Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои муштараки пулиси Тоҷикистону Қирғизистон тавассути гурӯҳҳои сайёр ва пиёдагард аз хатти марзи байни ду кишвар дар минтақаи Суғду Бодканд назорат мебаранд.

Шариф Назаров, сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд рӯзи 22-уми январ дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт, нерӯҳои пулиси тоҷику қирғиз аз ду ҷониби маҳали тирпаронӣ, ки он қаламрави Тоиҷикистон аст, назорат мебаранд. Ба гуфтаи вай, мақомоти марзбонӣ ва пулиси тоҷику қирғиз дар Бодканд ва Суғд робитаи доимӣ доранд ва дар манотиқи наздимарзии Суғд ҳамарӯза ба хотири комилан ба эътидол овардани вазъ ва роҳ надодан ба низоъҳои наздимарзӣ, дидору гуфтугӯ мекунанд.

Ба гуфтаи генерал Назаров, дар ҳоли ҳозир дар манотиқи ҳаммарз бо Қирғизистон, ба хусус дар мавзеъҳои Ворух, Хоҷаи Аъло, Чоркӯҳ ва манотиқи дигари марзӣ вазъ ором аст.

Зӯҳри 11-уми январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол эълон кард, ки марзаш бо Тоҷикистонро то анҷоми таҳқиқи қазияи ахир мебандад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД.

XS
SM
MD
LG