Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси вилояти Суғд - дар пахтачинӣ


Волии Суғд Абдураҳмон Қодирӣ рӯзи 18 октябр худаш ҳам дасту остин барзада, дар қатори садҳо нафари дигар барои пахтачинӣ ба саҳро баромадааст.

Рӯзи 18 октябр беш аз 600 корманди маъмурияти вилояти Суғд, адибон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву аҳли матбуоти ин вилояти шимоли Тоҷикистон ба хотири кумак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мавсими пахтачинӣ дасту остин барзаданд. Дар гузориши сомонаи расмии ҳукумати Суғд гуфта мешавад, ки раҳбарони вилоят ва намояндагони ҷомиа дар чидани “тилои сафед” ба деҳқонони бригадаи рақами 20-уми ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумак кардаанд. Дар байни “ёрдамчиён” раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ будааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки “раиси вилоят ба зарурати истифоаи ҳар рӯзи офтобӣ барои кумак ба деҳонони вилоят дар амри саривақт ҷамъ овардани ҳосили пахта, ки ашёи хоми стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, таъкид кард.”

Гуфта мешавад, ки ба ҳар килои пахтаи чидашуда ба ёрдамчиён 70-дирамӣ ҳақ дода шуд. Дар поёни рӯз ба беҳтарин ёрдамчиён аз номи ҳукумати вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ низ дода шудааст. Вале дар гузориш наомадааст, ки оё худи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ чанд кило пахта чид ва чанд пул гирифт.

Вилояти Суғд баъд аз Хатлон дувумин вилояти бузурги пахтакори Тоҷикистон ба шумор меравад. Имсол ин вилоят ҷамъоварии 115 000 тонна пахтаро дар нақша дорад. То 17 октябр дар Суғд беш аз 76 000 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Нақшаи имсолаи пахта дар саросари Тоҷикистон 390 000 тонна муқаррар шудааст, ки бояд аз 210 000 гектар майдони кишти пахта ҷамъ биояд.

Истифодаи меҳнати идораҳову корхонаҳои шаҳр дар мавсими пахтачинӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари пахтакори Осиёи Марказӣ як анъанаест, ки аз даврони Шӯравӣ ба мерос мондааст. Дар замони Шӯравӣ, ки нақшаи пахтаи Тоҷикистон 900 ҳазор тоннаро ташкил медод, дар мавсими пахтачинӣ қариб тамоми корхонаҳои саноатӣ, донишгоҳҳову омӯзишгоҳҳо ва идораҳои давлатӣ маҷбур буданд, худро дар ин шабу рӯз ба кумаки деҳқонон бирасонанд.

Аммо баъди суқути Шӯравӣ ва коҳиши майдони кишти пахта дигар ҷалби мардуми шаҳр ба пахтачинӣ низ башиддат коҳиш ёфта, дар солҳои охирн қариб мушоҳида намешуд. Акнун, тавре ба назар мерасад, дар вилояти Суғд мехоҳанд ин анъанаро зинда кунанд.

XS
SM
MD
LG