Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми бастани "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" бетағйир монд


Моҳинисо Ҳорисова ва Бахтиёр Насруллоев

Моҳинисо Ҳорисова ва Бахтиёр Насруллоев

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 30 апрел қарори додгоҳи Хуҷанд дар мавриди барҳам додани Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро таъйид кард

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 9 январ фаъолияти ин марказро барҳам дод, вале раҳбари ин созмони ғайридавлатӣ ба ҳайъати кассатсионии додгоҳи вилоят шикоят бурд. Моҳинисо Ҳорисова, раҳбари маркази “Ҷомеаи шаҳрвандӣ” ва вакили дифоъ Бахтиёр Насруллоев баъд аз эълони ҳукми имрӯза ба Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳукмнро қабул надорад ва дар зинаҳои болотари додгоҳӣ бароилағваи он талош хоҳанд кард.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аз 19 ноябри соли 2012 ба муҳокимаи қазияи Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» пардохта, ҳукмашро рӯзи 9 январ эълон кард. Додгоҳ ин созмонро дар ду мавриди нақзи қонун айбдор донист.

Моҳинисо Ҳорисова, раиси “Ҷомиаи шаҳрвандӣ” иттиҳомоти эълоншударо чунин шарҳ дода буд: “Дар айбномаи аввал масъала сари суроға аст. Вақте мо аз қайди давлатӣ гузаштем, суроғаи мо кӯчаи Ленин буд, вале ҷои аслии нишасти мо ҳоло хиёбони Раҳмон Набиев аст. Мо дар ин ҷо беш аз панҷ-шаш сол кор мекунем ва ҳар вақте ки ба Раёсати адлияи вилояти Суғд ҳисобот пешкаш мекунем, маҳалли воқеии кори худро ҳам дар он санадҳо пешкаш мекунем. Аз рӯи қонун ҳам, ширкату созмонҳо бояд адреси воқеӣ ва ҳуқуқиро зикр кунанд. Аммо ин боис намешавад, ки як корхона барои нав кардани суроғаи кориаш барҳам дода шавад. Шояд бо гузашти вақт, ин созмон аз қимати иҷора норозӣ шуда хоҳад, ки дар маҳалли дигар дафтареро иҷора гирад.”

Иттиҳоми дувум марбут ба даъвои дигари Раёсати адлияи вилояти Суғд будааст, ки гӯё Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳайати раёсати худро тасдиқ накардааст. Раиси ин марказ гуфт, ки раёсати ин созмон соли 2008 тасдиқ шуд ва то имрӯз ду узви солхӯрдаи ин раёсат даргузаштанд: «Бо ин сабаб, мо онҳоро аз узвияти раёсат хориҷ кардем. Вақте адвокати мо дар додгоҳ инҳоро собит карду гуфт, ки ин айбмониҳо сабаби барҳам хӯрдани созмон намешавад, боз ҳам додгоҳ барои бастани маркази мо ҳукм кард».

Ба дунболи эълони ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар шӯъбаи бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятии Раёсати адлияи вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки созмони "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" дар асоси дархости ин раёсат баста шудааст. Манбаъ аз Раёсат изҳор дошт, ки далелҳои басташавии ин созмон дар аризаи даъвогӣ ба додгоҳ зикр шудаанд ва ин иқдом "ягон ангезаи сиёсӣ надорад".

Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» соли 2001 бо мақсади боло бурдани донишҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии сокинони Тоҷикистон таъсис шуда, бо ҷалби раҳбарони ҳизбҳои сиёсии фаъол дар вилояти Суғд солҳои охир ба баргузории интихоботи шаффофу қонунӣ ва тағйири қонуни интихоботи президентӣ ва парлумонии Тоҷикистон даъват мекард. Моҳинисо Ҳорисова мегӯяд, мутмаин аст, ки тасмими додгоҳ ангезаҳои сиёсӣ дошта, мақомот мехоҳанд дар соли интихоботи президентӣ аз фаъолияти як созмони ислоҳталаб ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG