Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Суғд чашми умед ба мулоқоти Бишкек дӯхтаанд, ки дар он ба роҳҳали коҳиши шиддати авзоъ дар манотиқи наздимарзӣ даст хоҳанд ёфт.

Дар ҳоле ки баъди тақрибан 20 рӯзи рӯёрӯйии мусаллаҳона дар марз мақомоти тоҷику қирғиз гоми муҳиме ҷиҳати содда кардани вазъ ба сӯи ҳам гузоштанд.

Намояндагони баландпояи ниҳодҳои қудратии ду кишвар дар гуфтушӯниди Исфара рӯзҳои 28-ум ва 29-уми январ сари берун кашидани қисмати бузурги нерӯҳои низомӣ аз хати марз тавофуқ карданд. Аммо ҷониби Қирғизистон ба қатъи сохтмони роҳи ҷанҷолбарангез тавассути қисмате аз замини Исфара розӣ нашуд.

Манобеъи наздик ба ин музокира мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард Қирғизистон агар роҳ сохтанист, қисмате аз замини баҳсноки байни деҳаҳои Хоҷаи Аълову Ворух, бо тахминан 4.5 километр тӯл ва 500 метр паҳноро дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад, вале ин пешниҳод низ аз ҷониби мақомоти қирғиз пазируфта нашуд. Ҳамин тавр, идомаи музокирот ба Бишкек кӯчид.


Ба гуфтаи комиссияи ҳукумати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марзӣ, дар Бишкек ҳайъатҳои ҳукуматии тоҷику қирғиз сабабҳои муноқишаи байни сарҳадбонҳо дар рӯзи 11-уми январ, сохтмони роҳи баҳсбарангези Бодканд ва пешниҳоди ба Тоҷикистон додани пораи замини байни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Ворухи Исфараро баррасӣ хоҳанд кард.

Сокинони наздимарзии Исфара ба ин мулоқот чашми умед дӯхтаанд ва мегӯянд, ба ҳалли мушкилоти марзии худ умедворанд, аммо ба тарзе ки Тоҷикистон ҷамоати Ворухро дар инзиво ва ҷазирае танҳо нагузорад.

Абдуғаффор Ғоибов, узви комиссияи паритетии марзииТоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 1969 – 1989 чунин гуфт: “Як роҳи ҳалли масъала ин ки Қирғизистон ба мо каме замини “коридор” диҳад, мо давоми роҳи Хоҷаи Аъло - Ворухро, ки ҳозир аз деҳаи Оқсойи қирғизҳо меравад, аз канораш мустақиман то ҷамоати Ворух расонем. Роҳбарони мо ҳам ба ин пешниҳодамон майл нишон доданд ва ҳамин тавр мешуд, мушкиламон ҳал мегашт. Он вақт мо аз вазъи “анклав” мебаромадем.”

Мусоҳиби дигари мо Собир Сафаров, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло пешниҳод дорад, то ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин набастани пеши маҷрои рӯди Исфараро дар саргаҳи он дар қаламрави баҳснок аз сӯи Қирғизистон назди ин кишвар шарт гузорад. Зеро агар дар оянда қирғизҳо дар саргаҳи ин ягона манбаъи оби нӯшокиву кишоварзии минтақа обанбор бунёд кунанд ва маҷрои онро ба сӯи заминҳои худ гардонанд, ҳоли сокинони Исфараву киштзорони онҳо табоҳ хоҳад гашт.

Ба назари коршиносони минтақаӣ, имрӯз Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вазъе қарор доранд, ки бояд дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ба ҳам гузашт кунанд. Неъматуллоҳи Мирсаид, коршиноси амнияти минтақаӣ мегӯяд: “Агар ин кишварҳо аз гузашт рӯ тобанд ва якравона ресмони баҳсҳои марзиро ба сӯи худ кашанд, он оқибат канда мешавад ва ҳар баҳсу муноқишаҳои марзӣ, дар ҳоле ки аз ҳар ду тараф дар хати марз сарбозону муҳимоти зиёди ҷангӣ ҷамъ овардаанд, ба ҷанҷолҳои мусаллаҳонаву ҷанг расонданаш мумкин аст. Вале мардумони ин кишварҳои ҳамсоя ҷангу хунрезиро намехоҳанд. Аз ин рӯ, ман гумон дорам, раҳбарони олимақоме, ки дар Бишкек ҷамъ омадаанд, зарурати воқеии ҳалли масъалаҳои марзиро бо роҳи сиёсӣ хуб дарк мекунанд.”

Ҷаноби Мирсаид афзуд, дар музокироти Бишкек баррасии сабабҳои муноқишаҳои марзӣ ва пешгирии онҳо низ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор хоҳад гирифт. Ба назари ин коршинос, кишварҳои болооби Қирғизистон ва Тоҷикистон зиёд мушкилоти яксон доранд, мисли истифода аз захоири обии минтақа, бунёди неругоҳҳои обии барқ ва интиқоли нерӯи барқ ба хориҷа. Дар чунин вазъ ба манфиати ин кишварҳост муноқашаҳову кинаҳоро канор гузоранду аз шарикӣ кор гиранд.

Таърихчаи танишҳо

Рӯзи 11 январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз бар сари сохтмони як роҳи мошингард да марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд, дар минтақае ки Қирғизистон қаламрави худ ва Тоҷикистон хоки худ мешуморанд, ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Ин қазия ба таниши аз нигоҳи шиддаташ то ҳол бесобиқае дар равобити Қирғизистону Тоҷикистон мунҷар шуд. Қирғизистон баъди ин тирпарронӣ марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе «барои машварат» ба Бишкек фаро хонд.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар ин муддат 3 маротиба ба Тоҷикистон нота ва як изҳорот фиристода, масъулияти тирпарронии ахирро ба дӯши марзбонони тоҷик бор мекунад, ки гӯё монеъи сохтани роҳи Кӯктош - Оқсой - Тамдиқ дар қаламрави Қирғизистон шуда, марзи ин кишварро бо миномёт тирборон кардаанд. Аммо Душанбе мегӯяд, ки ҷониби Қирғизистон алорағми тавофуқоти қаблӣ дар минтақаи баҳсии марзи ду кишвар ба сохтани роҳ шурӯъ кард ва тирандозиро марзбонҳои қирғиз оғоз кардаанд ва марзбонҳои тоҷик танҳо ба хотири пешгирӣ аз низоъи бузургтар ва берун кардани нирӯҳои қирғиз аз қаламрави Тоҷикистон даст ба силоҳ бурдаанд.

Дар ҳар сурат, ин тирпарронӣ мушкилоти ҷамъшуда дар равобити Душанбеву Бишкек бахусус дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳоро бармало кард. Аз 976 километр марзи ду кишвар тайи 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 504 километраш аломатгузорӣ шуда, ба гуфтаи як мақоми қирғиз, ду ҷониб аз соли 2006 ба ин сӯ дар ин раванд ягон километр дигар пеш нарафтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG