Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсояҳо: "Пулис хонаи тиллофурӯшҳоро се моҳ посбонӣ кард"


Хонаи Бобоевҳо.
Хонаи Бобоевҳо.

Ҳамсояҳои хонаводаи Бобоевҳо мегӯянд, ин шева, ки пулис фарзияҳои куштори ин хонаводаро эълон намекунад ва намегӯяд, ки касеро боздошт кардааст ё не, тарсу ҳаросро бештар мекунад.

Рӯзи сешанбеи 8 октябр, замоне, ки мо дар пайи даёфти хабари тоза аз ин қазияи пурсару садо ба ноҳияи Ғафуров рафтем, дари хонаи Бобоевҳо ҳамчунон қуфл зада буд.

Ҳудудан чаҳор моҳ пеш афроди ношиноси мусаллаҳ аз болои девор ба манзили зисти Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори шаҳраки Бобоҷон Ғафуров ворид шуда, бо истифода аз силоҳи Калашников соҳиби хона, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, духтари 16-солаи онҳо Рухшона Бобоева ва писари ин хонадон, Сӯҳроб Бобоеви15 соларо ба қатл расониданд.

Ҳамлаварон фарзанди дигари ин хонавода Санҷарбек Бобоеви 6-соларо дар ҳаммоми манзил маҳкам карда, сандуқи оҳанини Бобоевҳоро шикастанд ва тахминан ба маблағи 30000 доллар ҷавоҳироти тиллоиро бо худ бурданд. Ба гуфтаи мақомоти милиса, ғоратгарон баъди ин, бо мақсади рӯйпӯш намудани амали худ манзили Бобоевҳоро оташ заданд, ки дар натиҷа Санҷарбеки 6 сола аз дуди оташ низ ба ҳалокат расид.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим


Чанд сокини ин маҳал дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки дар бораи натиҷаи таҳқиқи ин ҳодиса то имрӯз чизе намедонанд. Мавлуда ном ҳамсояи Бобоевҳо дар сӯҳбат бо Озодӣ чунин гуфт, ки ин ҷо, назди хонаи Бобоевҳо тахмин 3 моҳ милисаҳо посбонӣ мекарданд: "Аммо ба ҳар ҳол тарс дорем. Шабона тамоми дарҳоямонро қулф зада хоб мекунем.”

Ба гуфтаи ин ҳамсоя, оилаи Бобоевҳо 6 - 7 сол пеш аз канори ин маҳалла замин гирифт ва хона бунёд кард. "Хонаашонро бинед, ин қадар бой набуданд онҳо. Акаи Аҳмадҷон дар тӯйҳо видео мебардошт, ҳамсараш муаллима буд.”- мегӯяд ин ҳамсоя. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, солҳои охир зану шавҳар ба тиҷорати хурди ороишоти тиллову ҷавоҳирот машғул буданд.



Мӯниса Зиёхоҷаева, аммаи Ҳаётхон Бобоева дар наздикии хонаи Бобоевҳо дар як бинои дуошёна зиндагӣ мекунад. Ӯро ҳамроҳи як ҳамсояаш назди хонаашон пайдо кардем, ки болои кат кӯрпа медӯхтанд. Мӯниса Зиёхоҷаева гуфт, ки онҳоро ба мақомот даъват карда пурсу пос кардаанд. "Ҳамин. Дигар намедонам. Чунки ман аз хона ҳеҷ куҷо намеравам. Шавҳарам бемор, танҳо монда намешад,” - мегӯяд Мӯниса Зиёхоҷаева.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, оилаи Бобоевҳо як оилаи миёнаҳол буд, онҳо бо ҳамсояҳояшон муносибати хеле хуб доштаанд ва касе муомилаву рафтори дуруште аз онҳо надида будааст. Қатли ин хонавода қалбҳои сокинони маҳалларо такон додааст, ки то то ҳол ба худ наомадаанд.

Дар бораи куштори аҳли хонаводаи Бобоевҳо додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз карда, як гурӯҳи махсуси тафтишоти фаврӣ ба тафтиши ин ҳодиса машғул аст.

Мақомоти интизомӣ эълон карда буданд, барои касоне, ки қотилонро ошкор мекунанд, ва ё барои кушодани ин ҷиноят мусоидат мекунанд, 30 000 доллари амрикоӣ мукофот таъин шудааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи июн дар зимни мулоқоташ бо раҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар Хуҷанд ба ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти шаҳрвандон таъкид карда буд, тамоми нерӯву имконоти худро ба кор баранд ва қотилони оилаи Бобоевҳоро ошкор ва дастгир кунанд. Коре ки то ҳол ба мақомоти ин вилоят муяссар нашудааст.
XS
SM
MD
LG