Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси вилояти Суғд ба мақомоти фарҳанг пешниҳод кард, то қолабҳои кӯҳнаро бишикананд ва дарҳоро бар рӯи ҷавонони боистеъдод ва соҳибҳунару ташаббускор боз кунанд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд рӯзи 29 -уми январ дар мулоқоти густарда бо аҳли фарҳанги ин вилоят бо хитоб ба онҳо гуфт, нерӯ ва истеъдоди ҷавононро барои фаъол намудани муассисаҳо ва роҳандозии барномаҳои фарҳангӣ ҷалб кунанд. Ба назари вай, ҷавонон бо фикру барномаҳои тозаву нав дар ин роҳ пешрафт ва дар ислоҳи вазъ саҳм хоҳанд гирифт: “Агар фикру пешниҳодҳои нав аз ҷониби ҷавонони боистеъдод мисли шаббодаи нав дар муҳити фарҳанг, ҳунар ва синамову театр ба варзиш надарояд, мо пешрафт кардан наметавонем.”

Ҷаноби Қодирӣ афзуд, ҳарчанд раҳбарони бахши фарҳанг дар шаҳру ноҳияҳо мустақиман барои қабули кадрҳои наву ҷавон ба кор мухолифат намекунанд, аммо кам будани ҷавонон дар байни онҳо, баёнгари он аст, ки “хомӯшона” роҳро барои ворид шудани ҷавонон танг кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҷавонони тоҷик, аз ҷумла дар вилояти Суғд як қишри осебпазири ҷомеа унвон мешаванд, ки бекориву бешуғлӣ дар ватан, бахши аъзами онҳоро ҳамасола ба муҳоҷирати корӣ ба Русия ва кишварҳои дигар мебарад. Инчунин, солҳои охир пайвастани ҷавонони Суғд ба созмону ҳаракатҳои тундрав ва мизони ҷинояткорӣ рӯ ба афзоиш дорад. Ин омилҳо мавзӯъи ҷалби ҷавонон барои иштироки фаъолона дар зиндагии ҷомеаро доғтар мегардонад.

Дар ин мулоқот раҳбарони бахшҳои фарҳанги ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва раҳбарони бархе муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарварони синамову театр ва рассомону овозхонҳо иштирок доштанд. Ба гуфтаи Орифҷон Набиев, раҳбари бахши фарҳанг дар ҳукумати Суғд, дар ҳоли ҳозир дар идораву муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд тахминан 8.5 ҳазор нафар кору фаъолият мекунанд, ки ҳудуди 30 дарсади онҳо ҷавонони 25-30 сола ҳастанд.

Муҳиддин Ҷӯраев

Муҳиддин Ҷӯраев

Вале манобеи ғайрирасмӣ шумораи ҷавонон дар муассисаҳои фарҳангиро ба маротиб камтар аз ин медонанд. Орифҷон Набиев мегӯяд: “Калонсол будани аксари кормандони идораву муассисаҳои фарҳангӣ сабаби умдатан объективӣ дорад. Имрӯз ба бахши фарҳанги вилоят нерӯҳои ҷавон зарур ҳастанд ва имсол дар ин самт корбарӣ мекунем.”

Муҳидин Ҷӯраев, филмсоз ва раҳбари студияи давлатии синамои навтаъсиси Суғд ба номи Комил Ёрматов ва Қурбон Бобоҷонов, саркоргардони театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз ҷавонтарин иштирокдорони мулоқот буданд, ки синни онҳо зери 30 аст. Зимнан, ҷавонони ангуштшумор дар Суғд чунин вазифаҳоро бар дӯш доранд. Муҳидин Ҷӯраев соли гузашта филми ҳунариеро бо номи “Паймон” ба навор гирифт, ки филмшиносон онро беҳтарин филми ҳунарӣ дар вилояти Суғд тӯли беш аз 2 даҳсолаи охир ва иқдоме ҷиддӣ дар наворгирии филми ҳирфаӣ номиданд.

Муҳидин Ҷӯраев баъди анҷоми мулоқот дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз даъвати раиси вилоят барои фароҳам сохтани шароит ва имконоти бештар барои ҷавонон истиқбол кард: “Дар ҳар соҳа ба дастоварде бо нигоҳи наву тоза ноил шудан мумкин аст. Ман дӯст медорам мисол биёрам таҷрибаи Ҷеймс Кэмерон, филмсози машҳури амрикоиро, ки дар ҳар филми наваш кӯшиш мекунад мавзӯъ ва нигоҳе тоза дошта бошад, мисли ҷавоне, ки нав рӯи саҳна омадааст. Албатта, таҷриба чизи муҳим аст ва тӯли солҳо ба даст меояд. Аммо мо, ҷавонон метавонем инро бо аз худ кардани таҷрибаи устодони ҳунар ҷуброн кунем. Масалан, мо барномаҳое дорем, ки устодони театр ва синаморо аз хориҷи кишвар, масалан филмсози маъруфи тоҷик Давлат Худойназаровро даъват кунем, ки ба мо давраҳои омӯзишӣ баргузор намоянд. ”

Кам будани маош умдатарин омилест, ки ҷавонони тоҷикро аз кор кардан дар китобхонаву осорхона ва театр қасрҳои фарҳанг дилсард кардааст. Ҳоло маоши миёнаи кормандони қасрҳои фарҳанг ва китобхонаву осорхонаҳо ҳудуди 500 сомонӣ аст. Як масъули қасри фарҳанг дар Хуҷанд бидуни муаррифии номаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бозсозиву таъмир кардани марказҳо ва қасрҳои фарҳанг ва ба сурати имтиёзнок ба иҷора додани он ба гурӯҳҳои ҳунарӣ ё афроди сармоядори саховатпеша, метавонад ин марказҳоро воқеан ба як ҷои баргузории маҳфилу ҳнарнамоиҳои фарҳангӣ ва ҷалби сокинон мубаддал созад. Аммо чун бозсозии марказ ва қасрҳои фарҳангӣ маблағҳои калон талаб мекунад ва ҷои сердаромад нест, сармоядорон ба онҳо чандон таваҷҷӯҳ надоранд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси Суғд дар ин мулоқот гуфт, дар ҳоли ҳозир қисми бештари муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмирталаб буда, ба норасоии асбоби мусиқӣ, лавозимоти саҳна ва мутахассисон рӯбарӯ ҳастанд. Инчунин ба гуфтаи вай, бархе муассисаҳои фарҳангӣ ба моликияти хусусӣ табдил ёфтаву бархе ҳам қатъи фаъолият кардаанд.

Соли 2015 дар вилояти Суғд “Соли рушди фарҳанг” эълон шуда, ҷиҳати таъйини дурнамои рушди фаъолияти идораву муассисаҳои фарҳангӣ ва ислоҳи камбудиҳо дар ин самт барномае ҳам ба тасвиб расидааст. Соли равон аз буҷаи вилоят ҳудуди 22 миллион сомонӣ танҳо барои таъмиру тармим ва бозсозии бинову иншооти муассисаҳои фарҳангӣ, умдатан кохҳо, театрҳо ва китобхонаву осорхонаҳо ҷудо шудааст, ки ба гуфтаи мақомот, бесобиқа аст.

Таъсиси муассисаи давлатии “Студияи синамои Суғд”, бозсозии боғи Камол, гузоштани пайкараи Содирхон Ҳофиз, баргузории озмунҳои “Шашмақомхонони ҷавон” ва “Беҳтарин суруди наврӯзӣ”, фестивал - озмуни карнайнавозон, бунёд ва таъмиру тармими қасрҳои фарҳанг, аз ҷумла дар ноҳияи Расулов ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ ва китобхонаву осорхонаҳо ,аз умдатарин пешрафтҳое дар бахши фарҳанг баршумурда шуд.

Вале ҷаноби Қодирӣ гуфт, рушди фарҳанг танҳо аз сохтани қасрҳову муассисаҳои фарҳангӣ иборат нест. Балки ҳифзи беҳтарин дастоварду анъанаҳои миллӣ, шурӯъ аз одоби муошират то либоспӯшӣ, рушди театр, синамо, мусиқӣ ва овозхонии тоҷикӣ, касбу ҳунарҳои халқӣ, пос доштани арзишҳои фарҳангии хос ва давлатдории милати тоҷик рукнҳои муҳими он аст, ки бояд ба рушд ва парваридани онҳо дар қалбҳои худу сокинон даст ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG