Пайвандҳои дастрасӣ

Фолбинҳову ҷодугарҳоро дар Суғд рӯйхат мекунанд


Навбати пушти дари як фолбин. Акс аз бойгонӣ

Навбати пушти дари як фолбин. Акс аз бойгонӣ

Масъулони бахши Кумитаи дин дар вилояти Суғд рӯйхати фолбинҳо ва ҷодугаронро омода намуда, кору фаъолияти онҳоро ҳамроҳи пулис зери назорат гирифтаст.

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи дин ва танзими маросиму анъаноти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар ин вилоят 179 нафар ба фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ ва танҳо ду нафар ба ҳайси “табиби халқӣ” бо иҷозаномаи Вазорати тандурустӣ расман фаъолият доштааанд.

Суҳроб Рустамов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ин бахш гуфт, онҳо ин афродро номнавис карда ва дар ихтиёри пулиси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузоштаанд, то ки кору фаъолияти фолбинҳоро зери назорати доимӣ бигиранд. Вай афзуд, “Баъди огоҳонидан ва зери назорат гирифтани пулис фаъолияти аксари ин 179 нафар, ки бидуни иҷозаномаи Вазорати тандурустӣ ва ғайриқонунӣ сурат мегирифт, қатъ гардид. Дар ҳолати идомаи фолбинӣ мақомоти пулис онҳоро ҷарима мебандад.”

Фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар Тоҷикистон соли 2007 расман мамнӯъ шуда,дар сурати ошкор шудани ин гуна фаъолият тибқи банди 482 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 40 то 100 нишондиҳандаи ҳадди ақал ё аз 1 ҳазор 600 то 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

Президенти Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта хостори шадид кардани муҷозот ба фолбинҳо ва сеҳру ҷодугарон шуд ва иловаеро барои ворид кардан ба Кодекси ҷиноятии кишвар ба баррасии парлумон ирсол кард, ки тибқи он барои сеҳру ҷодугарӣ то ҳафт соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри хабар аз ҷаласаи ҳукумати ин кишвар дар рӯзи 23-уми сентябри соли 2015 навишт, “тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла, ба мӯҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст”.

Рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон амали фолбинҳову сеҳру ҷодугаронро “ҳаром” медонанд ва маҳкум менамоянд. Вале бо вуҷуди манъи фаъолият ва назорату ҷаримабандиҳо бозори фолбинҳо барои бархе сокинон ҳанӯз гарм боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки нархи фолкушоии фолбинҳои маҳаллӣ барои сокинони оддӣ аз 20 сомонӣ сар шуда, арзиши “бахткушоӣ” - ву гармкунӣ ва дигар хидматҳо аз 100 сомонӣ бештар аст.

Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ дар шимоли Тоҷикистон танҳо 4 нафар иҷозаномаи Вазорати тандурустӣ дар даст дошта ва ба ҳайси “табиби халқӣ” ё бо усули ғайрианънавӣ ба табобати сокинон машғуланд. Собир Нуралиев, мутахассиси хадамоти назорати давлатии тиббӣ дар назди раёсати тандурустии Суғд дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки табибони халқӣ умдатан бо се усул : гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ ва масҳ табобат мекунанд ва тибқи муқаррарот, иҷозаномаи ҳаққи табобати сӯзандармониро танҳо табибони дорои ин гуна ихтисос ва маълумоти олӣ ба даст оварда метавонанд. Вале табибони халқии гиёҳшинос бо маълумоти миёна низ дар сурати соҳиби иҷозаномаи Вазорати тандрустиро соҳиб шудан расман фаъолият мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG