Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Суғд: Мушкилот бо гуфтушунид бояд ҳал шавад (ВИДЕО)


Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд гуфт, мушкилоти марзӣ, аз ҷумла таниши ахир бо Қирғизистон танҳо бо роҳҳои сиёсӣ метавонанд ҳал шаванд.

Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 21 январ дар нишасти хабариаш гуфт, баста шудани марз аз ҷониби Қирғизистон ба иқтисоди Суғд ва Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расонд, вале ҳукумат барои коҳиши зиёни иқтисодии мардум ҳар лаҳза талош дорад.

Яке аз рӯзноманигорон дар нишаст гуфт, сокинони Ворух ва Хоҷаи Аъло аз он ки онҳоро ба ҳоли худ вогузор кардаанду “вакилону вилоят” хомӯшанд, нигаронанд. Қодирӣ дар посух гуфт: “Тоҷикистон мехоҳад қазияи марзӣ бо Қирғизистон бо роҳи гуфтушунид ҳал шавад."

А.Қодирӣ дар бораи таниши марзӣ бо Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00
Линки мустақим

Раиси вилояти Суғд таъкид кард, Тоҷикистон тарафдори бад шудани муносибат бо Қирғизистон нест ва ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал шудани он аст: “Сарҳадро ҳам мо набастем ва умедворем ба зудӣ ин баҳс ба таври мусбат ҳал мешавад. Ин вазъ ба назари ман, дер давом нахоҳад кард ва муносибатҳои ҳамсоягӣ ба маҷрои пештараи худ хоҳад баргашт. Чунки халқҳои ҳамсоя мехоҳанд, ки байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳамсоягӣ ва муносибатҳои дӯстона бошад ва низоъ умуман даркор нест.”




Оё баста шудани марзи Қирғизистон ба тоҷироне, ки аз Бишкек ва аз Чин тавассути Бодканд молу коло меоранд, зиёни молӣ намерасонад ва дар пайи боло рафтани нархи молҳо дар бозорҳо нахоҳад дошт? Ҷаноби Қодирӣ дар посух ба ин саволи Озодӣ дар нишасти хабарӣ рӯзи душанбеи 21 - уми январ чунин гуфт: “Асоси баланд шудани нархҳо сӯзишворӣ аст. Аммо аз он ки сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон бе боҷи гумрукӣ ворид мешавад, нархи он назар ба минтақаҳои сарҳадии Қирғизистон, Исфанаву Сулуктаву Андарак дар мо арзонтар аст. Ва ҳоло нархи як литри бензини навъи 92 дар минтақаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон ҳудуди 4,5 сомонӣ аст. Бо вуҷуди ин ман раисони 5 шаҳру ноҳияҳои наздимарзии вилояти Суғдро даъват карда гуфтам, ки аз баланд шудани нархи маҳсулот дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ ҳар соат бохабар бошанд. Ва дар сурати қиматӣ мо аз Хуҷанд ёрии молӣ мерасонем.”

Ба гуфтаи ҷаноби Қодирӣ, мақомот зимоми нархи наво ва дигар маводи аввалияи рӯзгор дар маминтақаҳои наздисарҳадӣ, дар навбати аввал – Ворух ва Хоҷаи Аълоро дар пайи раҳбандии Қирғизистон ба даст гирифтааст ва дар сурати болоравӣ бо ироаи ёриҳои молӣ нархро танзим ва мушкилро бартараф хоҳанд кард.

“Мо мехоҳем бо Узбакистон муносибати ҷиддии хуб дошта бошем!”

Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ ба масъалаи муносибат бо збакистон: ҳамсоякишвари дигари Тоҷикистон низ дахл кард ва гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани муносибатҳои хубу ҷиддӣ бо ин кишвар аст. Вай чунин гуфт:

“Аслан мо намехоҳем муносибатамон бо ягон кишвари ҳамсоя бад шавад. Мо мехоҳем бо Узбакистон муносибати ҷиддӣ дошта бошем. Ман ба мақомоти масъул гуфтам, ҳама ҳамсояҳоямон, узбакҳо, қирғизҳоро ба Иди Наврӯз хабар кунед. Беҳтарин даъватномаҳо фиристед. Меҳмононеро, ки қдам ранҷа карда меоянд, мо бо дастархони наврӯзӣ қабул мекунем ва бо тӯҳфаҳо гусел мекунем. Ин ҷанҷолҳо мегузаранд, ардо боз ҳамон дӯстиву рафоқат мемонад.”

Зокиров: "Изҳоротҳои яктарафа ба нафъи кишварҳо нест"

​Таниши марзӣ бо Қирғизистон рӯзи 21 январ дар нишасти хабарии Кумитаи замин низ аз мавзӯъҳои асосӣ буд. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, дар масъалаи минтақаҳои баҳснок, ки мавриди гуфтугӯи кишварҳо аст, набояд изҳоротҳо яктарафа бошанд.

Маҳмадтоҳир Зокиров рӯзи сешанбеи 21-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "қитъаи замине, ки ахиран боиси муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон гардид, бар асоси ду ҳуҷҷате, ки дар даврони Шӯравии пешин ба имзо расидаанд, минтақаи баҳснок мебошад."

Маҳмадтоҳир Зокиров.
Маҳмадтоҳир Зокиров.
Ҷаноби Зокиров афзуд, ки "Комиссияи муштараки масоили марзӣ ва байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, тибқи ду ҳуҷҷат, ки яке солҳои 1924 - 1927 ва дигаре соли 1989 ба имзо расидааст, масоили демилитатсия ва демаркатсияи марзро баррасӣ доранд ва набояд изҳоротҳо дар ин мавзӯъ яктарафа бошад."

Ба таъкиди ҷаноби Зокиров, бар асоси ин ҳуҷҷатҳо, масъалаи демилитатсия, яъне навиштаҷоти марзи зиёда аз 500 километри ду кишвар анҷом шудааст, аммо ин минтақаҳои баҳснок мебошанд.

Ба ин далел, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти ҳар ду кишвар бар асоси ин ҳуҷҷатҳо кор бурда истодаанд ва минбаъд масоили мавриди назаррро ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мегӯяд, бо ҷониби Узбакистон, 90 км минтақаи марзии баҳсӣ боқӣ мондааст. Маҳмадтоҳир Зокиров афзуд, ки Комиссияи муштараки масоили марзӣ ташкил шудаст ва соли ҷорӣ низ фаъолияти ин комиссия идома пайдо мекунад ва масоили баҳснокро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
XS
SM
MD
LG