Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду масъули зиндони Хуҷанд барои фирори се маҳбус. ВИДЕО


Ҳабибулло Воҳидов

Ҳабибулло Воҳидов

Мақомоти додситонии Суғд мегӯянд, ки дар робита ба фирори се маҳбус аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд ду масъули ин муассисаи ислоҳӣ боздошт шуда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи "хунукназарӣ" парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст. Ҳабибулло Воҳидов, додситони Суғд, 15 июл гуфт, ин афрод ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор доранд, вале ҳозир нашуд ному насаби онҳоро ошкор кунад.

Воҳидов афзуд, "тафтиши аввалияро дар мавриди фирори се маҳбус мо анҷом дода будем. Ҳоло тафтиши қазияро Додситонии кулли Тоҷикистон ба ихтиёри худ гирифтааст ва ҷузъиёти бештарро онҳо медонанд."

ВИДЕО ДАР ИНҶОСТ:

Дар ҳамин ҳол, манобеи наздик ба тафтишот, рӯзи ҷумъа ба Озодӣ гуфтанд, ки яке аз боздоштшудаҳо Диловар Арабов – сардори зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд – буда, дар ҳабси пешакӣ дар СИЗО-и рақами 2 ба сар мебарад. Иттилое, ки то кунун мақомоти расмӣ дар Хуҷанду Душанбе таъйид накардаанд.

Фирори се маҳбус аз муассисаи ислоҳии рақами 3/3 дар Хуҷанд шаби 17 ба 18 июн рух дод. Дар он ҳодиса яке аз зиндониён Мирзозариф Қаюмов кушта шуда, Ҳабибҷон Юсуфов боздошт гардид ва бо вуҷуди захмӣ шудан Рамзуллохон Додохонов фирор кард. Баъд аз ду рӯзи ин ҳодиса мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи “безарар гардонда шудани Додохонов” хабар доданд. Ба иттилои мақомот, Ҳабибҷон Юсуфов низ дар бемористон ҷон додааст.

Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ низ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов, ки ҳангоми фирор кушта шуд, низ аз шаҳри Хуҷанд буда, бино ба маълумоти вазорати корҳои дохила, “барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта” ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар ҳодисаи фирори се зиндонӣ дар Хуҷанд Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар ин маҳбас кушта шуд.

Рӯзи 12 июли соли ҷорӣ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба Суғд аз зиндони рақами 3/3-и Хуыанд дидан кард. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки Раҳимзода ба ин муассисаи ислоҳӣ дастгоҳҳои диди муқаррарӣ ва дар торикиро додааст. Ҳамин манбаъ мегӯяд, ҳамчунин барои идомаи корҳои таъмиру азнавсозии ин маҳбас аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба ҳайси ёрӣ маҳсулоти сохтмонӣ, мисли сементу чӯбу тахта расонда шуд.

Фирори се маҳбус аз зиндони рақами сеи Хуҷанд нахустин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон нест. Дар моҳи августи соли 2010 25 маҳбус, ки аксар ба даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва қасди ошӯб алайҳи давлат айбдор мешуданд, аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фирор карданд.

Амалиёти таъқиби ин маҳбусони фирорӣ, ки дар байни онҳо аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд, чанд моҳ тӯл кашид. Ин қазия дар ниҳоят сабаби барканории раиси Кумитаи амният Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинонаш шуд.

XS
SM
MD
LG