Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти умури дохилаи Суғд мегӯянд, тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар саросари ин вилоят як машқи нақшавист ва набояд мояи сарусадоҳои беҳуда шавад.

Шаби гузашта дар атрофи шаҳрҳои асосӣ ва марказҳои навоҳии вилояти Суғд посгоҳҳои зиёди милиса ва дигар мақомоти интизомӣ гузошта шуда буд. Шоҳидон мегӯянд, дар ин посгоҳҳо асноди тамоми ронандагон ва мусофирони онҳо ва ҳамин тавр бордону бағоҷи мошинҳоро мӯшикофона тафтиш мекарданд. Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, ӯву ду ҳамкорашро, ки соати 23-30 аз кор бармегаштанд, дар шаҳри Истаравшан аз мошин фароварда, пурра кофтукоб кардаанд.

Раҳимҷон Абдувалиев, сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, рӯзи 16 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин як машқи нақшавист, ки дар ҷараёни он аз як тараф сатҳи омодагии кормандони мақомоти интизомӣ ба ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуд. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи оқои Абдувалиев, ин амалиётҳо барои таъқиби афоде, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд, ва ҳам барои ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ кумак мекунанд.

Раҳимҷон Абдувалиев гуфт: “Ин як машқи нақшавӣ буд, ки тибқи нақшаи вазорати корҳои дохила ҳар сол гузаронда мешавад. Ин ба хотири профилактика буд, ҳамчунин нафарони ҷустуҷӯшавандаро мекобем. Чандин маст дастгир шуд, чанд ронанда бе ҳуҷҷат ба даст афтод. Чандин қонуншикании дигар ҳам ошкор карда шуд.”

Сардори ситоди раёсати корҳои дохилии Суғд овозаҳои пайдошуда дар бораи гӯё дар пайи ҳамлаи як нафари ношинос ба посгоҳи милиса дар ноҳияи Шаҳристон ва кашида гирифтани силоҳи як афсари милиса сурат гирифтани афзоиши тадбирҳои амниятии ахирро рад кард. Абдувалиев гуфт, ин овозаҳо ягон воқеъият надоранд, балки тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар саросари вилояти Суғд мисли айни санҷиши сатҳи омодагии мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахт аст, ки дар моҳи январ низ мояи сарусадоҳои мухталиф шуда буд.

Рӯзи 24 январ дар пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии атрофаш чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд. Дар пойтахт кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар назди биноҳои муҳими давлатӣ ва ҷодаҳои пуриздиҳом, назар ба рӯзҳои гузашта бештар ба назар мерасид. Шоҳидон мегуфтанд, бархе аз афсарони милиса силоҳ дар даст кӯчаҳои Душанберо назорат мекарданд.

Аз шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳам гуфтанд, ки рӯзи 24 январ тадобири амниятӣ шадидтар шуда ва дар даромадгоҳҳои бархе шаҳру навоҳӣ, посгоҳҳои иловагӣ гузоштаанд.

Бори охир чунин тадобири шадиди амниятӣ моҳи сентябри соли 2015 дар остонаи нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар шаҳри Душанбе ва дар рӯзҳои амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда буд.

Табъан ҳузури назар ба рӯзҳои маъмулӣ бештари афсарони милиса дар кӯчаҳову ҷодаҳо ва тақвияти посгоҳҳо дар атрофи пойтахт мояи нигаронӣ ва ташвиши сокинон гардид. Аммо масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзе баъд чораҳои шадиди амниятӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари кишварро танҳо санҷиши сатҳи омодагии нирӯҳои интизомӣ номида, аз сокинон хостанд, ки дар ин замина нигарон набошанд. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода рӯзи 25 январ аз ҷумла гуфт, ки “ин танҳо як тамрин буд. Ягон асос барои нигаронӣ вуҷуд надорад.” Аммо оқои Раҳимзода гуфт, чунин машқҳо “вобаста ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ аст ва бояд мақомоти қудратӣ ба ҳамагуна вазъият омода бошанд.”

Аммо машқҳои нақшавии нирӯҳои интизомии Тоҷикистон, ки ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз ошӯби мусаллаҳонаи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва дар пасманзари нигарониҳои афзоянда аз афзоиши хатари гурӯҳҳои ифротгаро аз самти Афғонистон сурат мегиранд, дар дили сокинон таҳлука эҷод мекунанд. Дар маҳофили Тоҷикистон мегӯянд, мақомот бояд бо дарназардошти ҳассосияти вазъ сокинонро аз баргузории чунин машқҳо аз қабл огоҳ кунанд ва бо ҳамин пеши роҳи ҳар гуна овозаву таҳлукаро бигиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG