегӯянд, ки ҷавонони суғдӣ ба монанди ҷавонони манотиқи дигар имкони зиёди рушд надоранд. Онҳо мегӯянд, хешу таборбозӣ ва фасод боиси дилсардии ҷавон шудааст. Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, ҷавон бо сад орзуву ҳавас таҳсил мекунанду коре наёфта, ночор ба Русия мераванд: “Дар сиёсати давлат камбудиҳои зиёд ҷой дорад. Дар ҷомеа фасод рушд кардааст. Хулоса заминаи эътироз барои ҷавонон кам нест. Дар чунин ҳол ҷавонон тундрав ҳам мешаванду дар ҳолатҳои бисёр тундравии худро ошкор намекунанд. Онҳо мавқеи худро ошкор намекунанд. Онҳо метавонанд пинҳонӣ ҳам бо гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шаванд.”

Вале сухангӯи ҳукумати иҷроияи вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён мегӯяд, ҳукумат аз камбудиҳои худ огаҳ аст ва саъй дорад, вазъро тағйир диҳад: “Масалан, рӯзи гузашта бори аввал дар вилояти Суғд гурӯҳи сиёсатмадорони ҷавон курси омӯзиширо хатм намуданд. Ба 42 нафари онҳо шаҳодатнома тақдим карда шуд. Онҳо бояд дар умури фаҳмондадиҳӣ кор баранд”.

Аз сӯи дигар, ҳамин гуна як созмон бо номи "Ампаро" аз соли 2005-ум вуҷуд дорад, ки дар он асосан ҷавонҳо фаъолият мекунанд. Вале додгоҳи Хуҷанд моҳи октябри соли 2012 ҳукми басташавии ин созмонро содир кард. Яъне сарнавишти як созмони ҷавонон, ки дар пайи ҳалли мушкили насли нави Тоҷикистон буд, маълум нест ва комилан баста шудани он аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Илҳоми Ҷамолиён мегӯяд:“Ман ба ҳайси як шаҳрванд аз чунин сурат гирифта, ин қазия хушҳол нестам, вале дар назди қонун ҳама бояд баробар ҷавобгӯй бошанд.”

Бо вуҷуди даъвати давлату созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла созмони Афви байналмилал, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, САҲА дар бораи дубора фаъол шудани кори "Ампаро", то ҳол маълум нест, ки тасмими ниҳоии ҳукумат дар ин робита чӣ хоҳад буд? Дар Анҷумани "Ампаро" 30 ҳуқуқшиноси ҷавон ба таври доимӣ ва 30 нафари дигар ҳамчун довталаб ё худ волонтёр фаъол буданд. Ҳимоят Дилбар Самадова

Дилбар Самадова

аз ҳуқуқи сарбозон дар артиш, ҳодисаҳои шиканҷаву бадрафторӣ ва даъвати иҷборӣ ба хидмати аз доираи масоиле буданд, ки ин созмон пайваста матраҳ мекард ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мушкилот ҷалб менамуд.

Дилрабо Самадова раҳбари "Ампаро" мегӯяд, сарфи назар аз он, ки сарнавишти Ампаро чӣ мешавад, гурӯҳи онҳо пароканда нахоҳад шуд ва ба талошҳо барои тавсеаи нуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро идома хоҳад дод.

Воқеан ҳам ҷавонон на танҳо дар Суғд ба мушкилӣ пайдо намудани мақому манзалати муносиб рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз вилояти Суғд ҳам метавон номи зиёдеро ба забон овард, ки мисли муштзани суғдӣ Ҷаҳон Қурбонов дар рӯи олам маъруфу машҳур шудаанд. Барои овозхони ҷавон Нигина Амонқулова ҳам касе ояндаи дурахшон таҳия накарда буд. Ӯ худ заҳмат кашиду имрӯз оҳангҳояш дар саросари дунё садо медиҳанд.

Шояд корномаи Ҷаҳон Қурбонов, Нигина Амонқулова, ҳуқуқшиносони ҷавони Анҷумани "Ампаро" ва садҳо ҷавони дигари суғдӣ, ки ин ҷо ёд накардаем, барои дигарон намуна шавад ва онҳо дарк кунанд, ки набояд мунтазир буд, ки касе биёояду барои онҳо сарнавишт созад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG