Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ваъдаи афв ба ҷангиёни тоҷики ҷанги Сурия


Акси ҷангиёни тоҷик ки гуфта мешавад, дар Сурия гирифтаанд.

Акси ҷангиёни тоҷик ки гуфта мешавад, дар Сурия гирифтаанд.

Додситонии Суғд аз ҷавононе ки дар хориҷ меҷанганд, даъват кардааст, ки бидуни ягон тарси таъқиб ба Тоҷикистон баргарданд ва ба зиндагии худ идома диҳанд. Аммо суол ин аст, ки ҷангиён ба ин ваъдаи мақомоти тоҷик оё бовар хоҳанд кард?

Додситони вилояти Суғд гуфт, агар ҷавонони тоҷики шомил ба ҳизбу созмонҳои террористиву эктремистӣ аз амалҳои худ даст кашида, ихтиёран аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргарданд, гуноҳи онҳо бахшида мешавад.

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабарии рӯзи 7 уми июл дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Бо истифода аз фурсат аз васоити ахбори омма хоҳиш менамоям, бирасонанд, ки ҳар ҷавоне, ки гумроҳ гашта, ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ шомил шудаанд, агар онҳо ихтиёран ба ватан баргашта, ба ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнот диҳанд, парвандаҳои нисбати онҳо мавҷуд ҷиноӣ боз карда намешавад. ”

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд

Ҷаноби Қурбонзода вале афзуд, ки агар ба шарте ки: “Дар кирдори чунин ашхос аломатҳои таркиби ҷинояти дигар вуҷуд надошта бошад. Масалан, агар як нафар узви Ҳаракати исломии Туркистон (ҲИТ) бошаду ҳамзамон ҷиноятҳои дигаре, мисли роҳзанӣ ё ғоратгарӣ дошта бошад, дар чунин маврид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба вай парвандаро қатъ карда наметавонад. ”

Вай гуфт, додситонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд дастур додааст дар мавриди тасдиқ шудани аъмоли чунин ҷавонон дар хориҷа, аз ҷумла иштироки онҳо дар ҷанги Сурия нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Додситони Суғд дар зимни посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё мақомоти додситонӣ дар бораи ҷавонони ширкатгари ҷанги Сурия маълумоте дар даст доранд ва ҷиҳати баргардонидани онҳо ба Ватан чӣ иқдомҳое рӯи даст гирифтаанд, чунин даъват кард.

Бино ба гуфтаи додситонӣ, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи хурде аз ҷавонони Суғд низ иштирок мекунанд. “Мо маълумотҳое дар даст дорем, ки ин ҷавонон дар Сурия дар ҷангҳо иштирок доштаанд. Як ҷавон аз шаҳри Истаравшан ба ин гумон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Мақомот иштироки чанд ҷавони дигарро дар ҷанги Сурия низ ошкор сохтанд,” – афзуд додситони Суғд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти 12 ҳизбу ҳаракат, аз ҷумла “ҲИУ”, “Ҳизб – ут –таҳрир” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳ” –ро террористӣ дониста, бо қарори худ фаъолияти онҳоро дар қаламрави кишвар манъ кардааст.

Ин барои бори нахуст як мақоми тоҷик бо ваъдаи раҳоӣ аз таъқиб ҷавононро ба даст кашидан аз фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ даъват мекунад.

Улмаси Одил, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ин ба ҷавононе, ки ба роҳи хато рафтаанд, шонс медиҳад, ба роҳи ислоҳ баргарданд: “Ин даъват аз ҷониби додситони вилояти Суғд бисёр муҳим ва саривақтӣ буд. Чунки даҳҳо ҷавононе ҳастанд, ки аз ноогоҳӣ, надониста ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайваста, дигар намедонанд, чӣ тавр ин бор сангинро аз дӯши худ канор афкананд ва ба зиндагии одӣ баргарданд. Бад-ин васила метавонем ин гуна ҷавононро аз роҳи хато бозгардонем ва ба ватан орем.”

Ҳамин тавр, ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Комил Шукуров, як сокини ҷавони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ахиран аз Сурия ба Тоҷикистон баргашта, ихтиёран худро ба мақомот таслим кардааст. Вай шоми 4 июл дар барномаи таҳиякардаи ин ниҳод дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон кард, аз хато ва надонистан ба Сурия рафта буд, вале чун дид, ӯро ба ҷанг дар он кишвар ташвиқ кардаанд, пушаймон шуда, баргашт.

Ба гуфтаи додситонии Суғд, дар 6 моҳи аввали соли равон дар ин минтақа 14 парванда алайҳи 23 узви фаъоли ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва террористии “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҳизб-ут- Таҳрир”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мавриди тафтиш қарор гирифта, ба додгоҳҳо ирсол шудааст. Бархе аз ин афродро додгоҳ ба муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристодааст.

Соли равон манобеъи интернетӣ ва мақомоти Тоҷикистон аз кушта шудани ҳадди ақал ду ҷавони суғдӣ дар Сурия хабар доданд. Моҳи апрели соли равон вазоратии корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Масрур Иброҳимов, сокини ноҳияи Исфара рӯзи 22 марти соли ҷорӣ ҳангоми набардҳои мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, ҷон бохтааст. Ҳамчунин ахиран дар шабакаи ҷаҳонӣ хабаре дар бораи ҷон бохтани як ҷавон тоҷик аз шаҳри Истаравшан бо ном ё лақаби Абдураҳмон дар ҷанги Сурия нашр шуд. Мақомоти Суғд ҳанӯз шахсияти ӯро эълон накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG