Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Назаров: Ҷангиеро, ки аз Сурия баргашт, ҷавоб додем


Шариф Назаров
Шариф Назаров

Раҳбари идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, ба хотири амнияти Тоҷикистон онҳо омодаанд, шаҳрвандонеро ки аз ҷанги Сурия ихтиёран бармегарданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ накашанд.

Мақомоти корҳои дохилии Суғд мегӯянд, ки баъд аз таҳқиқ гуноҳи ҷавони суғдиеро, ки ихтиёран аз Сурия баргашт, бахшидаанд ва ӯ ҳоло ҳамроҳ бо оилааш ба сар мебарад.

Шариф Назаров, сардори раёсати умури дохилаи вилояти Суғд рӯзи 16 июл дар нишасти хабариаш дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи тақдири Комил Шукуров, ҷавоне аз ноҳияи Спитамен, ки ахиран аз Сурия баргашта, худро ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кард, чунин гуфт: “Таҳқиқ маълум кард, ки вай дигар ҷинояте содир накардааст. Ба Сурия рафта, 4 рӯз меистад ва чун мебинад, ки ӯро ба ҷанг дохил карданианд, ба Тоҷикистон бармегардад ва худро ба мақомоти интизомии ноҳияи Спитамен таслим мекунад. Қонунгузории Тоҷикистон пушаймонӣ ва ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардани ӯро ба назар гирифта, ин шаҳрвандро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намуд ва ҳоло дар назди аҳли оилааш озодона дар маҳали зисташ зиндагӣ карда истодааст.”

Акси силоҳбадастони тоҷике, ки мегӯянд, дар Сурияанд
Акси силоҳбадастони тоҷике, ки мегӯянд, дар Сурияанд

Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, ҳамчунин як ҷавони суғдии дигар аз Туркия занг зада, гуфтааст, ихтиёран аз роҳи сафари Сурия даст кашида, роҳ сӯи Тоҷикистон дорад ва худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим хоҳад кард. Ҷаноби Назаров дар ин бора афзуд: “Ҳамин тавр, бархе ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар аз надонистани қонун ва ислом ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд. Бархе ба мо муроҷиат мекунанд, ки онҳоро бо ваъдаи таҳсилу донишомӯзӣ ба кишварҳои исломӣ бурда, вале он ҷо мехоҳанд ба корҳои дигар ҷалб кунанд. Ва онҳо гурехта ба ватан меоянд.”

Вай афзуд, дар ин гуна мавридҳо тибқи пешбинии қонун, шаҳрванди тоҷики узви ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ дар сурати ихтиёран аз Сурияву дигар кишварҳо баргаштан, қаблан ҷинояте содир накарда бошад, парвандаи алайҳи ӯ қатъ карда мавриди афв қарор мегирад.

Бино ба маълумоти раёсати корҳои дохилии Суғд, дар ҳоли ҳозир 87 сокини шимоли Тоҷикистон ба гумони мансубият ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистии Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ), Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ ва ғайра мавриди ҷустуҷӯ қарор доштаанд. Шариф Назаров гуфт, бино ба маълумоте ки онҳо дар даст доранд, 24 зан ва 34 кӯдаки суғдӣ низ ҳамроҳи шавҳар ё падаронашон “дар урдугоҳҳои террористии кишварҳои хориҷӣ” қарор доранд. Вай аз кишвари мушаххас ном набурд, вале ишора кард, ки бархе аз онҳо дар Сурия паноҳ бурдаанд ва дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад иштирок мекунанд.

Генерал Назаров таъкид кард, ки талошҳои мақомот ҷиҳати ошкор намудану ба ватан баргардонидани ҷавонони тоҷик аз хориҷи кишвар ба хотири таъмини амнияти Тоҷикистон аст. “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои он аз шомил шудан ва фаъолияти ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ пешгирӣ мекунанд, ки онҳо дар сурати беназорат гузоштан ақидаҳои ғайри худро ба сари сокинони ноогоҳ таҳмил карда, боиси барҳам задани оромиву суббот дар кишвар мегарданд. Барои ҳамин, мо бояд онҳоро тарбият намоем, ” - афзуд вай.

Рӯзи 7 июл Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд низ гуфта буд, агар ҷавонони тоҷики шомил ба ҳизбу созмонҳои террористиву эктремистӣ аз амалҳои худ даст кашида, ихтиёран аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргарданд, гуноҳи онҳо бахшида мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия меҷанганд, ҳудуди 200 нафар мегӯянд. Коршиносон фақру бекорӣ ва маҳдуд шудани озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистотнро аз омилҳои асосие мешуморанд, ки атбои Тоҷикистонро ба “ҷиҳод”-ҳои бегона тела медиҳад. Аммо мақомот мегӯянд, бояд ин шаҳрвандонро бо ҳар роҳе, аз ҷумла бо пешниҳоди афв аз он ҷабҳаҳои ҷанг баргардонд, зеро онҳо метавонанд ба як василаи густариши ақидаҳои тундрави мазҳабӣ, аз ҷумла ақидаҳои ҷиҳодӣ дар Тоҷикистон табдил биёбанд.

XS
SM
MD
LG