Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷойи кори нафақахӯрон миёни ҷавонон талабгор надорад"


Бисёре аз сокинони пойтахт дастури дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар мавриди гусели нафақахӯрон аз идораҳои давлатиро дастгирӣ менамоянд.

Ҷавоне барои исботи дурустии ин иқдом қонунҳои анатомияро зикр кард, ки тибқи онҳо, баъди 60-солагӣ қобилияти кории инсон заиф ва асабҳояш хароб мешудаанд.

Сокини миёнсоле гуфт, бархе аз бознишастагон баробари нафақа боз 2-3 ҷойи кориро банд кардаанд, ки нодуруст аст. Ба гуфтаи ӯ, нафақахӯроне, ки синашон ба 70 расидааст, дигар дар ягон бахш навоварӣ ва фикри тозаеро намеоранд. Бинобар ин беҳтар аст, роҳро барои ҷавонон холӣ кунанд.

Зани миёнсоле изҳор дошт, ки аз кор рафтани нафақахӯрон дар баъзе соҳаҳо ба манфиати кор аст, аммо барои бахшҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ ин иқдомро зараровар арзёбӣ кард.

Дигаре аз мусоҳибони «Озодӣ» изҳор дошт, ки ҷавонони ҳозира асосан ба пули падару пуштибонҳо такя мекунанд ва мутахассиси хуб нестанд. Ӯ мӯътақид аст, ки бо рондани бознишастагон, идораҳои давлатӣ аз мутахассисони хуб маҳрум хоҳанд шуд.

Ҷавони дигаре таъкид кард, он корҳое, ки нафақахӯрон дар идораҳои давлатӣ анҷом медиҳанд, дар миёни ҷавонон барои музди ночизашон талабот надоранд.

Ба назари Шумо, маъракаи гусели нафақахӯрон, ки айни ҳол дар идораҳои давлатӣ бо дастури дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон идома дорад, то куҷо дуруст аст?

Гусели нафақахӯрон аз идораҳои давлатӣ дуруст аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
XS
SM
MD
LG