Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Суғд раиси ФФС шуд


Абдураҳмон Қодирӣ
Абдураҳмон Қодирӣ

Раиси вилояти Суғд дар анҷумани айринавбатии интихоботии Федератсияи футболи вилояти Суғд (ФФС) раҳбари ин иттиҳодияи варзишӣ интихоб шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи ин вилоят интихоб шуд. Ин тасмим дар конфронси ғайринавбатии интихоботии Федератсияи футболи вилояти Суғд (ФФС), ки рӯзи 22-юми июл дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид, гирифта шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон номзадии Абдураҳмон Қодириро ба вазифаи раиси ФФС Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ пешниҳод кардааст. Раҳбари пешини ФФС Рустами Раҳматулло, ки ба ин вазифа моҳи марти соли равон интихоб шуда буд, бинобар ба кори дигар гузаштанаш ин мансаб даст кашидааст.

Федератсияи футболи вилояти Суғд соли 1992 таъсис ёфтааст. Дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон имсол аз ин вилоят се даста - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Далерон -Ӯротеппа»-и шаҳри Истаравшан ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат доранд.

Баъди анҷоми давраи аввали мусобиқа «Парвоз» бо 16 имтиёз аз 9 бозӣ пас аз «Истиқлол»-и Душанбе (25 имтиёз) ва «Хайр»-и Ваҳдат (16 имтиёз) дар ҷойи севум қарор дорад. «Хуҷанд» бо 15 имтиёз дар ҷойи чорум ва «Далерон-Ӯротеппа» бо 12 имтиёз дар ҷойи ҳафтум мебошанд.

Аз соли 2013 дар вилояти Суғд мусобиқаи минтақавии лигаи аввал баргузор мешавад, ки дар он имсол 12 даста ширкат дорад. Давраи аввали мусобиқа бо пирӯзии дастаи “Исфара”-и шаҳри Исфара ба анҷом расид. Футболбозони Исфара бо 31 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтаанд. Тими ”Эсхата”-и Хуҷанд бо 27 имтиёз дар мақоми дувум ва дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо 23 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG